Душанбе, 17 июн.( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки паст шудани дарёи Сурхоб ба хоҷагиҳои деҳқони(фермерӣ) – иноҳияи Рашт хисороти ҷиддӣ ворид намуд.
Бо сабабипастшуданисатҳи дарёи Сурхоб истгоҳҳои обкашӣ аз кор монда,
680 гектар замин обёрӣ карда нашуд.
Аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ ҳамчунин боиси аз фаъолият боз мондани заводҳои консерва ва панири ин ноҳия гардид. Камобии соли равон дар ноҳиябоиси паст шудани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона гашт. Тахмин меравад, ки соли равон ба миқдори 3 ҳазору 400тоннакамтарғалла истеҳсол мегардад.