Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.01.200115:12

Ҳаҷми грантҳо дар самти дастгирии занон ба 1 миллион сомонӣ расонида шуд

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар дар соли 2006, ҳамасола 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 10 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва 10 гранти дигар дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2006-2010 таъсис дода шудааст. Дар рафти амалигардонии барномаи мазкур дар соли 2007-ум 2955 нафар занону духтарон ҷалб гардида, 90 нафари онҳо соҳиби сертификат ва шаҳодатнома гардидаанд.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо супориши Президенти ҷумҳурӣ дар мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ ҳаҷми грантҳои номбурда ба 1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин бевосита дар баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқиву маърифатии занони кишвар мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи мазкур баҳри дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии занону духтарон, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар мавзӯъҳои мухталиф оид ба ҳуқуқу мавқеи занон дар ҷомеа семинару машваратҳо доир намуда, дар ҳалли проблемаҳои онҳо мусоидат менамояд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

24.0608:27МВД сообщило подробности ДТП, в котором погиб Камолиддин Нуралиев
23.0618:49Отец Манучехра: "Моего сына убили или довели до самоубийства"
23.0615:17Учителя стали штукатурами, торговцы – главными инвесторами. Как в Вахдате идет подготовка к празднику
23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)
23.0614:03Свата президента Эмомали Рахмона похоронили в Дангаре


Самое обсуждаемое

23.0614:18Россотрудничество открывает филиал в Худжанде(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312682