Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

27.01.200120:12

Машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Абўабдулло Рўдакӣ, Cоли забони тоҷикӣ, рафти татбиқи нишондодҳои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти оуқаворӣ, тезондани ҷамъоварии ҳосили ѓалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои обӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола ва масъалаҳои омодагӣ ба зимистони солҳои 2007-2008 баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин баҳри ривоҷ додани корҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Оид ба ҷамъоварии ҳосили ѓалладона ва гузарондани кишти такрорӣ гузориши Вазири кишоварзӣ ва раисони ноҳияҳои атрофи пойтахт шунида шуд. Зикр гардид, ки то имрўз дар 45 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуда, дар заминҳои боқимондаи обӣ ин кор муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба рафти кишти такрорӣ ҳар ҳафта ба ў ахборот пешниҳод карда шавад.

Оид ба натиҷаҳои нимсолаи фаъолияти хоҷагии халқи кишвар зикр гардид, ки афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 5,8 дар садро ташкил дод. Буҷети давлатӣ ба андозаи 117,2 дар сад иҷро шуда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 655 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба нақша 243 миллион ва нисбат ба соли гузашта 573 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таъкид гардид, ки захиракуниии маводи сўхту озуқаворӣ ва кушодани нуқтаҳои фурўши ангишт ва гази моеъ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. То охири сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 25 нерўгоҳи хурди обӣ сохта ба кор дароварда мешавад, ки барои таъмини аҳолии деҳот бо нерўи барқ дар фасли зимистон хеле муҳим аст.

Дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулин оид ба таҷлили иду ҷашнҳои номбурда, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва тарбияи ҳисси ватандўстию хештаншиносии мардум аҳамияти баѓоят зиёд доранд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0318:48Делегация Молдовы отказалась ехать на заседание МПА СНГ в Петербург
23.0316:00Как Дмитрий Маликов проложил Сабине Шамсэд путь на российскую сцену
23.0314:47В центре Киева убит бывший депутат российской Госдумы
23.0311:15Президент открыл новый учебный корпус школы в джамоате Унджи Б.Гафурова (фото)
23.0309:53В ДТП на юге Таджикистана погибли четыре человека


Самое обсуждаемое

20.0313:00Ташкентский рейс все еще находится в «воздухе»(3)
20.0309:34Министр транспорта наградил экипаж самолета «Таджик Эйр», совершившего аварийную посадку в Худжанде(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156271