Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-17 июли соли 2008 дар толори калони маҷлисгоҳи Қасри «Пойтахт» иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор мегардад.
Масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии иҷлосия ба шумор меравад. Дар робитаҳисоботи муовинони раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт оид ба рафти иҷрои ҚарориМаҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи вазифаҳоитаъхирнопазиримақомоти намояндагӣва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе, мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагӣ бамавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» шунида мешавад.
Ҳамзамондариҷлосиярушдииҷтимоӣваиқтисодиипойтахтдарнимсолаисоли 2008 ҷамъбастгардида, тасдиқияк қатор қарорҳоиРаисишаҳрдарназараст.