Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.01.200112:12

М. Шокирова«4 ҳазор нафар занони ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатианд»

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - «Бино ба иттилои аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастрас намудаи мо имрӯз тақрибан 4 ҳазор нафар занони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар дар муҳоҷират ҳастанд ва аз рӯи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шояд ин шумора зиёдтар бошад», - иттилоъ дод мудири шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои бурунмарзии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърифат Шокирова 10 июл, зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди ин имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, як нафар зан узви Раёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, дар вазорату кумитаҳои давлатӣ 4 муовини аввал, 4 муовин ва 2 нафар ба сифати ректорони мактаҳои олии кишвар фаъолият доранд.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки солҳои 2002-2006 ба Акедемияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия барои таҳсил 12 нафар занон фиристода шудаанд, ки то имрӯз 4 нафари эшон Академияи мазкурро хатм карданд, ки ин бевосита ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар фарҷом М. Шокирова ва мудирони шӯъбаҳои кумита ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0315:00Кого из граждан Таджикистана коснется миграционная амнистия
27.0313:31В Худжанде установили памятник в честь героев фильма «Я встретил девушку»
27.0313:23Таджикистан увеличил объемы поставок электроэнергии в Афганистан
27.0312:51Как связаны истории «Бухорои Шариф» и последнего эмира Бухары
27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(2)


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(2)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156254