Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

27.01.200115:12

Орди қисми низомӣ ғайристандартӣ дониста шуд

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоби Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 20 тонна орди ғайристандартиро аз истеъмол боздоштанд.

Дар маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кормандони минтақаи Кӯлоби «Тоҷикстандарт» 20 тоннаву 457 килограмм орде, ки барои яке аз қисмҳои низомии минтақа ҷудо гардида буд, вайроншуда ҳисобида, ба қисми низомӣ додани онро манъ карданд. Дар натиҷаи ташхис дар лаборатория муайян мегардад, ки орди ба қисми низомӣ ҷудогардида, ки дар анборҳо мехобид ғайри қобили истеъмол буда, истифодаи он ба саломатии инсон хавфнок аст. Аз ин хотир санадҳои ғайристандартӣ будани он ба прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки аз аввали сол дар лабораторияи минтақавии Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб 389 ташхис гузаронида шуда, дар 24 ҳолат ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудани маҳсулоти хӯрока ошкор карда шудааст. Аз ҷумла 565 килограмм равғани пахта, 100 килограмм маҳсулоти ширӣ, 70 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 90 килограмм ҳасиб, 300 килограмм қанд, 3,5 декалитр спирт, 100 декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 70 килограмм чой ва амсоли инҳо ғайристандартӣ дониста шуда, аз истеъмол бароварда шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

05.1216:01Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев обсудили перспективы таджикско-узбекских отношений
05.1215:30Какова же реальная длина Великой Китайской стены?
05.1214:49Махмадали Ахмадов, предполагаемый организатор убийства семьи Гошта, предстанет перед судом присяжных
05.1214:46Можно я не умру, пока вы меня не похоронили?
05.1214:31Эмомали Рахмон поздравил Шавката Мирзиёева с избранием на пост президента Узбекистана


Самое обсуждаемое

03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312485