Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов).-Ба ин суол аз Фонди ҷамъиятии ташаббускори шаҳрвандии сиёсати Интернетии ҷумҳурӣ ба мо чунин посух доданд:
-Нармафзорҳои (аксессуарҳо) оператсионӣ (компютерӣ) дар кишвари мо асосан MSDOS, MSWindows 95/98 Me/NT/ XP/2000, GNU/Linux, MacOS, UNIX ва ғайра мебошанд.
Дар ҷумҳурии мо мисли дигар кишварҳои муштаракулманофеъ нармафзорҳои хусусӣ беш аз дигар нармафзорҳо, хусусан дар сатҳи муштариён истифода бурда мешаванд. Намунаи он истеҳсоли ширкати Майкрософт ба мисли нармафзорҳои оператсионӣ MSDOS, MSWindows 95/98/ Me/NT/XP/2000MacOSUNIX, инчунин нармафзорҳои амалӣ MSOffice (MSWord, MSExcel ва ғ.) мултимедиа ва графика мебошанд.