Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

23.01.200117:12

Нимаи аввали моҳи сентябр дар Душанбе Анҷумани 7-уми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир мегардад

             Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Даҳҳаи аввали моҳи сентябр, дар арафаи таҷлили 17-умин солгарди Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Анҷумани 7-уми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор мегардад.

Ин чорабинии муҳим дар радифи ҷашни 1150-солагии устод, одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад Кумитаи тадорукоти ин чорабинӣ созмон дода шудааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонои ҷаҳон «Пайванд», бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани Анҷумани ҳафтуми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон фаъолияти худро бобати амалӣ гардониданинақша- чорабиниҳои Кумитаи тадорукот, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, равона намудаанд.

Дар Анҷуман меҳмонон аз 30 давлатиҷаҳон, аз кишварҳои Амрикову Аврупо, мамолики Шарқи Дуру Наздик ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд, гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовиниаввали раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабаонони ҷаҳон «Пайванд» Зафар Зарифов.

Мавсуф афзуд, ки меҳмонон дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1150-солагии қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат менамоянд. Меҳмонони Анҷуман ба минтақаҳои гуногуни кишварамон сафар карда,ёдгориҳои таърию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо менамоянд ва бо фаъолияту рӯзгори сокинони он шинос мегарданд.

Хусусан, меҳмонон ба зодгоҳи падари шеъри форсӣ -Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ- деҳаи Панҷрӯд рафта, оромгоҳишоирро зиёрат менамоянд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» китобе доир ба рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣнашр мегардад.

Ҳамзамон Зафар Зарифов гуфт, ки дар остонаи баргузории Анҷумани ҳафтуми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон 14-умин шумораимаҷаллаи «Пайванд» бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ,русӣ ва англисӣ чоп мешавад, ки дастовезе хоҳад гардид барои иштирокчиёни Анҷуман.

Бояд тазаккур дод, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» моҳи октябри соли 1989 таъсис дода шуда, фаъолиятихудро барои фароҳам сохтанифазои мусоидҷиҳати густариши робитаҳоиҳамаҷониба, бахусус,ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ бо ҳамватанону ҳамзабононибурунмарзӣ нигаронидааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1206:58Спецоперация по освобождению заложника в Турсунзаде. Трое задержаны, один уничтожен
08.1206:33Москвы vs Душанбе: 10 отличий
08.1206:15За «неправильную» молитву в мечети жителя Таджикистана приговорили к трем годам тюрьмы
07.1219:56Дилфуза - гроза чиновников вышла на свободу
07.1218:18Похитители требовали за освобождение подростка 100 тысяч долларов


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(5)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156255