Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

24.01.200118:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Корпоратсияи кўҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохўрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кўҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшон баррасӣ шуд.

Чэн Тсзинхэ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои анҷомдодаи корпоратсияи мазкур, ки дар ҷойи собиқ корхонаи муштараки Зарафшон як сол боз ба кор шурўъ намудааст, гузориш дод.

Таъкид гардид, ки дар ин муддат корхона тамоми қарзҳои худро соф намуда, баҳри азнавсозии техникию истеҳсолӣ корҳои зиёд анҷом додааст. Дар натиҷаи ин имрўз корхона аз ҳолати бўҳронӣ баромада, фоидаовар гаштааст.

Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг, ки соли гузашта 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки Зарафшонро харида, дар заминаи он корпоратсияи кўҳӣ-саноатии Тсзитсзинро таъсис додааст, барои азнавсозии техникию истеҳсолии он дар зарфи як сол беш аз 18 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, аз ҷумла қариб 15 адад техникаи вазнини карйерӣ харидорӣ намудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки корпоратсияи мазкур нақша дорад, ба истихроҷи тилло,нуқра ва мис дар Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи калон ва эътибори ҷаҳонии ширкати Зиҷинг Майнинг изҳори боварӣ намуд, ки дар зарфи ду-се соли оянда истихроҷи металҳои қиматбаҳо дар ин ҷо ба маротиб зиёд мешавад.

Чэн Тсзинхэ Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки метавонад истихроҷи солонаи тиллоро баъди як сол ба2 тонна ва то соли 2010 ба 3 тонна расонда, истихроҷи нуқра ва мисро низ афзун намояд ва шароити иҷтимоии коргаронро ба сатҳи зарурӣ баланд бардорад.

Ў ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз оѓози кори ширкати чинӣ дар ин ҷо вазъи иҷтимоии коргарон низ хеле беҳтар гаштааст. Айни ҳол маоши миёнаи онҳо наздики 600 сомониро ташкил медиҳад. Ѓайр аз ин ба ҳамаи онҳо хўроки гарм ва ҳар моҳ як халтагӣ орд дода мешавад.

Хотиррасон карда шуд, ки Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг дар истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар маъданҳои кўҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳаҷми умумии сармояаш 3,8 миллиард ва саҳмияҳояш 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Қобили таъкид аст, ки тибқи мувофиқаи тарафҳо тамоми металҳои қимматбаҳои истихроҷшаванда барои ѓанӣ гардондани захираи тиллоию асъории давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0706:59Президент открыл два жилых дома в Бальджуване
26.0718:11Сына Давлатбека Хайрзода уволили за сокрытие российского гражданства
26.0718:00Михаила Саакашвили лишили украинского гражданства(3)
26.0715:38В МВД Таджикистана возвращаются уволенные из-за тучности стражи порядка
26.0714:58В Согде спустя неделю после суицида солдата, повесился и его отец


Самое обсуждаемое

24.0715:36Рабский труд таджикских мигрантов в арабских странах(18)
26.0718:00Михаила Саакашвили лишили украинского гражданства(3)
26.0710:26Спектакль, вызвавший шквал критики и негодования. ВИДЕО(1)
26.0714:16Утверждена стоимость ташкентской прописки для иногородних и иностранцев(1)
26.0709:28Мигрантов ад: как регистрируют иностранцев в Москве(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312403