Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.01.200114:12

Дар муассисаҳои статсионарӣ меъёри нон дар як шабонарӯз ба 450 гр расонида шуд

Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - 8 июл ҳайати мушовараи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар 6 моҳи аввали соли 2008 мавриди баррасӣ қарор грифт.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Баҳриддин Ҷабборов оид ба бурду бохти Агентӣ дар нимсолаи аввал маълумот дода, қайд кард, ки имрӯз дар муассисаҳои статсионарии кишвар 1351 нафар маъюбону пиронсолон зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо ҳамарӯза 879 нафар кормандони иҷтимоӣ хизмат мерасонанд. Бо назардошти талаботи имрӯза ба меъёри хӯроки бошандагони муассисаҳои статсионарӣ тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла меъёри нон ба 450 грамм (гр), қанд ба 30 гр ва сабзавот ба 50 грам дар як рӯз расонида шуд. Ҳамзамон, меъёрҳои хароҷоти озуқаворӣ аз моҳи апрел дар як шабонарӯз барои калонсолон 15,25 сомонӣ, барои кӯдакон 20,24 сомонӣ, барои беморони касалиҳои рӯҳӣ 13,18 сомонӣ ва барои истироҳатгоҳҳо 12,23 сомонӣ муайян карда шуд.

Дар баробари корҳои анҷомдодашуда, дар фаъолияти баъзе мақомоти Агентӣ камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доштанд, ки зимни санҷиш аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ошкор гардиданд. Аз ҷумла, чунин камбудиҳо дар шӯъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Бохтар ва Вахш ҷойдоштанд, ки ба сардорони онҳо аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ танбеҳ эълон карда шуд.

Дар фарҷом Б. Ҷабборов баҳри пурсамар гардонидани фаъолияти Агентӣ давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0217:05Как выжить, попав под лавину? Подробная инструкция действий
24.0217:02А вы знаете, как защищена банкнота в 50 сомони?
24.0215:05Нацбанк Таджикистана отозвал лицензии у двух проблемных банков
24.0213:38Готовы ли Вашингтон и Лондон отказаться от захваченных территорий?
24.0213:38Нацбанк Таджикистана отобрал лицензии у «Таджпромбанка» и «Фононбанка»


Самое обсуждаемое

22.0216:02Российский суд вынес пожизненный приговор уроженцу Таджикистана за убийство полицейского и его семьи(4)
24.0207:00Ташкент объяснил – почему отказался принять рейс из Душанбе(2)
23.0212:36Самолет в Ташкент вновь не вылетел(2)
23.0216:50Супруги президентов стран бывшего СССР — чем они занимаются(1)
24.0210:15Денежные переводы мигрантов из России равны трети ВВП Таджикистана(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263