Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.01.200117:12

Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, дар бинои ШСХК Барқи Тоҷик бо намояндагони сершумори энергетикҳои кишвар вохўрӣ намуд.

Бурду бохти кишвар дар соҳаи энергетика, ки дар сиёсати ҳар як давлати мустақил аҳамияти стратегӣ дорад, пайваста зери назар ва дастгирию ѓамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аҳамияти ҳаётан муҳим доштани ин соҳа барои рушду нумўи тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар дар рўзҳои сардии гўшношуниди зимистони гузашта барало аён шуд ва роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳуриро ба андешидани чораҳои таъхирнопазир водор намуд.

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти иҷрои супоришҳои худ вобаста ба барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бевосита шиносоӣ пайдо намуд.

Чунонки маълум шуд, то имрўз баҳри таъмиру барқарорсозии он дар ҳаҷми беш аз 4,3 миллион сомонӣ корҳо анҷом дода шудаанд. Роҳбарияти марказ Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки тамоми корҳо дар мўҳлаҳои муайяншуда анҷом ёфта, то якуми октябри соли равон иқтидори истеҳсоли нерўи барқ ба 180 мегават ва гармӣ ба 357 гекакаллория расонда мешавад.

Зикр гардид, ки ҳоло барои таъмини кори бемонеаи марказ дар мавсими сармо захира кардани мазут оѓоз шуда, то имрўз 4,5 ҳазор тоннаворид карда шудааст. То оѓози кори марказ бояд 39 ҳазор тонна мазути хушсифат захира карда шавад. Дар рафти шиносоӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки маркази барқу гармидиҳӣ бо дегхонаҳои иловагии худ дар қисматҳои шарқӣ ва ҷанубу ѓарбии пойтахт имкон дорад, ки тамоми талаботи имрўзаи шаҳри Душанберо пурра қонеъ гардонад. Ба гуфти масъулин марказ бо иқтидори имрўзаи худ метавонад ҳатто талаботи пойтахтро дар сурати хеле васеъ шудани он низ таъмин намояд. Тибқи маълумоти онҳо мушкилӣ танҳо дар он аст, ки шабакаи гармитаъминкунии пойтахт танҳо 20 дар сади буѓ ва оби гарми истеҳсолшавандаро барои истифода қабул мекунаду бас.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки баҳри бартараф намудани ин камбудӣ ва роҳ надодан ба такрори мушкилоти зимистони гузашта чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати марказ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри кўмаку дастгирии бевосита ва ҷудо намудани маблаѓҳои калон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки марказ аз соли 1987 ин ҷониб чунин таъмиру таҷдиди ҷиддиро надида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар иҷрои саривақтии супоришҳо комёбӣ таманнно намуда, ба онҳо ҳамчунин баҳри ободу зебо кардани ҳудуди он ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри вохўрӣ бо намояндагони энергетикҳои кишвар ба бинои ШСХК Барқи Тоҷик ташриф овард.

Дар даромадгоҳи бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои нерўгоҳҳои обии Нораку Роѓун, Қайроқум, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дидан карда, сипас ба маркази идораю танзими таъминоти барқ ворид шуд ва бо тарзи кори он аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Зикр гардид, ки ҷараёни таъмину танзими нерўи барқ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳамин марказ идора карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки маҳдудияти барқтаъминкунӣ дар ҷумҳурӣ аз 18 май пурра бардошта шуда, имрўз дар як шабонарўз то 6 миллион киловат/соат нерўи барқ ба Ҷумҳурии Узбекистон содир карда мешавад.

Вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори энергетикҳо, ки аз тамоми гўшаю канори кишвар ҷамъ омада буданд, дар толори маҷлисгоҳи ШСХК Барқи Тоҷик баргузор гашт.

Дар ҷамъомад масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, раисони бонкҳои мамлакат, роҳбарони нерўгоҳҳо, шабакаҳои барқии вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, идораҳои фурўши барқу газ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа, конҳои ангишт ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таваҷҷўҳи ҳозиринро ба мушкилоти глобалии сайёра дар таъминоти энергетикию озуқаворӣ ҷалб намуда, дар назди онҳо баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои бўҳронӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз соли 2006 то 2010 талаботи аҳолии кураи замин ба маводи сўхту энергетикӣ 50 дар сад афзоиш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аҳолии ҷумҳурӣ аз соли 1990 то соли 2008 аз 5 миллион 361 ҳазор ба 7,5 миллион нафар расида, талаботу эҳтиёҷоти кишвар ба маводи сўхту энергетикӣ ва озуқаворӣ рўз ба рўз афзоиш меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, оид ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар соҳаи энергетика ва беҳтар намудани вазъият ба роҳбарият ва масъулину мутахассисони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Оид ба корҳои анҷомдодаи худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ,Раиси ШСХК Барқи Тоҷик Шарифхон Самиев, Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мўҳсидинов, Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газу ангишт» Эмомиддин Аслов, Раиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Мавҷуда Келдиёрова, Роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи«Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Санъат Раҳимов, Раиси ширкати «Помир-Энерҷи» Далер Ҷумаев ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд. Оид ба камбудиҳои ҷиддии дар ин соҳа ошкоргашта ҳамчунин ахбороти Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимов шунида шуд.

Дар фароварди ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки баҳри тезондани бунёди нерўгоҳҳои нав ва таҷдиди нерўгоҳҳои амалкунанда, омода кардани лоиҳаҳои нерўгоҳҳои Шўроб ва Санобод, афзун намудани истеҳсоли нерўи барқ, газ ва ангишт, ду баробар зиёд кардани нуқтаҳои фурўши гази моеъ ва ангишт, насб кардани ҳисобкунакҳои барқию газӣ, кам кардани талафоти техникӣ ва тиҷоратии барқ ва гази табиӣ, пурзўр намудани интизоми меҳнатии кормандони соҳа ва аз ҳозир омодагии ҷиддӣ дидан ба зимистони оянда чораҳои таъхирнопазир андешанд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ба бунёди нерўгоҳҳои обии Сангтўда-1, Сангтўда-2 ва Роѓун суръат бахшида шавад. Таъкид гардид, ки ҳарчор агрегати нерўгоҳи обии Сангтўда-1 бояд то охири соли равон ба кор дароварда шаванд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1216:40Душанбинских пекарей отправили в вынужденный отпуск
03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(3)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00