Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

27.01.200108:12

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона

Рўзҳои 5 ва 6-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохўрии ѓайрирасмии сарони як қатор давлатҳо ва чорабиниҳои идонаи бахшида ба 10-солагии бунёди пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона сафар кард….

Вохўрии сарони давлатҳо дар қасри Акордаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистондар шаҳри Остона баргузор гашт.

Дар он сарони давлатҳои Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қирѓизистон, Шоҳигарии Урдун ва дигар меҳмонони олимақом иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бо зодрўз ва солгарди 10-уми бунёди шаҳри Остона самимона табрику таҳният гуфт.

Дар вохўрӣ байни сарони давлатҳо оид ба масоили ҳалталаб дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодию фарҳангӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир дар қаламрави беканориАвруосиё гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳалталаби ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мубодилаи афкор намуд.

Сўҳбатҳои ҷолибу пурмўҳтаво оид ба дурнамои муносибатҳои умедбахши Тоҷикистону Россиябайни сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои номбурда дар яке аз гўшаҳои таърихии шаҳри Остона ба хотири таҳкими дўстию рафоқат ва густариши робитаҳои башардўстӣ байни намояндагони миллату халқиятҳои гуногун яктогӣ навниҳол шинонданд.

Бегоҳии рўз сарони давлатҳо дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 10-уми бунёдёбии шаҳри Остона ва галаконсерти ҳунармандони шинохтаи Қазоқистону Россия иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ маҷмўъи масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Мусоҳибон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар ва мубодилаи молу маҳсулот, ки ҳаҷми он дар соли гузашта аз 500 миллион доллари амрикоӣ гузашта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд ва ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳу сифати робитаҳо ҷавобгўйи имкону захираҳои мавчуда нестанд.

Тавачҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили густариши робитаҳои фарҳангӣ зоҳир гардид.

Абдулло ГулЭмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар Форуми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли оянда дар Туркия баргузор мегардад, иштирок намояд.

Даъват бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об аст, бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Бо ҳамин барномаи сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Нимаи дуюми рўзи 6 июл Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан омад.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1211:34Жителей Душанбе будут штрафовать за использование газовых баллонов
08.1211:14Президент принял участие в сдаче второй очереди Душанбинской ТЭЦ-2
08.1210:29В семье Дилшода Назарова родился сын
08.1210:17Салафитов, торговавших краденой нефтью в Казахстане, возглавлял инвалид
08.1210:02Энергонезависимость в Таджикистане планируют обеспечить к 2025 году


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0781244