Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.01.200118:12

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор сафар кард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳриТурсунзода нахуст бо шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии мошинии ҳосили гандуми заминҳои хоҷагии саҳҳомии кушодаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Сешанбе оғоз ёфт.

Зимни сўҳбат бо роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ маълум шуд, ки он дорои 620 гектар замини корам будааст. Деҳқонон дар 118 гектар ғаллаи обӣ кишт карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сўҳбат бо мутахассисону деҳқонон таъкид намуд, ки ҳосили ғалла аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнерӣ кам нашавад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки дар ҳамаи заминҳои ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ баъди ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронда, аз ин заминҳосабзавот ва зироатҳои лўбиёгию хўроки чорво рўёнанд. То имрўз аллакай дар зиёда аз 100 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Дар ҳамаи хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода бошад, мувофиқи нақша дар 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда мешавад, ки дар 1,5 гектараш аллакай ин кор анҷом ёфтааст. Дар 100 гектар лўбиё кишт карда шудааст, ки аз ҳар гектараш 25 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Ба гуфти онҳо 25 сентнерӣ аз кишти такрории лўбиё ҳосили хуб аст.

Умуман таъкид гардид, ки солҳои охир баъди ғамхорию дастгириҳои зиёди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани ҳавасмандии деҳқонон соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дубора фоидаовар шудааст.

Дар маҳаллаи 9-уми шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ба коргарони пешқадам ва собиқадори КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо хонаҳо зикр гардид, ки бинои истиқоматӣ аз 50 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дороишароити хуби зиндагианд. Бинои истиқоматӣ бо харҷи 4 миллиону 380 ҳазор сомонӣ маблағҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» бунёд ёфтааст.

Хотиррасон бояд кард, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» вазифадор шудааст, ки ҳар сол дар шаҳри Турсунзода на камтар аз як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта, ба истифода диҳад.

Тибқи ин супориш худи ҳамин рўз дар паҳлўи ин бинои истиқоматӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали боз ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд, ки иборат аз 100 хона хоҳанд буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин биноҳо соли 2009-ум то рўзҳои ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шаванд.

Хамин тариқ имрўз 50 оилаи хушбахт соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданд ва баъд аз як солу ду моҳи дигар боз 100коргари КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва дигар эҳтиёҷмандон ба хонаҳои нав ворид хоҳанд шуд.

Яке аз иншооти бисёр муҳим, ки имрўз дар фазои тантанавӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд, ин литсейи Президентии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ буд, ки барои 320 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки бунёди литсей аз ҷониби сохтмончиёни ширкати ватании Фобос анҷом ёфта, дар давраи сохтмон беш аз 500 нафар бо кор ва маоши миёнаи 1000-1500 сомонӣ таъмин гаштаанд.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки имрўз сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллии дигар соҳаҳо низ нозукиҳои бисёр корҳои мураккабу сангинро аз бар намуда, аз ўҳдаи он ба хубӣ мебароянд.

Литсейи Президентӣ аз синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, синфҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, як толори калони маҷлисӣ бо зиёда аз 200 ҷойи нишаст ва ошхонаи зебою барҳаво бо 80 ҷойи нишаст иборат аст. Толори варзишии литсей бошад басо калону барҳаво буда, барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити дар ин ҷо бунёдгашта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ба ин литсей хонандагони болаёқату соҳибзавқ аз тамоми ҷумҳурӣ ва омўзгорони ботаҷрибаю кордон ба тариқи озмун қабул карда шаванд.

Литсейи Президентии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ бо харҷи 8, 5 миллион сомонӣ бо кўмаки молиявии ширкати «Аляска металз»- и Британияи Кабир, ки аз ҷумлаи шарикони хориҷии «Ширкати алюминийи тоҷик» аст, дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода қомат афрохта, боиси сарфарозӣ ва шукргузории омўзгорону хонандагон гаштааст.

Тибқи иттилои роҳбарияти литсей дар он хонандагони аз синфи ҳафт боло тавассути озмун қабул шуда, ба равияи табиию риёзӣ ё фанҳои дақиқ бо таълиму тарбияи босифат фаро гирифта мешаванд. Дар ин литсей беш аз 50 нафар омўзгорону дигар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмондар саҳни ҳавлии литсей суханронӣ намуда, оид ба нақшаҳои имрўзаю ояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи маориф, тарбияи насли ҷавон ва дастгирии давлатии хонандагони болаёқат андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Турсунзода 17 адад мактабҳои гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Се мактаб дар ҳамин ду рўзи охир мавриди истифода қарор гирифт, то оғози соли таҳсил сохтмони боз се-тои дигар ба охир мерасад.

