Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

25.01.200108:12

Манбаи тайёр намудани кадрҳои мусиқии касбӣ

Душанбе, 5июл. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Аз таъсиси яке аз ҷавонтарин муассисаҳои олии таълимӣ - Консерваторияи миллии Тоҷикистон 5 сол сипарӣ гардид. Тавре хабар дода будем, чанд рӯз пеш нахустин ҷавонписарону духтарон ин таълимгоҳро хатм карданд. Доир ба фаъолияти Консерватория хабарнигори АМИТ «Ховар» сӯҳбатеро анҷом дод бо ректори он, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Раҷабмад Амиров

-Консерваторияинавтаъсисдарсолҳоиаввалифаъолиятчӣгунапайроҳаҳоротайкард?

-Барои рушди мусиқии касбӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи мусиқии касбӣ, бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори ҳукумати ҶТ аз 10 майи соли 2003, дар заминаи факултаи иҷрокунандагӣ Донишкадаи давлатии Санъати Тоҷикистон Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Консератория дар ҳайати ду факулта: мусиқии точик ва факултаи иҷрокунандагӣва 10 кафедраҳои тахассусӣ ва кафелраҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ ва забонҳо ба фаъолият шурӯъ кард

Барои дуруст фаъолият намудани Консерваторияи миллӣ зарурияти дар маркази шаҳр ҷойгир намудани он пеш омад ва маҳз бо кўмаки дастгирии Президенти мамлакат бинои собиқ Департаменти андоз (кӯчаи Ҳусейнзода 155) ба ихтиёри Консерватория дода шуд. Ҷойгир намудани Консерватория дар маркази шаҳр дар паҳлӯи театри Опера ва балети ба номи С. Айни имконият дод, ки донишҷӯён дар баробари таҳсил дар гурӯҳҳои касбии театр (аз қабили оркестри симфонӣ, хори академӣ) фаъолият намоянд.

Сарварии Консерваторияи миллро ба зиммаи оҳангсози шинохта, профессор Талабшо Сатторов вогузор карда шуд.

Ба туфайли кордонӣ ва роҳбарии бевоситаи ў ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз қабили низомнома, оиномаиКонсерватория таҳия гардид, интихоби аввалин омўзгорон, мудирони кафедраҳо, деканҳо ва ноибони ректор таъмири асосии бино ва мувофиқгардонии он ба муассисаи олии эҷодӣ аз қабилимасалаҳое буданд, ки ҳалли оҷилии худро талаб менамуданд.

Дар баробари ин барои ривоҷу равнақ бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи таълимӣ, эчодӣ, илмӣ бо як қатор Консерваторияҳои аз қабили Консерваторияи ш. Бишкек, Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Консерваторияи давлатиӣ ш. Москва, Академияи фарҳанг ва санъати ш. Челябински Ҷумҳурии Россия қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Бо ёрии ин муассисоти олӣ устодони Консерватория такмили ихтисос ва таҷрибаи онҳоро аз бар карданд.

Ҳамзамон бо кӯмаку дастгирии ҳукумат ва вазорати фарҳанг Консерваторияи миллӣ аз ҷониби гранти техникии Сафорати Ҷопон, дар ҳаҷми 346 ҳазор доллари амрикоӣ созҳои мусиқӣ, аз қабили роял, фортепиано, созҳои оркестрӣ, нафасӣ, зарбӣ, торӣ ва ғайра харидорӣ карда шуд, ки ба фароҳам шудани заминаи моддӣ - тезникӣ мусоидат кард. Инчунин бо ёрии Юнеско харидорӣ шудани таҷҳизот барои ташкил намудани студияи сабти овоз, имконият ба вучуд овард, ки мо тавонем барномаи консертии шахсони алоҳида, гурӯҳҳои ҳунариро сари вақт сабт намуда ва дар шакли диски мусиқӣ пешкаш кунем.

-Оё, барои таълиму тарбияи мутахассисон кадрхи педагогӣ кифоят мекунанд.

-Барои дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани мутахассисон беҳтарин устодони варзидаи санъати мусиқӣ ба фаъолияти омўзгорӣ ҷалб карда шуданд. Имрӯз дар Консерваторияи миллӣ 104 нафар фаъолият менамоянд, ки 48 нафари онҳо омўзгорони асосӣ буда 56 нафарашон ба сифати ҳамкор кор мекунанд. Дар ҳайати мо 11 нафар профессор, 33 нафар дотсент, 28 нафар омўзгорони калон 35 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Дар байни онҳо 2 нафар доктори илм, 10 нафар номзади илм мебошанд. Дар Консерватория 23 нафар консертмейстерҳо (7 нафар консертмейстери пешбар ва 17 нафар консертмейстерҳо) фаъолият менамоянд, ки 9 нафари онҳоро занҳо ташкил менамоянд.

