Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

31.01.200118:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини мўҳтарам!

Имрўз шаҳри Турсунзода бо симои идона ва ширкати мардуми сарбаланду меҳнатқаринаш тантанаи ба истифода супориданиварзишгоҳи марказиро, ки дорои зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, истиқбол мегирад.

22-уми марти соли 2007, мову шумо дар ҳамин варзишгоҳи ҳанўз нотамом ҷашни Наврўзро истиқбол гирифта, дуои хайр карда будем, ки ин боргоҳи мубораки наврўзӣ ба як иншооти мўҳташами варзишӣ табдил ёбад, то ки мо тавонем минбаъд дар он бузургтарин тантанаҳои мардумӣ, ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ва инчунин мусобиқоти байналмилалии варзиширо баргузор намоем.

Ва чунон, ки ҳоло мебинем, бо ҳиммати ватандўстона ва саъю кўшишҳои пайвастаи сохтмончиёну муҳандисон ва коргарони дорои касбу кори гуногун ин варзишгоҳи мўҳташами замонавӣ ба анҷом расида, боз як гўшаи шаҳри зебоманзари Турсунзода ҳусни тоза гирифтааст.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сохтмончиёну коргарони ободгару офаранда, кулли сокинони шаҳри Турсунзода ва мардуми сарбаланди водии Ҳисорро барои чунин иқдоминаҷиби созанда ва ташаббуси боз ҳам ободу зеботар гардонидани кишвари азизамон самимона табрику таҳният мегўям ва инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дастгирии худро дар ин кори хайр дареғ надоштаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям.

Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, варзиш воситаи муҳими ташкил ва баргузории фароғат ва омили муҳими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва густариши дўстиву рафоқат дар байни одамон мебошад.

Имрўз метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои тилло ва ҷойҳои аввалро соҳиб шуда, шўҳрату эътибори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки бо дастгирии давлат ва дар сатҳи меъёрҳои замонавӣ бунёд гардидани ин варзишгоҳи муосир боиси пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мегардад ва ҷавонони мо анъанаи неки варзишгарони номии мамлакатамонро идомаи нек мебахшанд.

Шаҳри Турсунзода воқеан шаҳри дўстиву бародарӣ ва ҳамкории деринаи халқу миллатҳои гуногун буда, беҳуда номи яке аз фарзандони бузурги миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон - устод Турсунзодаро ба худ нагирифтааст.

Ин шоири бузург ва ходими намоёни давлатӣ, ки фарзанди ҳамин диёр аст, тараннумгари воқеии сулҳу дўстӣ ва равобити созандаву судманди миёни халқҳо буда, бо ашъори дилпазиру афкори ватандўстонаи худ доир ба сулҳу ваҳдат ва дўстиву рафоқат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ошно кардааст.

Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ мардуми бунёдкору ободгар ва фарҳангдўсти водии Ҳисор дар ҳама давру замонҳо ҳусни тафоҳум, равобити мусолиматомез ва таҳкими муносибатҳои дўстонаро аз ҳар гуна мухолифату низоъ авлотар медонистаанд.

Сокинони ин диёри бостонӣ бо косибӣ, махсусан кулолгарӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ аз замонҳои қадим шўҳрат доштаанд.

Шаҳристону кўшкҳои мўҳташам ва иморатҳои зебову барҳаво, боғҳои сарсабз, меваҳои шаҳдбор, иқлими гуворову мусоид ва табиати хушманзараи ин диёр дар давоми асрҳои зиёд диққати сайёҳон, инчунин тоҷирони кишварҳои Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб мекарданд.

Сарзамини куҳанбунёди водии Ҳисори шодмон борҳо дар натиҷаи тохтутозу ғоратгариҳои лашкаркашони аҷнабӣ харобу валангор гашта, қасру кўшкҳои овозадораш яксони хок шудаанд, вале ин ҳама азму ирода ва рўҳи созандагӣ, суннатҳои ободгариву офарандагии мардуми моро шикаста натавонистанд.

Мардуми сарбаланд ва фарҳангпарвари водии Ҳисори шодмон даст ба дасти ҳамдигар дода, боз аз паи киштукор, ободонии қасру хонаҳои харобгаштаи худ мешуданд ва овозаи ин водии зархез боз ба чаҳор самти олам паҳн мешуд.

Имрўз низ баъд аз афрошта шудани парчами истиқлолият дар Тоҷикистон шинохти асолати таърихии миллат, арҷ гузоштан ба забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи онҳо муҳимтарин самти сиёсати фарҳангии давлати мо ба шумор меравад.

Ин амр тақозои замони ҷаҳонишавист, зеро ба андешаи коршиносон дар ибтидои асри XXI талош барои аз худ кардани сарватҳои табиӣ, бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамзамон бо ин, таҳти таъсир қарор додани кишварҳо ва минтақаҳои осебпазир шиддати бесобиқа касб кардааст.

Ин хоҳу нохоҳ моро ба посдошти маърифати маънавӣ, худшиносии милливу фарҳангӣ, дар маҷмўъ ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва густариши эҳсоси ватандўстиву ифтихори ватандорӣ водор месозад.

Дар айни замон, ба андешаи ман густариши раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамчун падида ё тамоюли асосии асри нав ва ҳазорсолаи нав дар баробари ҳифзи муқаддасоти миллӣ ҳамгироии зичи халқу кишварҳои гуногунро дар самти пешрафти техникӣ, технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои навини илм, падидаҳои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин равобити васеи халқҳо ва кишварҳоро тақозо мекунад.

Дўстони азиз!

