Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.01.200110:12

Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –Дар Вазорати тандурустии Ҷуиҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ ва зиддибӯҳронӣ дар бахши тандурустӣ, барқарор намудани фаъолияти мӯътадил ва роҳбарии амалӣ, кабули қарорҳои қатъӣ ҷиҳатирушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат дигаргуниҳои куллӣ ворид намуд.

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд, дар асоси гузориши мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартарафкардани камбудиҳо дар фаъолияти Вазорат пешниҳод карда шуд, ки бахши назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ аз бахши назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ҷудо карда шавад. Дар ҳамин замина назорати давлатии фаъолияти тиббӣ аз Маркази назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва тиббӣ (бо хуқуқи хадамот) ҷудо карда шуда, Маркази назорати давлатии фаъолияти тиббӣ (бо хуқуқи хадамот) дар алоҳидагӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Бо мақсади истифодаи мақсадноки имкониятҳо ва потенсиали илмию амалии мутахассисони соҳаи тибби касбӣ ва ҷиҳати татбиқи Консепсияи таҷдиди сохтори беморхонавӣ зарурат ба миён омадааст, ки аз сохтори Пажӯҳижгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон, клиникаи тибби касбӣҷудо карда шуда, ба Маркази Ҷумҳуриявии тибби касбӣ табдил дода шавад.

Ислоҳоти зикргардида ба мо имконият медиҳад, ки потенсиали пажӯҳишгоҳиномбурда ба пуррагӣ барои ҳалли мушкилиҳои санитарию беҳдоштӣ истифода карда шуда, ҳамзамон потенсиали маркази тибби касбӣ барои ҳалли масъалаҳои пешгирии бемориҳои касбӣ, таҳлили сабабҳою омилҳои бемориҳои касбӣ ва роҳҳои пешгирии маъюбшавии истеҳсолӣ равона карда шавад.

Бо дарназардошти имконияти мавҷуда дар доираи ислоҳоти тандурустӣ аз ҳисоби воҳидҳои корие, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори беморхонавӣ пайдо мешаванд, бе дархост намудани воҳидҳои корӣ ва маблағгузариҳоииловагӣдар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0310:16Президент посетил Международный аэропорт Худжанда
27.0309:41Таджикистану с учетом достройки Рогуна рекомендуют создать дополнительную трансграничную инфраструктуру
27.0309:27«Ежедневный смартфон» от Tcell возвращается
27.0308:39ЧП на границе: таджикский пограничник застрелил своего сослуживца
27.0308:24МВД сообщил о задержании лже-свидетеля по резонансному убийству девушки в Турсунзаде


Самое обсуждаемое

24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)
27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00