Беҳтарин ходимони соҳаи санъат ба фаъолияти омўзгорӣ ҷалб шудаанд, ба монанди Меробов Б. М. роҳбари бадеии театри опера ва балети ба номи С. Айн, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Низомов Ш, саркоргардони ҳамин театр Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Толиб Шаҳидӣ оҳангсози шинохта, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, Ҳунармандони халқии Точикистон. Миралӣ Достиев, Давлатманд Холов, Оят Сабзалиева, Абдували Абдурашидов, Акбар Мирраҷабов, Баҳодур Неъматов ва Ҳофизи халқӣ Файзали Ҳасанов. Ҷалб намудани ходимони намоёни санъат ба фаъолияти омўзгорӣ шавқу рағбати донишҷўёнро ба касби интихоб намудаашон бештар гардонда нозукиҳои касбҳои иҷрокунандагиро хубтар дарк менамоянд чунки устодони варзида бештар ба таҷрибаи саҳнавии худ такя намуда, таълим медиҳанд.

-Албатта дар ин бобат аз таҷрибаи дигар кишварҳо низ истифод мебаред?

-Бале, тибқи қарордодҳои ба имзо расидаи Консерватория бо дигар Консерваторияҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил беҳтарин профессорон барои гузаронидани дарсҳои маҳорат (мастер – класс) даъват карда мешаванд.

Дар тўли фаъолияти Консерватория барои гузаронидани дарсҳои маҳорат – профессори Консерваторияи Қирғизистон Зенона Слезиан Бегалиева (виоленчель), Шкарупа В (пианист) профессори Консерваторияи Урали Федератсияи Россия, Ҳакимова Дилбар (пианист) аз Ҷумҳурии Исломии Ирон, Кашкарова Сония (скрипканавоз) артисти оркестри миллии филармонияи давлатии ш. Москва, Фирӯз Баҳор (оҳангсоз) аз Ҷумҳурии Олмон, Дэвид Кореваар (пианист) профессор аз Амрико, Бородин Б. (пианист) доктори илмҳои мусиқашиносӣ профессори Консерваторияи Урали федератсияи Россия, Бегалиев Муратбек (оҳангсоз) ректори Консерваторияи миллии Қирғизистон, профессор Асаналиев Эрнист (дирижёр–скрипканавоз) дотсентиКонсерваторияи Қирғизистон ҳунарманди халқии Қирғизистон, Цукоренко (пианист) профессори Консерватория Қиргизистон, Акбаров А. профессори Консерваторияи Алма–Ато, Имомов Улуғбек (виоленчель) декани факултаи созҳои оркестрии Консерваторияи ш.Тошканд, Дрожжина Марина (мусиқашинос) доктори илмҳои мусиқашиноси профессори Консерваторияи ш. Новосибирск, Нозилов Далер артисти оркестрифилармонияи Новосибирск, Раҳимқулова Актаты (оҳангсоз) аз Консерваторияи давлатии ш. Алма–Ато дотсент Лутфуллоев Анвар Қудратович (созҳои миллӣ) мудири кафедраи созҳои миллӣ Консерваторияи ш.Тошкент профессор ва Кристина Гровен Холмбо профессори маҳорати овозхони донишкадаи мусиқии Осло (Норвегия) ва ғайра.

Дар доираи ин ҳамкориҳо Консерваторияи миллӣ бо дастгирии ташкилотҳои мададгор тавонист фестивали байналмилалии мусиқии касбиро ба хотираи охангсози шинохта Т.Сатторов бо унвони «Баҳористон» доир намояд, ки дар ин фестивал гуруҳҳои навозандагон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Точикистон ширкат намуданд.

Дар моҳи май соли ҷорӣ, аниқтараш аз 5 то 9 май соли 2008 фестивали байналмилали оркестрҳои камеравӣ доир гардид, ки дар он аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон оркестрҳои камерави ва квартети тории Академии фарҳанг ва санъати ш.Челябинск иштирок намуданд.

Дар доираи ин фестивал, дар баробари консертҳои миллии ҳар кишвар аз ҳисоби иштирокчиёни оркестрҳои камеравӣ бори нахуст оркестри интернационалӣ (интероркестр) бо барномаи хеле чолиб баромад намуданд ва дарсҳои маҳорат аз ҷониби устодони варзида ва мизи мудаввар оид ба тайёр намудани кадрҳои мусиқии касби дар Осиёи Миёнава Россия сурат гирифт.

-Дар дохили Консерватория барои сайқали маҳорати иҷрокунандагон мутахассисони баландпояи оянда боз чӣ гуна тадбирҳо андешида мешавад?

