Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.01.200109:12

Қароргоҳи марказии телевизиони форсизабонон Душанбе интихоб шуд

           Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар нишасти нахустини гурӯҳи кории се кишвари форсизабон – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар Душанбе санади расмӣ барои таъсисителевизиони муштараки форсизабонон ба имзо расид. Тибқи ин санад қароргоҳи марказии телевизиони муштараки форсизабононшаҳри Душанбе –пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардид.

Ин санадро дар Душанбе мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмурод Фаттоев, Сафири КабириҶумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст ва муовини раиси радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон СаиднодириАҳмадӣ ба имзо расониданд.

Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кисанади мазкур муқарароти таъсиси телевизиони форсизабононро пешбинӣ мекунад.

Тибқи ин санад як гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони бахши ҳуқуқӣ, фаннӣ (техникӣ)ва идорию молӣ созмон дода шуд. Ин гурӯҳи корӣ барои таҳияи оинома, сохтори телевизиони муштараки форсизабонон ва дигар санадҳои ҳуқуқии вобаста ба таъсиси ин шабакаро анҷом медиҳад.

Дар назар аст, ки нишасти дуюми гурӯҳи кории ҳайатҳои расмии се кишвари форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон нимаи аввали моҳи август дар Душанбе доир хоҳад гардид.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси шабакаи телевизионии муштараки кишварҳои форсизабон зимни вохӯрии сарони се кишвари форсизабон- ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, Эрон- Маҳмуд Аҳмадинажод ва Афғонистон Ҳомиди Карзай соли 2006 дар Душанбе матраҳ гардида буд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

28.0615:06На государственной границе изъята особо крупная партия наркотиков
28.0614:165 причин сыграть свадьбу в Hyatt Regency Dushanbe
28.0614:04Многодетная таджикская модель покоряет мировой конкурс красоты
28.0613:33Жительница Согда в Ид-аль-Фитр совершила самоубийство, бросившись в Сырдарью
28.0612:29Атамбаев предложил России укрепить кыргызско-таджикскую границу


Самое обсуждаемое

27.0610:00Путин: В те годы Россия оказывала активную поддержку руководству и народу Таджикистана(3)
26.0616:09В Таджикистане проходит акция «Я против пыток сегодня, завтра, всегда!»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525