Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.01.200118:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи литсейи Президентӣ бароикўдакони болаёқатишаҳри Турсунзода

Устодони мўҳтарам!

Фарзандони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таълиму тарбия, яъне литсеи Президентӣ барои кўдакони лаёқатманд, ки дар ҳаёти ҳар кадоматон воқеан рўйдоди хотирмону фараҳбахш мебошад, табрик менамоям.

Ҳадафи асосии мо азбунёди силсилаи таълимгоҳҳои Президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри овозадори Турсунзода, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дар мамлакат, фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои хонандагони лаёқатманд буда, ба ин васила мо мехоҳем истеъдодҳои наврасу ҷавонрокашф ва тарбия намоем.

Афзалияти ин таълимгоҳ аз дигар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар он аст, ки таҳсил баъд аз синфи 7-ум шурўъ гардида, ба таври озмоишӣ ба омўзиши фанҳои дақиқ, бахусус илмҳои табииву риёзӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Азбаски шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои бузургтарини саноатии кишвар маҳсуб ёфта, дар истеҳсоли алюминийи аълосифат дар ҷаҳон машҳур мебошад, мо бо ин роҳ мехоҳем мутахассисони маҳаллиро омода созем.

Бинобар ин, муассисаи мазкур бояд яке аз марказҳои таълимиву ҳунаромўзии нерўманди кишвар бошад.

Дар ин гуна мактабҳои типи нав хонандагоне, ки дорои истеъдоду маҳорати илмомўзӣ, маърифату донишҳои замонавӣ, инчунин ахлоқи ҳамида ва рафтори шоиставу намунавӣ ҳастанд, тавассути озмун ба таҳсил ҷалб карда мешаванд.

Тавре ки шумо медонед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ҳамчун нерўи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад.

Бо дарназардошти ин нукта, ҳар солмаблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат чандин маротиба зиёд карда мешавад.

Барои мисол, агар дар соли 2000-ум барои соҳаи маориф аз буҷети давлат 42 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, дар айни ҳол он 13 маротиба афзуда, соли 2009 ба соҳаи маориф аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад.

Андешидани ҳамаи ин тадбирҳо шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ ҳамаи имконоти дониш омўхтанро фароҳам овардааст.

Танҳо аз шумо-хонандагони азиз талаб карда мешавад, ки барои бомаърифат ва соҳиби илму донишҳои гуногун гардидан тамоми нерўву қувваи худро сарф намоед ва ба қадри давлату миллати худ бирасед.

Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 32 мактаби ибтидоӣ, 29 мактаби асосӣ, 53 мактаби миёнаи умумӣ, 4 гимназияи давлатӣ, 2 мактаби хусусӣ ва 1 мактаби миёнаи ғоибонаи касбии ҷавонон амал менамояд, ки дар онҳо беш аз 58 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Турсунзода таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 3700 нафар омўзгорон ба таълиму тарбиямашғуланд.

Дар аксари муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода таълиму тарбия ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Танҳо дар аввали соли хониши 2007-2008 барои мактабҳои таълимашон ба забони ўзбекӣ 6 номгўй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 215 ҳазор нусха мунташир гардида, дастраси хонандагон карда шуд.

Махсусан дар даврони истиқлолияти кишвар мо барои такмил додани соҳаи маориф ислоҳоти соҳаро ба роҳ мондем, ки сиёсати бонизом ва босуботи таҳсилотро дар ҷомеа фароҳам овард.

Аз ҷумла,бунёд, таъмиру тармими мактабҳо, таҷҳизонидани онҳо бо маводи зарурии хониш, нашри китобҳои дарсӣ, таъсиси таълимгоҳҳои типи нав, ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва пешрафтаи таълим татбиқ шуданд.

Зеро ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилот ба инкишофу тараққиёти босубот ва устувори ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд ва нақши илму маориф барои таълиму тарбияи насли солим, шахси фаъолу созанда ва эҷодкор бисёр бузург мебошад.

Сиришти мардуми мо аз қадимулайём бо илму дониш ва қаламу китоб ҳамеша пайванди ногусастанӣ дошта, китоб ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии аҷдодони мо будааст.

Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббиву роҳнамои инсон барои зиндагии оқилонаву фаъолияти босамар мебошад.

Дар навбати худ мактабу дабистон хазинаи ин ганҷинаи муқаддас ва нодир буда,бо раҳнамоӣ ва таълими мураббиёну омўзгорон чароғи донишро метавон дар қалбҳо фурўзон кард.

Аз ин рў, дар урфу одоби ниёгони мо омўхтани донишу ҳунар яке аз рукнҳои асосии маънавият ва фарҳанг ба шумор меравад.

Ҳоло дар мактабҳои мо хонандагони зиёде таҳсил менамоянд, ки дорои қобилияти баланди зеҳниву илмӣ мебошанд.

Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 35 нафар хонандагони болаёқати гимназияву литсейҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣдар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои аввал ва медалу ҷоизаҳо гардиданд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Итминон дорам, ки мактаббачагони тоҷик дар оянда низ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, аз дастовардҳои илму техникаи муосир баҳравар мегарданд ва бо дониши такмилёфта, андешаву афкори созандаву мустақил, ахлоқи ҳамида, рафтори шоиставу намунавӣ ҳамчун фарзандони сазовори Ватан барои ободиву шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шумо бояд ифтихор намоед, ки дар зодгоҳи Мирзо Турсунзода зиндагӣ карда, таълиму тарбия мегиред.

Зеро устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва шоири машҳури миллати тоҷик ба халқу Ватан хизматҳои арзанда карда, аз худ мероси адабии зиёде боқӣ гузоштааст.

Шоир дар ашъори худ ҳамеша тарғибгарисулҳу субот, дўстиву бародарӣ ва зебоиҳои диёри домани гардуни худ-Тоҷикистон буда, инсонҳоро ба роҳи рост даъват мекард.

Махсусан бо ташаббуси устод Турсунзода дар кишвари мо чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангӣ баргузор гардидаанд ва ў ҳамчун меросдори фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик барои зинда кардани кору пайкори шахсиятҳои бузурги адабиву илмӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Мо низ ба хотири бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илмиву фарҳангӣ солҳои охир ба хотирибаланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ як силсила чорабиниҳои илмиву фарҳангиро дар сатҳи давлатӣ доир намудем.

Хушбахтона, имсол низ дар кишварамон чорабиниҳои муҳими давлативу сиёсӣ, аз ҷумла 17-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150 солагии зодрўзи қофиласолори шеъри Аҷам устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва бузургдошти забони тоҷикӣ баргузор мешаванд.

Зеро шинохти бузургон ва арҷ гузоштан ба мероси илмиву фарҳангии онҳо мардуми моро ба бедорӣ ва равшанфикрӣ ҳидоят менамояд.

Аз ин рў, фарзандони мо бояд донанд, ки аҷдодонашон чӣ корномаҳое кардаанд ва онҳо ҳамчун вориси ин шахсиятҳои фарзонаву донишманд бояддонишҳои гуногуни муосир, дастовардҳои техника ва технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷиро азхуд намуда, дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия ёбанд.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ин воқеаи фараҳбахштабрик гуфта, ҳамзамон ба масъулон ва сохтмончиёне, ки дар бунёди ин бинои мўҳташам саҳми арзанда гузоштанд, миннатдории худро иброз медорам.

Саломату сарбаланд бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(7)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156239