Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

27.01.200111:12

«Газпром» дар Душанбе қароргоҳашро месозад

            Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонбо Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтгаз» - и ширкати «Газпром»-и Русия дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо директори генералии ҷамъияти мазкур Валерий Гулев баррасӣ шуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев воридшавии ин ширкатро дар бахши азхудкунии канданиҳои зеризаминии Тоҷикистон, хусусан бурриши конҳо ҷиҳати истихроҷи гази табиӣ, ки дар асоси мувофиқатномаҳои Сарони ҳарду кишварҳоба дастомада, сурат мегирад, шодбош намуд. М Убайдуллоев изҳори боварӣ кард, ки дар тӯли 9 соли татбиқи лоиҳа, амали мазкур ҳадафрас анҷом гирифта, эҳтиёҷот ва дастрасии муштариён ба гази табии ватанӣ қонеъ гардонида мешавад.

Валерий Гулев роҷеъ ба мушаххасоти лоиҳа ва мӯҳлати оғози корҳои бурриши конҳо дар чор мавзеъи тозаинтихоб Маҳмадсаид Убайдуллоевро шинос намуда, бобати бунёди бинои қароргоҳи ширкати «Газпром» дар шаҳри Душанбе ва иштироки сарпарастонаи он дар лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаёти хоҷагидории пойтахт дархост ба миён гузошт.

Раиси шаҳр бо инобати дурнамои татбиқи лоиҳа ҷиҳати баррасию тарҳрезии самтҳои ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти потенсиали молиявии ин ширкати бонуфузи Русия, инчунин масъалаи саҳмгирии он дар бунёди нерӯгоҳҳои мухталифи обии барқӣ дар ҷумҳурӣ, сохтмони комплексҳои манзилӣ дар пойтахт, интиқоли гази моеъ ва насби технологияҳои бехатарии истифодаи сӯзишвории гази моеъ барои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣнамояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе ташкил карда шавад.

Дар робита ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои қароргоҳи ширкатМаҳмадсаид Убайдуллоеваз омодагиишаҳрдорӣ таъкид намуда, зикр сохт, ки тибқи тартиби ҷойдошта унвонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиишаҳри Душанбе расман муроҷиат намоянд. Бо дахли масъалаи иштироки сарпарастонаи ширкат дар лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаёти хоҷагидории пойтахт пешниҳод намуд,хуб мебуд, ки мувофиқ ба сатҳу нуфузи ширкат дар пойтахти мамлакат, ки талабот ба фаъолияти мактаби таҳсилоти умумии замонавӣ бо забони русӣ пайваста зиёд мегардад, бунёди ин гуна мактаби касбию муосир ба нақша гирифта шаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

29.0415:53Миссия: выжить на пенсию в 257 сомони. ВИДЕО
29.0412:23В армию - со школьной скамьи. На юге Таджикистана под "облаву" попал учитель
29.0411:14Таджикистан и Россия урегулировали вопросы авиасообщения
29.0410:21Из квартиры жительницы Худжанда, одна за другой, начали пропадать вещи
29.0410:04Нестыковки в версии следствия о подозреваемых в организации теракта в Петербурге


Самое обсуждаемое

28.0409:00В Кыргызстане будут бесплатно выдавать биометрические электронные паспорта(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156314