Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.01.200110:12

Мўъҷизаи аср ё Ваҳдат – бахту иқбол, Ваҳдат – рашки «Ватандор»

            Инак, ҷашни навбатии Ваҳдати Миллии кишвар бо тантана ва дар фазои дўстиву бародариву баробарии халқҳои Точикистони азиз баргузор гардид. Ин тантанаи ҷашни ёздаҳумин баҳори ваҳдати миллат буд. Ҳама шоҳиди ҳолем, ки ин маърака таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр дар фазои софу беғубори ҳамдигарфаҳмӣ бо иштироки меҳмонони хориҷ аз кишвар таҷлил гардид…

Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, агар ин дастоварди миллат бадхоҳонро ноҳинҷору безобита гардонад. Баъзе аз ҳамватанони фурўхташуда, ки ба «осиёб»-и бадхоҳони ин миллату мулк «об мерезанд», низ ба худ мепечанду ҷои нишаст намеёбанд.

«Ватандор»-и ватанбезор (Ватан аз ў безор аст, албатта) аз ҳамин қабил аст. Агар хонандаи закӣ мушоҳида карда бошад, ҳар гоҳ таҷлили ин ё он ҷашн, ин ё он санаи таърихӣ ба миён ояд, «Ватандор» гулў даррондаю кафки даҳон парронда, «бонги изтироб»-и «ватанхоҳӣ» мезанад. Ана «бонги изтироб»-и навбатии Додоҷони Атовулло, ки 24 июни соли равон аз тариқи шабакаи байналхалқии электронӣ пахш кардааст: «Дар Тоҷикистон инқилоб оғоз гардид, сарчашмаи он тазоҳуроти мардуми Бадахшон дар Хоруғшаҳр мебошад…»

Беш аз понздаҳ сол аст, ки журналист Додоҷони Атовулло бо фолбинию қуръапартоии хеш тақдири миллату давлати Тоҷикистонро пас аз истиқрори Ҳукумати қонунӣ баъди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд «муайяну пешгӯӣ» менамояд. Вале «фолҳо»-и ин зархариди душманони миллату давлат ҳеҷ не ки амалӣ гардад.

Воқеан агар Д.Атовуллоев аз рўи фолбинӣ нон мехўрд, кайҳо бозораш касод мегашту турбааш холӣ мемонд ва ҳеҷ як «корафтодае» барои фаҳмидани қасдихушдоманашу нияти бади қайсингил ё илму амали кундошаш дигар ба назди чунин фолбини дурӯғгӯй намерафт. Вале анбони «фол»-и ин «Ватандор» - и беватан, ки пур аз иғвост, ҳеҷ гоҳ холӣ намондаю бозораш касод намегардад. Зеро «фол»-и ў пешгўии оддӣ нест. «Фол»-и ў сарчашмаи дасисаву иғвоангезӣ, макру шайтанат, тўҳмату сиёҳкориҳост, ки ин амал ҳанўз берун аз марзи давлати тозаистиқлоли тоҷикони ҷаҳон харидоронашро дорад. Ҳанўз ҳам қувваҳое ҳастанд, ки чун дар дохил ба амали нангини худ муваффақ нагардиданд, умед ба хоҷагони пасипардагиашон дошта, бо мақсади гумроҳ намудани мардуми кишвар обро лой кардаву моҳии мақсудашонро ба даст оварданианд…

Ҳодисаву воқеаҳои аз сар гузашта мардуми ин мулкро пухта гардонд. Шукри Худо хурду бузург,ҳама баду неки оламро акнун чун панҷ панҷа хуб медонанд. Воқеаву ангезаҳои хунини бисёр мамолики дунёро аз тариқи расонаҳои хабарӣ мехонанду мебинанд: вақте ки чанд даҳсола ҷанг дар Афғонистон идома дорад, дар ҳоле ки воқеаҳои Чеченистон ба низом намедароянд, вазъи сиёсӣ дар Ироқ ба ҷои беҳбуд ёфтан рўз то рўз муташанниҷ гардида истодааст ва воқеаҳои кушторунангин дар даҳҳо мамолики дунё аз байн намераванд, Ваҳдати Миллӣ дар Тоҷикистони ҷангзада магар мўъҷизаи аср нест?

Ҳар сол чандин тазоҳуроту роҳпаймоӣ ба ин ё он муносибат дар мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон баргузор мегардад, ки онро мардуми мо аз тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳӣ доранд. Дар ин роҳпаймоиҳо ҳазорҳо сокинони шаҳрҳои гуногун ба майдон мебароянд, фикрҳояшонро мегўянд, пешниҳодҳояшонро арза медоранд. Ҳатто бо пулису дигар ситодҳои қудратӣ занозанӣ мекунанд, вале сарвари «Ватандор» онро намебинаду чизе намегўяд. Гуфта ҳам наметавонад, зеро вай мутасаддии шарҳи ҳодисаву воқеаҳо дар ин мамолик нест, каседар ин хусус ба ў фармоишнамедиҳад ва ба «фол»-аш ҳам эҳтиёҷ надоранд. Тоҷикистон – ин чизи дигар аст. Бисёриҳо ба ин сарзамин чашм ало кардаву ҳадафҳои нопоки худро барои манфиатҳои шахсиву геополитикӣ амалӣ гардониданианд. Пас, кӣ ба онҳо бояд «хизмат» намояд? Албатта, «Ватандор»-и беватане, ки манфиати ватани аҷдодиашро бе ҳеҷ истиҳолаю дудилагӣ ба турбаи доллар иваз мекунаду миҷааш хам намехўрад ва боз «ҷор»-и ватандорӣ андохта, чанд роҳгумаки дигареро ба «муридӣ» мегирад…

