Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

22.01.200108:12

Толибилмони тоҷик дар Москва шарафи Тоҷикистонро баланд бардоштанд

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 нафар толибилмони тоҷик, ки ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ мебошанд, дар олимпиадаи 12-уми байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, кидар шаҳри Москва доир шуд, иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Онҳо бо савияи баланди донишу малакаи худ дар миёни хонандагони дигар кишварҳои ҷаҳон шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Олимпиада рӯзҳои 22 -29 июн дар Донишгоҳи давлатии забони русии ба номи Алексей Пушкини шаҳри Москва баргузор гардид. Дар олимпиада аз 36 давлати ҷаҳон талабаҳо иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки толибилмони тоҷик дар олимпиада муддати панҷ рӯз аз фаннизабони русӣ ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ имтиҳон супорида, ба комёбиҳои беназир соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, се нафар талаба ҷойи аввал, 2 нафар ҷойи дуюм ва4 нафар ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 7-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 15-и шаҳри ДушанбеРустам Кенҷаев дар доираи барномаи таълимии синфҳои 9 ва 11 ғолиби мутлақи олимпиада дониста шуд.

Дар робита, 1 июл вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ мулоқот кард.

Назар ба иттилоисардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, вазири маорифи ҷумҳурӣ ба ғолибон тӯҳфаҳо супорида, ба онҳо барои идомаи таҳсилашон дар донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ комёбиҳо таманно кард. Бояд зикр кард, ки 9 нафар ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ хатмкунандагони синфи 11 ва 1 нафараш хонандаи синфи 7 мебошанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00