Яке аз мактабҳои имрўз мавриди истифода қароргирифта мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 13 дар деҳаи Батоши ҷамоати Қаратоғ аст, ки барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Шодию нишоти омўзгорону хонандагонимактабро ҳадду канор набуд, зеро ки мактаби пештара дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, шароити арзандаи таълимӣ ҳам надоштааст.

Чунонки маълум шуд, мактаб дар зарфи камтар аз як соли охир бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд ёфта, дорои шароити ҳозиразамони таълимӣ, аз ҷумла синфҳои махсуси фаннӣ ва ғайра мебошад.

Як мактаби дигар барои 324 нафар хонанда дирўз ба истифода дода шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки он мактабро васеъ карда, барои 640 нафар хонанда шароит муҳаё намоянд.

Дар паҳлўи литсейи Президентӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ҳамчунин як маркази тиҷоратӣ бо номи зебою форами «Муждаи васл» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мавриди истифодаи қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки маркази савдо аз ду ошёна, тарабхона, мағозаи хўрокворӣ, нуқтаҳои фурўши сару либос, ашёву анҷоми рўзгор иборат буда, дар он 45 ҷойи корӣ барои мардуми маҳаллӣ омода гаштааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як гўшаи калони ин маркази хусусии савдо барои китобҳои дарсию бадеӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ ҷудо карда шавад.

Дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин чойхонаи миллии Регар, ки бо тарҳи фораму диданиаш ба яке аз кўчаҳоимарказии ин шаҳрҳусни наву зебо зам намудааст, дар фазои бошукўҳи идона ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз бинои дуошёнаи чойхона зикр гардид, ки он аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ бо харҷи 2 миллиону 63 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар чойхона баҳри вохўрӣ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар заҳматкашони шаҳри Турсунзода гирди ҳам омада буданд.

Байни Роҳбари давлат ва ин пирони рўзгордидасўҳбати озоду ошкоро оид ба масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба низом даровардани ҷашнҳо ва расму ойини мардумӣ, танзими оила, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ, қадрдонӣ аз истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.

Маълум шуд, ки онҳо тадбирҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ҳидоят кардани мардум, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва ғайраро ҳамаҷониба дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки чойхона Ваҳдат номгузорӣ карда шавад ва ин таклиф бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Иншооти аз ҳама муҳиме, ки имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ расман ба истифода дода шуд, ин Варзишгоҳи марказии Металлурги шаҳри Турсунзода буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин варзишгоҳи бошукўҳро тўҳфаи арзанда ба ҷавонони шаҳри Турсунзода номид.

Хотиррасон бояд кард, ки 22 марти соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Наврўзи хуҷастапай ба роҳбарияти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва шаҳри Турсунзода супориш дода буд, ки ин варзишгоҳро навсозӣ карда, ҷойҳои нишасташро барои тамошобинон зиёд намоянд ва имрўз ин рўзи фаромушнашаванда барои ҷавонони ин минтақа фаро расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷамъомада муроҷиат карда, таъкид дошт, ки татбиқи сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шаҳрванд аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафҳои воло пайваста қадамҳои устувор мегузорад.

Баъди суханронии пурмўҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири паҳлўҳои гуногуни сиёсати имрўзаи давлат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа буд, намоиши театрикунондашудаи ҳунармандони касбию ҳаваскори театрӣ ва консерти бошукўҳи устодони санъати рақсу суруд пешкаши тамошобинон гашт. Намоиш саршор аз саҳнаҳои тарғибкунандаи ваҳдату ягонагӣ, ҳисси ифтихор аз истиқлоли кишвар, давлату давлатдории миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ буд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи иншооти имрўз дар шаҳри Турсунзода ба истифода додашуда 400 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.

Варзишгоҳи мазкур бо стандартҳои муосири чунин иншооти варзишӣ бунёд ёфта, хеле зебо ва мунаввару рангин гаштааст. Агар шабона аз баландӣ сўйи ин варзишгоҳ назар афканӣ, боз ҳам бештару хубтар аён мегардад, ки чӣ қадар ин иншоот ба шаҳри Турсунзода ҳусну зебоии тоза зам намудааст.

