Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

30.01.200115:12

Нури зиндагӣ

Душанбе,10 июл. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).-Дар ин рӯзҳое, ки тасфи нурҳои офтоб баландтар шудааст, нашрияи наве арзи ҳастӣ намуд бо номи «Нури зиндагӣ».

«Имрӯз барои гуфтану дари дод кӯфтан минбарҳои зиёде дар ихтиёри Шумост ва рӯзномаи тозатаъсиси «Нури зиндагӣ» минбари дигарест, то агар дар ҷое ба гуфтаи Шумо гӯш надиҳанду ба имдодатон нарасанд, пас мо омодаем, ки ин масъулиятро ба дӯши худ дошта бошему розу ниёзатонро барои мо ифшо намоед» - қайд шудааст дар сармақолаи нашрия.

Дар шумораи нахустин пеш аз ҳама симои Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ пеши назари Шумо ҷилвагар мешавад. Дар се саҳифа матни мусоҳибаи сармуҳаррири нашрия Ҷумъаи Мирзоро пайдо мекунед бо ҳамсари устоди шодравон Лоиқ - муаллима Зебинисо Қутбиддинова, зери унвони «Лоиқ угропалави модар ва кӯдакбониро дӯст медошт». Шарҳи иқтисодии шумора ба мавзӯи таъмини амнияти энергетикӣ бахшида шудааст. Инчунин дар мавзӯҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, расму анъанаҳои мардумӣ, таълиму тарбия мақолаҳоро мехонед зери унвонҳои «Худкушӣ: Эътироз ё беморӣ», «Тозагии забон – лаҳни равони ширин», «Масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд», «Тобистон фасли хурӯҷи бемории домана» ва ѓайра.

Аҳли эҷоди нашриябо мақсади манфиат расондан ба Ватану миллат рӯзноманигорон, олимону адибон ва ҳамаи ихлосмандонро ба ҳамкорӣ даъват мекунад ва тавассути ин нашрия «ба рӯзгори ҳар яки Шумо гармиву рӯшноӣ ва покизагиро зам карданист».

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

07.1211:19Эмомали Рахмон надеется, что Всемирный банк поддержит Таджикистан в условиях кризиса
07.1211:04В Таджикистане запрещено оказание услуг почтовой связи без лицензии
07.1210:36В Москве и Подмосковье задержаны 25 подозреваемых в экстремизме
07.1210:26Сложная конъюнктура для ведения бизнеса в Таджикистане ограничила поток инвестиций
07.1210:10Новый президент США будет жить за проволокой (фото)


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(6)
07.1207:59Власти Таджикистана планируют в два раза сократить уровень бедности(4)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156227