Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.01.200115:12

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии «Ҷануб-2008» оғоз гардид

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз 17 -ум то 22- юми июни соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон, таҳти унвони «Ҷануб-2008» машқҳои васеи низомӣ баргузор мегардад.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машқҳои ситодию фармондеҳӣ дар ду давра, ба таври назариявию амалӣ ва дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ, ташкилу ба роҳ монда шуда, дар он раисони шаҳру навоҳӣ, комисарони ҳарбии вилояти Хатлон ҷалб карда мешаванд.

Мувофиқи нақша, дар даври ниҳоии машқҳо, инчунин ҷузъу томҳои пиёданизоми мусаллаҳ, бо яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, чархболҳои нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, техникаи зиреҳпуши ҷангӣ ва тупхонаҳо истифода мегарданд.

Ҳадафи баргузории машқҳои ситодӣ-фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар вилояти Хатлон сайқали таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқуъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, сафарбарии қӯшун ва омодагии доимии ҷузъу томҳои низомӣ дар самти доир кардани унсурҳои зиддитеррористӣ мебошад.

Машқҳои васеи низомӣ, таҳти роҳбарии Сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Рамил Нодиров ҷараён гирифта, ҳадафу нақшаи гузаронидани он аз ҷониби ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои низомии ин гарнизон, дар ҳамоҳангӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0913:19Путин подарил Атамбаеву 100 миллиардов
19.0913:10Источник: Аниса и Мадина стали жертвой обмана молодого человека
19.0910:37Приговор "борцу с коррупцией": 15 лет тюрьмы и конфискация имущества
19.0910:11МВД Таджикистана имя первого водителя, который пьяным сел за руль после ужесточения наказания
19.0908:48Нацбанк Таджикистана отозвал лицензию у очередной микрокредитной организации


Самое обсуждаемое

18.0915:15Компания «Сименс» заинтересовалась строительством Рогунской ГЭС(1)
19.0911:12Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидкул Билолов представят таджикскую культуру в Ташкенте(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525