Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.01.200110:12

Чашмандоз

           Шарҳи матбуот

           Панҷшанбе, 10 июл. АМИТ «Ховар»

           Бурҳониддин Каримзода

Натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни даҳсолагии шаҳри Остона, ҳамчун мавзӯи асосӣ дар саҳифаҳои аввали нашрияҳо ҷой дода шудааст

«Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили ҳалталаби ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мубодилаи афкор намуд»- қайд шудааст дар гузориши рӯзномаи «Ҷумҳурият».

Дар ин ва рӯзномаи «Садои мардум» тамоми хабару гузоришҳоро аз чорабиниҳои расмӣ пайдо хоҳед кард. 

Доир ба мавзӯи андозсупорӣ, ҷамъоварии андоз, фаъолияти соҳибкорон, таъминоти аҳолӣ бо молу маводи зарурӣ ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» матолиби зиёде ба табъ расондааст. Аз ҷумла, вобаста ба таѓйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои андозсупору андозситонҳо мактуби дастуриепешниҳод карда шудааст.

Роҳдар кишвари мо аҳамияти беандоза бузург дорад. Доир ба баъзе проблемаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣрузноманигор Ҳикмати Неъматдар ҳафтаномаи «Нақлиёт» мақолаи таҳлилие ба нашр расондааст, бо номи «Бетартибиҳо то ба кай?» ва дар ҳошияи он аз ҷумла омадааст: «Бовари кас намеояд, ки дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ то ин дараҷа бесомониҳо роҳ ёфта будаанд. Чандин хадамоти назоратӣ ин соҳаро танзиму назорат мекунанд, вале дар асл ронандаҳо бо табъи худ кор мекардаанд» 

Масъалаи сохтмони НОБ-и Роѓун ва ҳалли проблемаи таъминот бо барқдар мусоҳибаи хабарнигори «Чархи гардун» бо узви вобастаи АУ Тоҷикистон Уроқов А.У. баррасӣ шудааст «Имрӯз асоситарин мушкилот, ки садди роҳи мо шудааст ин масъалаи маблаѓ мебошад. Ба Ҳукумати кишвар, сиёсатмадорони мо зарур аст, ки роҳҳои воқеии ба сохтмон ҷалб кардани маблаѓҳои заруриро пайдо кунанд»- қайд шудааст дар мусоҳиба.

Ҳоло мавсими қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус шурӯъ шудааст. Ҳама рӯзномаю ҳафтаномаҳо дар ин бора иттилоъ дода, саҳифаҳои махсус таҳия кардаанд. Аз ҷумла, дар бахши «Маориф»-и ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» доир ба таҷрибаи қобили таваҷҷӯҳиВазорати маорифи Озарбойҷон маълумот дода шудааст: «Вазири нави маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон, доктори илмҳои математика Масир Мардоновро яке аз муваффақтарин вазирҳо меҳисобанд. Дар вазорат «телефони боварӣ» амал мекунад ва тариқи муроҷиат кардан ба Маркази бӯҳронӣ сабт шудааст. Болои онҳо бо ҳарфи калон навиштаанд: «Донишҷӯ, ришва мадеҳ! Ҳоло ягона мактаби олие, ки дар он ришвагирию шиносбозӣ вуҷуд надорад, Донишгоҳи Хазар аст» 

Бисёр эълону маълумотномаҳоро доир ба қоидаву тартиби қабул ба макотиби олии кишвар аз саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» пайдо мекунед. Аз ҷумла, нашрия оид ба таҷрибаи курсҳои тайёрӣ барои дохилшавандагон маълумот додааст. Ҳамчунин, аз ин нашрия мақолаҳои ҷолибро мехонед зери унвонҳои «Наврасонро худамон муфтхӯр кардаем», «Фароѓат ё ташвиш», «Ба дониши хонандагон кӣ баҳо медиҳад?»

Иди забони тоҷикӣ наздик аст. Шояд аз ин сабаб бошад ин дафъа нашрияҳо бештар ба ин мавзӯъ дахл кардаанд. Дар соли бузургдошти забони тоҷикӣ мо чӣ корҳоро анҷом додем? Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Ин ва дигар суолҳо дар навиштаҳои газетаҳо матраҳ шудаанд. «Забони давлатии моро аз дуҳокимиятӣ ва нимсоҳибӣ, аз рақобати абарқудратҳо раҳоӣ бахшида, ба пои худ бояд гузошт, то худ роҳ паймудан омӯзад ва сарнавишти худро ба дасти худ амалӣ намояд. Забони моро истиқлоли комил ва соҳибихтиёрии пурра лозим аст. Форсии тоҷикӣ соҳиби хонаи худ бошад, хоҳем дид, ки барои хонаороӣ аҷаб табъи баланд дорад»- қайд шудааст дар мақолаи донишманди маъруфи тоҷик Муҳамадҷон Шакурии Бухороӣ, бо номи «Боз як нигоҳ ба амалкарди забони давлатӣ» дар ҳафтаномаи «Озодагон».

«Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи унвонҷӯ Илҳом Эшонзодаро таҳти унвони «Мақоми забони тоҷикӣ дар Кешрӯд» пешкаши хонандагон намудааст. Дар оѓози мақола таъкид шудааст: «Забони тоҷикӣ яке аз ҷузъҳои пайванди забони забони форсӣ буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз иштиҳор ва иқтидори худро аз даст надодааст. Агар дар оинаи таърих назар афканем, равшан мегардад, ки ташаккул ва таҳаввули ин забон дар давраи давлатдории Сомониён бармало эҳсос мешавад».

            Воқеан мардуми мо аслан нисбати дигар забонҳо низ боэҳтироманд ва дар ин ҷода комёбиҳои зиёде низ ба даст овардаанд. Чунончӣ «Садои мардум»бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» муждаеро чоп кардааст: «ДарМосква олимпиадаи байналмилалии забони русӣ баргузор гардид. Дар он 10 нафар талабагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ширкат варзиданд. Талабаи синфи 7-уми мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев дар байни намояндагони 36 мамлакати ҷаҳон ѓолиби мутлақи олимпиада гардид»

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

09.1218:08«Як чи парто». За что мы ежедневно даем «на лапу»
09.1214:58С.Аслов заявил о недопустимости участия криминальных лиц на мероприятиях ОБСЕ
09.1214:48Житель Исфары подозревается в покушении на убийство
09.1214:41ОДКБ требует не пустить "преступников" на заседания ОБСЕ
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(1)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)
08.1215:2825 лет без СССР(1)
08.1214:51В министерстве культуры обсужден вопрос о переносе памятника Абуали Сино(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00