Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.01.200113:12

Маводи нашъадор дар дохили ҳалвои кунҷиддор

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе боз як ҳодисаи ба миқдори калон интиқол додани маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Онҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ Раъно Абдураҳмоноваи 34-соларо, ки мехост бо сайрхати самти Душанбе-Москва парвоз намояд, дар интиқоли маводи нашъаовар гумонбар дониста, боздошт намуданд.

Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ аз боғоҷи дастии номбурда 5 бастаи селофании дорои маводи нашъаоварро дарёфт намуданд. Ин маротиба нашъаҷаллобон аз усули нави интиқол истифода бурда, мехостанд маводи нашъаовари дар дохили ҳалвои кунҷиддор ҷойгирнамудаи худро ба таври пинҳонӣ ба хориҷи Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Ташхис нишон дод, ки маводи мусодирашуда героин буда, вазни холиси он 3 килограмму 960 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодиса нисбат ба Раъно Абдураҳмонова тибқи моддаҳои 200, қисми 4, 32, қисми 3 ва 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тафтиши пешакӣ фиристода шуд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.1207:55В Худжанде задержан глава местной коллегии адвокатов
18.1206:41Каромат Шарипов планирует встретиться в Душанбе с главой МВД страны
17.1213:03«Лучший Мужчина – это я». Правила жизни Гулрухсор Сафиевой(2)
17.1210:47Компания IRS утвердила новые тарифы за проезд по автотрассе «Душанбе-Чанак»
16.1212:00ТНТ выпустил в эфир видеоролик с извинениями перед ингушами(1)


Самое обсуждаемое

16.1208:09Дело Каромата Шарипова: Почему его выгнали из России?(2)
17.1213:03«Лучший Мужчина – это я». Правила жизни Гулрухсор Сафиевой(2)
16.1212:00ТНТ выпустил в эфир видеоролик с извинениями перед ингушами(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262