Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

28.01.200109:12

Татбиқи лоиҳаҳои бо обтаъминкунии пойтахт дар маркази диққати шаҳрдорӣ

           Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи ҷараёнии татбиқи лоиҳаҳои бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва азхудкунии маблағҳо дар мӯҳлати пешбинигардидаи лоиҳавӣ дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.

Роҷеъ ба натиҷаи анҷомдодаи гурӯҳи корӣ оид ба санҷиш аз рӯи таъиноти лоиҳавӣ мақсадноказхудкунии маблағҳои инвеститсионӣ сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволии давлатии ҷумҳурӣ Б. Алиев сардори бахши баҳисобгирӣ ва омори қарзҳои давлатии Сарраёсати қарзҳои давлатии Вазорати молияи ҷумҳурӣ Ш. Муллоев гузориш дода, таъкид карданд, ки тамоми корҳо тибқи нақша ва мӯҳлатҳои пешбинигардидаи лоиҳа бо вусъат ҷараён доранд.

Дар робита, Маҳмадсаид Убайдуллоевдиректори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳриДушанбе» Зайналобиддин Кобулиевро муваззаф кард, ки бо ташкилу назорати қатъии корҳои сохтмонӣ азнавсозии ҳавзи танзими шабонарӯзии КВД «Обу корези Душанбе»-ро то 1 ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида, иншоотро аз рӯи таъинот баистифодабарӣ омода намояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ба фаъолият шурӯъ намудани иншоотимазкур ба коҳиш додани мушкилоти сокинони пойтахт ҷихати дастрасӣ ба оби тоза мусоидат хоҳад намуд.

Раиси шаҳр дар ҷаласа ҳамзамон нисбати вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи саривақтбаровардани партовҳои маишӣ аз ҳудуди пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон беэътиноӣ зоҳир накарда, сифати хизматрасониро баланд бардоранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(8)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00