Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы



Аренда биотуалетов
Аренда туалетных кабин

Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.01.200110:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Азиз Раҳим ад-Деҳанӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Азиз Раҳим ад-Деҳанӣ ва Сардори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт Юсуф ал-Меъроҷро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Азиз Раҳим ад-Деҳанӣ дуруду паёми Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, мужда овард, ки Ҳукумат ва мардуми Кувайт ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон баҳри бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ кўмаки башардўстона ирсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба роҳбарияти Давлати Кувайт барои расондани кўмаки бародарона арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар гуфтугўйи судманд анҷом доданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт ба фазои сиёсию ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро умедбахш маънидод кард.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

26.0620:33Эмомали Рахмон: «Гражданская война была навязана внешними силами»
26.0612:13Более 120 человек сгорели заживо при взрыве бензовоза в Пакистане (видео +18)
26.0611:06В Таджикистан отгружена первая партия автомобилей JAC казахстанской сборки
26.0609:06Таджикистан отмечает Ид аль-Фитр. ВИДЕО
25.0615:26Тысячи мусульман в России участвовали в праздничном намазе. 2 ВИДЕО


Самое обсуждаемое

26.0616:09В Таджикистане проходит акция «Я против пыток сегодня, завтра, всегда!»(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312482