Шаҳри Турсунзода яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат ба шумор рафта, дар он корхонаи пуриқтидори истеҳсоли алюминий бо маҳсулоти пурқимат ва стратегии худ шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

Ин корхона дар зарфи солҳои фаъолияташ ҳазорҳо коргарони дорои касби гуногунро ба камол расонида, ба мактаби тарбияву омўзиши мутахассисон ва коргарони миллӣ табдил ёфтааст.

Корхонаи алюминий дар ин муддат на танҳо боиси болоравии сатҳи зиндагии мардум гардид, балки ҳамчун омили муҳими ташаккули маърифат, сатҳи маданият ва ҷаҳонбинии сокинони шаҳр ва гирду атрофи он хизмат кард.

Ба шарофати ин корхонаи бузурги саноатӣ даҳҳо хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кўдакистонҳо ва истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо қомат афрохта, шаҳр симои замонавӣ пайдо намуд.

Корҳои сохтмону азнавсозии ин варзишгоҳи обод низ, ки ҳоло мову шумо ба муносибати ифтитоҳи он гирди ҳам омадаем, пурра бо кўмаки молиявии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи қариб панҷуним миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар ноҳияи Турсунзода даҳҳо мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои тиббиву фарҳангӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ қомат афрохтанд, ки ин, албатта, ба пешрафти маорифу маънавиёт ва сатҳи маърифати мардум мусоидат менамояд.

Имрўз аз субҳ то ба назди шумо омаданамон боз 3 муассисаи нави таълимӣ – мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1200 нафар хонанда дар деҳаи Батош, як мактаби дигар дар ҷамоати деҳоти Навобод барои 324 нафар ва литсеи Президентӣ барои кўдакони лаёқатмандро ба истифода додем ва итминон дорем, ки онҳо барои соҳиби саводу донишҳои замонавӣ шудани фарзандони шумо – мардуми шарифи шаҳри Турсунзода хизмат хоҳанд кард.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас саъй хоҳад кард, зеро маориф ҳамчун соҳаи ояндасоз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати мо мебошад.

Ҳоло дар ноҳияи Турсунзода садҳо хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣфаъолият мекунанд, ки дар асоси истифодаи усулҳои нави хоҷагидорӣ ва киштукор ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд.

Ман басо хушҳолам, ки ҳар як ваҷаб замини ин ноҳия самаранок истифода мешавад ва деҳқонони пухтакору таҷрибадор аз як қитъа ду- се ҳосил мегиранд.

Ҳар боре, ки бо вазъи кишту кор ва ҳосили заҳмати деҳқонони водии Ҳисор ва ноҳияи Турсунзода шинос мешавам, бовариам ба воқеият будани таъмини амнияти озуқавории кишвар дучанд мегардад.

Махсусан хоҷагиҳои боғу токпарварии даҳҳо деҳқонони асилу кордон на фақат шўҳрати ноҳия, балки кишварамонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.

Дастовардҳои рўзафзуни деҳқонони Турсунзода дар рушди соҳаҳои пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдориву ангурпарварӣ шоистаи таҳсин мебошанд.

Яъне онҳо метавонанд бо маданияти баланди заминдорӣ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини киштбоб, коридани тухмиҳои серҳосил, рўёнидани ҳосили фаровон ва афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба деҳқонони дигар ноҳияҳои минтақа намунаи ибрат бошанд.

Болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа мову шуморо водор месозад, ки дар навбати аввал ба парвариши навъҳои серҳосили ғалладона эътибори хоса дода, бо рўёнидани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем ва бо ҳамин роҳ амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоем.

Чунон ки дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар таъкид карда будам, мо бояд корро тавре ба роҳ монем, ки дар ҳар як хонавода захираи дусолаи маводи асосии озуқаворӣ вуҷуд дошта бошад, то мардум аз болоравии нарх ва дигар тағйироти бозори ҷаҳонӣ танқисӣ накашад.

Бинобар ин, муташаккилона анҷом додани маъракаи дарав, сари вақт таъмин кардани кишти такрорӣ, вусъат додани омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои истиқоматӣ ба муносибати ҷашну чорабиниҳои бузурге, ки ба нақша гирифта шудаанд, аз ҷумла 17-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии зодрўзи устод Рўдакӣ ва Соли бузургдошти забон аз ҳамаи мову шумо заҳмати шабонарўзӣ ва муносибати содиқонаву софдилонаро ба манфиати Ватан ва давлатамон тақозо мекунанд.

Заминҳои ҳосилхезу зарнисори водии Ҳисор ҳазорҳо сол боз мардуми моро мехўронанду мепўшонанд.

Итминони комил дорам, ки имрўзу оянда низ деҳқонони шўҳратёри ин водӣ бо дастовардҳои арзандаи худ, ба пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат такони ҷиддӣ медиҳанд.

Дар охир ҳамаи шуморо ба ифтихори Рўзи забон, ки баъди чанд рўз фаро мерасад, табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дароз, файзу баракат ва дўстиву рафоқати пойдор орзу менамоям.

 Бигзор шўҳрату овозаи шаҳри Турсунзода ва водии Ҳисори зарнисор бо фарзандони сарбаланду бонангу номусаш сол ба сол зиёда гардад.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо – Ватани ҳамаи сокинони он аз заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва кору пайкори ватандўстонаи ҳамаи шаҳрвандонаш ба кишвари ободу осуда ва пешрафтаву шукуфо мубаддал гардад!

Саломату хонаобод бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году
03.1209:12Эмомали Рахмону построят новые резиденции


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156109