Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.01.200110:12

Мулоқоти М. Убайдуллоев бо М. Енча

             Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Зимни мулоқоти худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча таъсиси Марказиминтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунандаро дар Осиёи Марказӣ, яке аз иқдомҳои наҷиби СММ номида, бо қаноатмандӣ саҳми бонуфузтарин институти умумибашарӣ - Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳамзистиву ҳамоиши ҷомеаи ҷаҳонӣ нек арзёбӣ кард.Мавсуф зикр сохт, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша нақши СММ-ро дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ муассир медонад.

Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи пешгирикунанда, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2007 дар шаҳри Ашқобод иштирок дошт, ба ҳайси як институти нави СММ фоли неку ҷавобгӯи талаботи вақт дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зеро дар ҳама давру замон, пеш аз ҳама дар ҷаҳони муосир, пешгирии низову ихтилофот афзалияти бештар дорад, назар ба рафъи оқибатҳои сангини он, ки мутаассифоначунин ҳолатҳо дар низоми фарҳанги ҳамзистии башарият имрӯз ҳам ҷой дорад.

Инчунин таъкид сохт, ки таҷриба ва рушди муосири ҷомеаи ҷахонӣ собит кардааст, ки кишварҳои олам новобаста аз сатҳи тараққиёт ва мақоми ишғолкардаашон дар низоми ҷаҳонишавӣ метавонанд дар чаҳорчӯбаи фазои ҳуқуқӣ бо риояву эҳтироми соҳибистиқлолии ҳамдигар танҳо аз рӯи принсипҳои ҳамдастиву ҳамрайъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд карда бошанд, афзуд М. Убайдуллоев. Хуб мебуд, ки Маркази мазкур дар ҳамдастӣ бо кулли институтҳои минтақавии СММ бо таҳлилу пажӯҳиши дипломатияи пешгирикунандабаҳри суботу оромӣ потенсиали худро дар коҳиши вазъи иҷтимоию иқтисодӣ васиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафарбар намояд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки саҳми парлумонҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ дар тавлиди фазои солими муносбатҳои ҳуқуқии байни кишварҳои минтақа хело назаррас буда, ҳамкориҳои мақсаднокдар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ЕврАзэс, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нек ҷараён доранд.

Мирослав Енча зикр сохт, ки андешаҳои иброзгашта дар тарҳрезии нақшаҳои Марказ оид ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ пурсамар истифода мегарданд ва робитаҳои минбаъда низнек густурда хоҳанд шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0212:18Таджикистан и Афганистан выведут отношения на новый уровень
18.0211:00Кадровые назначения в судебной системе. Кто куда назначен
18.0209:11Спасатели КЧС извлекли живыми из снежной лавины двух человек
18.0208:50Врач родильного дома в Душанбе подозревается в получении взятки
18.0207:45Где хочешь, там и паркуйся…


Самое обсуждаемое

16.0208:35Президент – Рустаму Эмомали: Будь ближе к народу, и народ тебя поддержит(4)
18.0213:50Вице-президент США заявил об ответственности России за войну в Донбассе(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262