Месазад ёдовар шавем, ки аксари корҳои бунёдкорию созандагии шаҳри Турсунзода ва водии зархези Ҳисор, ки солҳои охир дар он ба назар мерасад, бо дастгирии молиявии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» сурат мегирад ва ҳамаи ин самараи дастуру ҳидоятҳо ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қобили таъкид аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тайи чанд соли охир аз ҳолати бўҳронии пешина баромада, имрўз ҳамчунин тавони ба по хезондани дигар кохонаҳои саноатии кишварро низ ба даст овардааст.

Воқеан бе потенсиали зарурии кадрҳо пешрафти корро ба даст овардан номумкин аст. Аз ин хотир иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дар шаҳри Душанбе кушодани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишкадаи давлатии кўҳии Санкт-Петербург айни муддао аст.

Бо ҳаҷми кор таъмин намудани корхонаҳои саноатии кишвар имрўз яке аз самтҳои асосии фаъолияти «Ширкати алюминийи тоҷик» гаштааст. Ин кор бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, тавассути он ҳоло беш аз 30 корхонаи саноатии кишвар ҳаҷми истеҳсолоти худро афзун намуда, шумораи зиёди коргаронашонро бо кор ва маоши баланд таъмин менамоянд.

Танҳо ҶСП «Сомон таҷҳизот»-и шаҳри Душанбе бо дархости «Ширкати алюминийи тоҷик» беш аз 300 намуд қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад.

Маоши миёнаи коргаронаш 600 сомониро ташкил медиҳад. Коргарони пешқадам бошанд, дар як моҳ то 4 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Дар корхонаи маҳсулоти оҳану бетонии «Сомон саноат»-и шаҳри Душанбе истеҳсоли дегҳои бузурги алюминийгудозӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои иваз намудани дегҳои фарсудашудаи «Ширкати алюминийи тоҷик» пешбинӣ гаштаанд.

Иҷро намудани чунин кори нозуки технологӣ барои коллективи корхонаи маҳсулоти оҳану бетонӣ кори нав бошад ҳам сифати дегҳои бузурги алюминийгудозиашон ҳеҷ шаку шубҳаро ба миён намеорад.

КВД-и «Тоҷиктекстилмаш» бошад, бо дархости «Ширкати алюминийи тоҷик» беш аз 50 намуд қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда, 450 – 500 нафар коргаронашро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудааст. Коргарони пешқадами ин корхона то 2,5 – 3 ҳазор сомонӣ маош мегириранд.

Ба гуфти муовини директори корхона оид ба истеҳсолот Комил Сангаков тамоми 18 сехи он дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд ва дар сурати вуҷуд доштани талабот «Тоҷиктекстилмаш» метавонад бо иқтидори пуррааш кор кунад.

«Ширкати алюминийи тоҷик» ният дорад, ки бо дигар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ҳамкории худро васеъ намояд. Айни ҳол бо корхонаи муштаракиХуҷанд - ЗиЛ, Востокредмет, Чароғи Исфара ва корхонаи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кўлоб ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳияи Ёвон «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфузи худ аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон ҳамчунин Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштани худро амалӣ мекунад, ки татбиқи он кори мунтазами Маркази барқу гармидиҳӣ ваҶамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром»-и ин ноҳияро таъмин менамояд.

Ҳамагӣ дар доираи ин барнома 11 иншооти бузург дар ноҳияи Ёвон ва водии Рашту Дарвоз бунёд хоҳад ёфт, ки дар натиҷа 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор бо шариконии чини«Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон аллакай оғоз ёфтааст ва то моҳи майи соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Дар роҳи бозгашт аз шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав бо рафти кишти такрории заминҳои обӣ дар кооперативи истеҳсолии «Қаҳрамони озод» аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 93 гектар заминҳои корам аст. Аз он дар 50 гектараш пахта ва дар заминҳои дигар ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишт намудаанд.

Тибқи маълумоти Раиси хоҷагӣ Назокат Тилакова аҳли хоҷагӣ ният доранд, ки дар ҳамаизаминҳои ғаллаи обӣ ва сабзавоти барвақтӣ кишти такрории сабзавоти тирамоҳӣ ва зироатҳои лўбиёгию хўроки чорворо ба роҳ монанд. Ба гуфти ў ҳосилнокии заминҳо хуб аст ва деҳқонон ҳосили фаровон рўёнда, фоидаи хуб ба даст меоранд.