Ҷашни Ваҳдати Миллӣ имсол бо дастури Сарвари давлат дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қурғонтеппа таҷлил гардид. Ҳафтае қабл аз ҷашн дар сафари хизматӣ, дар ноҳияи Бохтар будам. Меҳнату ҷидду ҷаҳди деҳқонону сокинони ин ноҳия ҳар бинандаро ба ваҷд меовард. Сарфи назар аз ҳавои гарми сўзон мардум мисли ҳашар дар сари роҳҳою қитъаҳои ҷудогона, дар маркази ноҳияву дар атрофи ҳар як муассисаву ташкилот бо дилгармӣ кор мекарданд. Дар идорае сарвареро ёфтан душвор буд. Ҳама дар тараддуди омодагӣба ҷашн. Чи қадар кўчаҳои маркази ноҳия тозаю озода гардида, қитъаҳои корам ба низом дароварда шуда, биноҳои муассисаҳои таълимиву савдо таъмиру тармим гардидаанд. Сокинониноҳияро рўҳияи баланди ватандориву ватандўстӣ фаро гирифта буд. Хама дар як андеша буданд: ба таҷили ҷашни Ваҳдат пурра омода гардидан!

- Худи Ҷаноби Олӣ ташриф меоваранд, - ин суханонро мо аз бисёриҳо дар ноҳия шунидем, ки бо ифтихори баланди шаҳрвандӣ мегуфтанд…

«Ватандор»-и аз воқеияти аслии Ватан бехабар бошад, берун аз Ватан «фол» мекушояду дасиса мебофаду ангеза метанад, ки дар Бадахшон «чанд тан ба кўча баромаданд». Ва ин дар ҳолест, ки мардуми шарифи Бадахшон ба сафари навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба тайёрӣ дидаву ба истиқболаш омодагӣ мегиранд…

Ду сол қабл, ҷашни Вањдат дар ноҳияи Рашт таҳти сарварии Сарвари давлат баргузор гардида буд. Мардуми минтақаи Ќаротегин шоҳиди ҳоланд ва гувоҳи зинда, ки таҷлили ин ҷашн ба ин минтақа чи қадар дигаргуниву ободиҳо оварда буд. Ҳол он ки ёфт мешаванд баъзе беандешаҳое, ки дар пайравии кўркўронаи «Ватандор» мегўянд: «Аз ин ҷашнҳо чӣ фоида?»

Биёед, ба бунёдкориҳоисолҳои охиряк бо чашми инсоф бинигарем: аксарияти онҳо объектҳое ҳастанд, ки ба муносибати ин ё он ҷашну санаи таърихӣ бунёд гардидаанд. Оре, 2700 - солагии Кўлоби бостонӣ, 2500 – солагии Истаравшан, 750 – солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1150 - солагии устоди сухан, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ҷашнҳои ҳарсолаи Истиқлолияту Ваҳдати Миллӣ чи қадар ободониву дигаргуниҳоеро дар кишвар бо рўҳбаландии меҳнатӣ ба бор овард. Ин ҳамаро танҳо душманони ғоявии миллату давлат наҳ задаву мазаммат карда метавонанд, ки ҳадафашон маълум аст…

Дар охир бо як иқтибосе аз рўзномаи иттилоотии «Набзи Ховар» иктифо мекунем, ки гуфтааст: «Рўзи Ваҳдати Миллӣ. Ин рўз барои ҳама сокинони кишвари мо азизу муқаддас аст. Боз бештар барои онҳое мўҳтарам аст, ки шоҳиди рўзҳои ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (27.06.1997) буданду азоби рўзҳои шуми ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Ва имрўз ҳамагон ба сарвар ва поягузори ин ваҳдати саросарӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонсипосгузорӣ мекунанд, ки мардумро ба сарҷамъӣ ва дўстиву бародарӣ овард…»

Ё.ҲАБИБ (Ҳабибулло Ёров)

«Набзи Тоҷикматлубот», № 13 -14 (54 - 55), 30 июни соли 2008

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.0117:00Путин ответил на сообщения о встречах Трампа с проститутками в Москве
17.0116:44«Накрыл собой жену и ребенка…». Свидетельства очевидцев авиакатастрофы
17.0115:24«Точиксодиротбанк» и Агроинвестбанк» сообщили об улучшении ситуации с наличностью
17.0114:36Президент назначил посла Таджикистана в Люксембурге
17.0114:27"Прах таджикских героев должен покоиться в родной земле"


Самое обсуждаемое

03.0114:13Открытое письмо Президенту Эмомали Рахмону(240)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(4)
17.0106:19В Таджикистане муфтия Москвы назвали «борцом атеистического фронта»(1)
17.0111:48Таджикистан не торопится вступать в ЕАЭС(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156329