-Барои пурзӯр намудани фаъолияти эҷодӣ ва ба вуҷуд овардани фазои солими эҷодӣ ва хар чӣ бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба фаъолияти иҷрокунандагӣ як қатор гурӯҳҳои ҳунарии донишҷӯён аз қабили: гурӯҳҳи ҳунарии «Мақом», гурӯҳҳи ҳунарии фалак «Роз», ансамбли муштараки созҳои миллӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамбли дуторнавозон ва ғайра ташкил шуд, ки ҳайатҳои асосии онҳоро долнишҷӯён ташкил менамоянд. Ин гурӯҳҳои ҳунарӣ аллакай бо барномаҳои мустақили худ дар байни устодон ва донишҷӯёни Консерватория инчунин дар ҷашнгирии Иди Наврӯз дар Донишгоҳи аграрӣ ва ҷашнгирии рӯзи Ғалаба дар Донишгоҳи тиббӣ баромад намуданд.

Барои сайқал додани маҳорати иҷрокунандагии донишчўён ҳар сол дар моҳи декабр озмуни дохилии Консерватория таҳти унвони «Иҷрокунандаи беҳтарини сол» гузаронида мешавад. Озмун дар ду давр мегузарад. Давраи аввал дар сатҳи кафедраҳои тахассусӣ ва деканат ва даври охирин дар сатҳи Консерватория бо иштироки доварони касбӣ сурат мегирад.

Ҳоло гурӯҳҳи ҳунарии «Роз» барои иштирок намудан дар фестивали байналмилалии фолклори ва рақс ба ш. Вангени Ҷумҳурии Олмон даъватнома гирифтааст.

Консерваторияи миллӣ бо 8-Консерваторияҳои кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.

Тибқи ин қарордодҳо устодон ва ассистент-коромӯзон ва аспирантон барои омӯхтани таҷриба ба ин кишварҳо сафар менамоянд. Устодону-профессорони ин Консерваторияҳо ва сифати раисони имтиҳонҳои давлатӣ ба гузаронидани дарсҳои маҳоратӣ даъват карда мешаванд.

-Шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъминоти моддӣ дар Консерватория чӣ гуна аст?

-Сол то сол заминаи модди-техникии Консерваторияи миллӣ беҳтар шуда истодааст. Имрӯз Консерваторияи миллӣ дорои 2-толор толори калони консертӣ( 250-ҷой), толори хурди консерти(84-ҷой) маркази таълими компютерӣ бо 10-компютерҳои ҳозиразамона ва принтерҳо, студияи сабти овоз бо техникаи ҳозиразамон, синфи созҳои зарбӣ, синфи композитсия бо маркази мусиқӣ ва телевизион,SD, ошхонаи донишҷӯи барои 50-ҷои нишаст ва барои раванди таълим марказҳои мусиқӣ магнитафон, кинотеатри хонагӣ барои дарсҳои маҳорат, камераҳо барои сабти видеогӣ, аппаратҳои суратгирӣ, фонотека бо маркази мусиқӣ SD, телевизор мебошад.

-Албатта проблемаҳо низ ҳастанд?

Дар қатори муваффақиятҳо як қатор камбудиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд ин надоштани хобгоҳи донишҷӯи, толори варзишӣ, қироатхона, нарасидани асбобҳои мусиқӣ, паст будани сатҳи маоши профессорону омӯзгорон, нарасидани синфхонаҳои инфиродӣ, гармдиҳии корпуси таълими, нарасидани маблағҳо барои гузаштани такмили ихтисоси омӯзгорон дар Консерваторияҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил ва барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ харидории китобҳои таълимӣ ишттирок дар озмуну фестивалҳои байналмилали дар риштаи мусиқии касбӣ ва ғайра.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯз Консерваторияи миллӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз атестатсияи давлатӣ гузашта, барои 5-соли оянда иҷозатнома оиди намудҳои гуногуни фаъолият аз рӯи 17-ихтисос гирифтааст.

Имрӯз роҳбарият, ҳайати омӯзгорону профессорон кӯшиш доранд, ки ҳамаи шароитҳоро барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи мусиқӣ муҳайё сохта сифати тайёр намудани кадрҳоро беҳтар намоянд.

Марҳамат ба Консерваторияи миллӣ! Дари Консерватория барои хатмкунандагони мактабу коллеҷҳои мусиқӣ ва он довталабоне, ки дар ҷодаи санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ қобилияти нодир доранд ҳамеша боз аст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1208:28М.Убайдуллоев подверг критике работу столичных энергетиков
03.1207:10Душанбе признали худшей столицей Центральной Азии
02.1214:31Хранитель арсенала Ризвона Садирова осужден на 5,5 лет тюрьмы


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(5)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(2)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00