Кори саҳмдори ҳамин хоҷагӣ Хушбахт Асадов боиси дастгирӣ ва пайравии васеъ аст, зеро ки дар заминҳои ў аксаран ҷавонмардон ба деҳқонӣ машғул шуда, ҳосили фаровон мерўёндаанд.

Умуман дар ноҳияи Шаҳринав имсол дар майдони беш аз 1400 гектар бояд кишти такрорӣ гузаронда шавад. Кишти 1000 гектараш аллакай анҷом ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони ин ва дигар хоҷагиҳо бори дигар таъкид намуд, ки барои таъмини неъматҳои фаровони дастурхони мардум ва амнияти озуқавории кишвар ягон ваҷаб замини киштбоби обӣ бояд бекор намонад ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд захираи дусолаи маводи ғизоии худро дошта бошад, то ки худро аз таъсири манфии болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ эмин дорад.

Зимни боздид аз нашъунамои зироатҳо ба деҳқон додани замин, истифодаи тухмии серҳосили зироатҳо ва коркарди дурусти агротехникӣ аз сабабҳои асосии эҳё шудани соҳаи кишоварзӣ маънидод гашт. Аз ҷумла истифодаи тухмиҳои серҳосили пахтаи навъҳои Флора ва Кармен ва тухмиҳои элита ва супер элитаи гандум боиси ба даст овардани ҳосили фаровони ин зироатҳо ва афзоиши ҳавасмандии деҳқонон гаштааст. Зикр гардид, ки тухмии пахтаи навъҳои Флора ва Кармен имрўз дар зиёда аз 2 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои гуногуни кишвар кишт карда шудааст, ки бояд ҳосили фаровон диҳанд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳринав аз ҷумла чорводорону парандапарварон ва саноатчиён низ маҳсулу меҳнати худро ба ин ҷо ба маъраз бароварда буданд.

Дар мавриди корхонаи парандапарварии ноҳия зикр гардид, ки айни ҳол дорои 100 ҳазор мурғ аст ва то охири соли равон саршумори он 170 ҳазор мерасад.

Тибқи ахбороти масъулин парвариши гўсфанди ҳисорӣ низ вусъат ёфта истодааст. Танҳо дар як хоҷагии он 12 ҳазор сар аз ин навъи сергўшти гўсфанд парвариш меёбад, ки вазни зиндаи ҳар кадоме аз онҳо то 160 килограм мерасад.

Корхонаи хишти ноҳия бошад то 3 миллион дона хишти аълосифат истеҳсол мекунад, ки дар бозори дохилии кишвар харидорони зиёд дорад. Чанде пеш дар он боз як сехи нав кушода шудааст, ки дар он 40 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт ба шаҳри Душанбе ҳамчунин шоҳиди кори пурҷўшу хурўши аҳли заҳмати хоҷагии Файзбахш-2-и ноҳияи Ҳисор шуд, ки муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вусъат додани кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсолоти ватании маҳсулоти кишоварзӣва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии худӣ дастури кори хешқарор додаанд.

Зимни сўҳбат бо раиси он Саидҷон Саидаҳмадов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 357 гектар буда, аз заминҳои обӣ ба ҳисоби миёна 40-50 сентнерӣ гандум ҷамъоварӣ намудаанд.

Имрўз дар тамоми заминҳои аз ғалладона ва сабзавоту макадони барвақтӣ холишуда кишти тарорӣ гузаронда истодаанд. Дар 16 гектари ин замин худи ҳамин рўз кишти картошкаи тирамоҳӣ оғоз ёфт. Аз заминҳои макадон аҳли хоҷагӣ аз тухмиҳои серҳосили хориҷӣ истифода намуда, ҳосили фаровони дони ҷуворимака барои тухмӣ ва хўроки чорво рўёнданианд.

Аз ҳамаи ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар ноҳияҳои водии зархези Ҳисор муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди дастгирию ҳамовозии васеъ қарор гирифтааст ва кишоварзони заҳматпешаи ин ва дигар минтақаҳои кишвар фаровонии неъматҳои моддии худиро дар бозори истеъмолӣ таъмин мекунанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

04.1215:34Узбекистан выбрал нового президента
04.1215:01День рождения Пророка: без помпезности и угощений
04.1212:14Жизнь в гараже. ВИДЕО
03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0270309