Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.01.200114:12

Сохтмони роҳи оҳан кишварҳои форсизабонро бо ҳам васл менамояд

           Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сохтмони роҳи оҳан, ки се кишвари ҳамзабони минтақа -Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҳам мепайвандад, вусъати тоза мегирад. Феълан сохтмони роҳи оҳан аз ҷонибиЭрон то марзи Ҳирот омадааст.

Тарҳи роҳи оҳан, ки аз ҷониби Афғонистон сохта мешавад, ду хати роҳи оҳан буда, Шерхонбандари Афғонистонро бо минтақаи Панҷи Поёни Тоҷикистон васл мекунад, -гуфт зимни мусоҳибаба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ.

Дар ин замина, яке аз қисмати қарордоди ҳамкорие, ки байни Афғонистону Чин ба имзо расидааст, сохтмони роҳи оҳан аз ҳудуди Афғонистон то марзи Тоҷикистон аст, афзуд Сафир. Сохтмони хати дигари роҳи оҳан Кобул -Лугар то марзи Турхан ба Покистон мебошад. Ҳамзамон як хати дигаре, ки ҳанӯз имконоти иқтисодӣ аз он таҳия нагардидааст, сохтмони роҳи оҳан байни Пули Хумрӣ- Мазори Шарифва аз Мазори Шариф ба Ҳирот аст. Ва хати оҳандар Ҳирот пайваст мешавад бо Эрон.

Бояд тазаккур дод, сохтмони роҳи оҳан байни кишварҳои форсизабон имконоти бештареро ҷиҳатирушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам оварда,дар тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи дигар кишварҳоиминтақа нақши муассир хоҳад гузошт.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0311:42На юге Таджикистана мужчина задушил женщину «из-за личной неприязни», — МВД
25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре


Самое обсуждаемое

24.0307:03Сборная Таджикистана на последних минутах упустила победу над Бахрейном(2)
24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263