Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.01.200114:12

Ҳукумати Тоҷикистон пуштибони маъюбону пиронсолон аст

Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 8 июл дар доираи тантанаҳои Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола - 8 июл таҷлил мегардад, чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор гардид.

Субҳи имрӯз, 8 июл дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маросими аксбардории хотиравӣ бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои маъюбони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуд. Сипас, дар толори Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ҷаласаи тантанавӣ барпо гашт, ки дар он ҷамъомадагонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат Алишер Ёрбобоев табрик намуд.

Ӯ аз ҷумла афзуд, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастгирии табақаи эҳтиёҷманд ва ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Ҳамасола қисме аз буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад.

«Дар мамлакат зиёда аз 40 шӯъбаҳои ёрии иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар ба ашхоси эҳтиёҷманд кӯмаки саривақтӣ мерасонанд. Инчунин, дар ҷумҳурӣ 13 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки ба маъюбону пиронсолон кӯмакҳои худро мерасонанд»,- зикр намуд А. Ёрбобоев.

Дар фаранҷом ба ҳамаи иштирокдорони ҷамъомад дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии эшон консерти гурӯҳи эстрадии «Шамс» намоиш дода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0614:11Ушел из жизни академик Рахим Масов
21.0612:41В России по подозрению в убийстве Сайёда Сафарходжаева задержано трое таджиков
21.0612:31Десять самых привлекательных домов в Душанбе
21.0611:38В Гиссаре задержан врач-хирург местного Центра здоровья
21.0608:53В Душанбе задержан грабитель, промышлявший на улице Негмата Карабаева


Самое обсуждаемое

19.0619:35В Гиссаре подросток подозревается в изнасиловании малолетней девочки(1)
20.0616:51Бердымухаммедов собрал свой собственный гоночный автомобиль(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468788