Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.01.200111:12

Чашмандоз

           Шарҳи матбуот

           Панҷшанбе, 3 июл. АМИТ «Ховар»

            Бурҳониддин Каримзода

Барқ,таъмини амнияти энергетикӣ, масъалаҳои вобаста ба об ин дафъа дар матбуоти тозанашр дар мадди аввал меистад. Албатта ин вобаста аст ба рӯйдодҳои наве,ки ахиран дар ҷумҳурӣ ба амал омад. Ин мавзӯъҳо дар тамоми рӯзномаю ҳафтаномаҳо матраҳ шудааст.

Ба кор даромадани агрегати навбатии НБО-и Сангтуда-1»-ро рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Намунаи олии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия» номидааст. «Баҳрабардорӣ аз имкониятҳои гидротехникии мамлакат ба самти асосии сиёсати умумимиллӣ табдил ёфтааст, ки шароити зиндагӣ ва некӯаҳволии ҳар кадоми мо ба натиҷаҳои он вобаста мебошад. Дар ин маврид эҳсосотихудпарастии миллӣ ба Тоҷикистон бегона аст» - таъкид шудааст дар матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Сангтуда-1», ки рӯзнома онро пурра нашр кардааст.

«Бо эътимод метавон гуфт, ки ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ва беназири Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самараи нек ба бор меоварад ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ бирасад ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб

боло равад»- зикр ёфтааст дар гузориши Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат дар рӯзномаи «Садои мардум».

«Президенти ҷумҳурӣ аз камшавии оби пиряхҳо дар обанборҳои Тоҷикистон, хушкшавии заминҳои ҳосилхез, кам гардидани масоҳати кишти заминҳои корам аз нарасидани захираҳои обӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки бояд кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ моро дуруст фаҳманд» - қайд шудааст дар гузориши хабарнигори «Нигоҳ» ва дар як бахши дигар посухи коршиносонро ба суоли «Сангтӯда-1» то куҷо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин карда метавонад?» дарҷ кардааст.

«Дар сохтмони аср - бетон, металл ва дӯстӣ»- чунин унвон дорад гузориши хабарнигори «Вечерный Душанбе». Дар ҳошияи аввали матолиби навбатии хеш «Азия плюс» ҳам гузоришеро ба табъ расондааст аз ба истифода додани як қатор объектҳо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Воқеан ин мавзӯъ ҳам аз мавзӯъҳои рақами аввали нашрияҳост.

Дар гузориши дар саҳифаи аввали ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп шуда хабар дода мешавад: «Сарвари давлат нахуст дар маросими ба истифода додани як хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Қурѓонтеппа иштирок кард. Ин бинои чорошёна дорои 20 хонаи истиқоматии1,2 ва 3 ҳуҷрагӣ буда, шароити хуби зиндагӣ дорад». Ҳамчунин дар шаҳри Қурѓонтеппа «…Маҷмааи Ваҳдати миллиӣ… Маркази вилоятии озмоишии «Тоҷикстандарт», ки бо техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ташхиси тамоми молу маҳсулот муҷаҳҳаз аст…Маркази ташхису табобатии «Даво» ва Маркази тиббии хусусии «Хатлон» ба истифода дода шуд»

          «Аз сулҳи ба дастовардаи миллати тоҷик ёздаҳ сол сипарӣ гашт. Яъне ёздаҳ сол қабл аз ин халқи баору номус ва сарбаланди тоҷик аввалин хиштҳоикохи бегазандро болои ҳам гузошт, ки имрӯз бо номи Ваҳдат ёд мешавад ва мояи ифтихору сарфарозиҳои тоҷикону тоҷикистониён ба шумор меравад… Танҳо ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлатва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа буда метавонад» -қайд шудааст дар сармақолаи ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдат ҳафтаномаи «Омӯзгор» зери унвони «Шаҳодатномаи таърих» рӯйихати 9 ҳуҷҷати«Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон»-ро,дар саҳифаи аввал пешкаши хонандагон гардондааст.

Дар миёни мавзӯъҳое, ки нашрияҳо мунтазам ба чашм мерасад ин «Ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ» аст. Зери рубрикаи «1150 солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ» нашрияҳо қариб дар ҳар як шумора мақолаҳоро ба табъ мерасонанд. Дар ин робита мақолаи Қиёмиддин Сатторӣ зери унвони «Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем» ( ҳафтаномаи «Миллат») қобили таваҷҷӯҳ аст.

Абдурауф Муродӣ тавассути ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар бораи чопи китоби олими пуркор Темур Атахонов, бо номи «Устоди шоирони ҷаҳон» маълумот додааст, ки он ба рӯзгору осори Одамушшуаро бахшида шудааст.

«Вижагиҳоилуѓавии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»- чунин унвон дорад мақолаи пажӯҳишии номзади илмҳои филологӣ Вафо Элбойзода, дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат».«Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз 34 байт, 68 мисраъ ва 502 калима иборат аст, ки дар вазни муҷтаси мусаммани махбуни аслами мусаббаѓ эҷод шуда, аз рукнҳои мафоилун, фоилотун, мафоилун, фаълон иборат аст»- маълумот дода шудааст дар мақола.

Ба муносибати 1150 солагии устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ «…Як гурӯҳ кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонт кори шойистаи таҳсине анҷом доданд. Онҳо аз матбуоти солҳои бистуму сиюми асри бист рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» ва «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Роҳбари дониш» мақолаҳои оид ба забонро гирд оварда, дар шакли як китоби комил пешкаши хонандагон гардонданд» - Дар ин бора муфассалтар мақолаеро аз ҳафтаномаи «Чархи гардун» пайдо мекунед.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1211:59«Запретные плоды» с тремя неизвестными
09.1211:38Реабилитирован экс-руководитель Узбекистана, проходивший по «Хлопокому делу»
09.1211:20Рустам Эмомали произвел кадровые перестановки в антикоррупционном ведомстве Таджикистана
09.1211:01Эмомали Рахмон совершит визит в Индию
09.1210:16В Таджикистане смягчен энерголимит


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266