Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.01.200117:12

Мулокоти Эмомалӣ Раҳмон бо Зарораҳмад Муқбил

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзўъҳо зоҳир гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни вохўрӣ изҳор дошт, ки кишвараш бовуҷуди дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ қарор доштанаш ба муқобили кишт ва парвариши маводи нашъаовар, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебарад. Агар соли гузаштадар натиҷаи амалиёти дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 150 тонна маводи нашъаовар аз муомилот боздошта шуда бошад, пас ин рақам фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 250 тонна баробар шудааст. Дар соли гузашта ҳангоми ифои вазифа 1119 корманди мақомоти корҳои дохилаи Афғонистонба ҳалок шудаанд, ки аз ин шумора дар амалиётҳои зидди парвариш ва қочоқи маводи мухаддир 87 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Умуман соле дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 11- 12 ҳазор ҷиноят содир карда мешавад, ки теъдоди он сол то сол дар ҳамдасти бо қувваҳои колоатсионӣ кам карда мешавад. Дар вохўрӣмубодилаи иттилооту таҷриба ва ҳамгироию дастгирии байниҳамдигарии сохторҳои марбутаи ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои қудратии ҳар ду давлати ҳамсоя дар оянда низ муштаракан бар зидди ҳар гуна ҷиноятҳои ба амнияти дохилӣ ва минтақа хавфу хатар дошта муборизаи беамон хоҳанд бурд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

08.1215:03США на треть увеличили размер финансовой помощи Таджикистану
08.1214:02МВД опубликовало фото причастных к взятию заложника в Турсунзаде
08.1213:36Новый клип Тахмины Ниязовой "Ты не достоин меня"
08.1213:09Президент Узбекистана: Не народ должен служить госорганам, а госорганы — народу
08.1212:33Опрос: много ли соседи по СНГ знают друг о друге?


Самое обсуждаемое

07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(6)
05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(1)
07.1216:01Как Душанбе сделать туристической столицей? Голосуйте!(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156278