Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.01.200111:12

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи энергетикаи кишварва вазифаҳои минбаъда доир ба рушди он

Дўстони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии соҳаи энергетика, вазъи имрўзаи он ва зарурати ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ ман дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва дар вохўрие, ки чанд рўз пештар бо роҳбарону мутахассисон ва сохтмончиёни нерўгоҳи барқи обии Роғун доир гардид, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлати Тоҷикистонро оид ба энергетика ба таври мушаххас баён кардам.

Мақсади асосӣ аз машварати имрўза ҳамаҷониба баррасӣ ва таҳлил кардани вазъи комплекси сўзишвориву энергетикии кишвар, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷуда, инчунин андешидани тадбирҳо доир ба истифодаи оқилонаву сарфакорона аз захираву имкониятҳои энергетикии кишвар мебошад.

Зеро проблемаҳои вобаста ба бўҳрони энергетикие, ки бинобар сардии шадиду тўлонии фасли зимистони гузашта ба миён омад, моро водор месозанд, ки доир ба истифодаи ҳарчи пурра ва самарабахши иқтидорҳои иншооти мавҷудаи энергетикии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо ва равандҳои муосири сайёра, шиддат гирифтани мубориза барои ба даст даровардани манбаъҳои сўзишворӣ ва афзоиши нархҳои ҷаҳонии нафту газ, ки танҳо соли ҷорӣ мутаносибан 40 ва 50 фоизро ташкил кард, масъалаи истифодаи оқилонаву самарабахши захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзунпайдо мекунад.

Масалан, тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика то соли 2030 талабот ба захираҳои энергетикӣ нисбат ба соли 2006-ум 50 фоиз афзоиш хоҳад ёфт, ки ин муодили 18 миллиард тонна нафт мебошад.

Дар ин давра ҳамчунин сўзишвории маъданӣ ба сифати манбаи асосӣ ва аввалияи энергетикӣ боқӣ монда, ҳиссаи он ба 84 фоизи талабот баробар мешавад; эҳтиёҷот ба нафт аз 35 фоизи соли 2006 то ба 32 фоиз дар соли 2030 коҳиш ёфта, баръакс талабот ба ангишт 73 фоиз меафзояд ва истифодаи нерўи барқ ду маротиба афзуда, ҳиссаи он ба 22 фоизи талабот баробар хоҳад шуд.

Дар чунин шароит, инчунин бо дарназардошти он, ки эҳтиёҷоти кишвари мо низ ба нерўи барқ ва дигар захираҳои энергетикӣ торафт афзоиш меёбад, андешидани тамоми чораҳои имконпазир оид ба рушди соҳаи энергетика, бахусус гидроэнергетика, яъне бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, инчунин истеҳсоли нерўи барқ бо истифода аз манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла ангишт самти муҳимтарини фаъолияти ҳамаи мо бояд бошад.

Зеро энергетика соҳаи аз ҳама афзалиятноки иқтисоди кишвар ба шумор меравад ва гузашта аз ин, тараққиёти ҳамаи соҳаву бахшҳои ҳаёти мамлакат ба он зич алоқаманд аст.

Шумо – ҳозирини мўҳтарам, хуб медонед, ки бо сабаби сардии шадиду тўлонии зимистони имсола воридшавии об ба иншооти гидроэнергетикӣ ниҳоят кам шуда, кори мўътадили онҳо халалдор гардид ва ҳамчунин дар натиҷаи коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти барқу газ аз хориҷи кишвар ва афзоиши бесобиқаи нархҳои ҷаҳонии нафту газ кишвари мо дучори бўҳрони энергетикӣ шуд.

Бинобар фаъолияти ғайримўътадили нерўгоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат ҳамагӣ 4,8 миллиард киловатт – соат, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз кам нерўи барқ истеҳсол карда шуд.

Бо мақсади таъминоти эҳтиёҷоти энергетикии кишвар дар моҳҳои январ-апрели соли 2008 тибқи қарордодҳои байнидавлатӣ аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя 1 миллиарду 340 миллион киловатт - соат нерўи барқ ворид карда шуд.

Бо вуҷуди ин, мо мушкилоти норасоии қувваи барқро бартараф карда натавонистем ва реҷаи маҳдудияти интиқоли он дар мамлакат то 18-уми майи соли ҷорӣ идома ёфт.

Барои рафъи оқибатҳои бўҳрон, ки ба ҳамаи бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири ҷиддии манфӣ расонид, Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро қабул карда, комиссияи босалоҳияти ҷумҳуриявӣ таъсис намуд.

Дар ин самт ҳоло аз тарафи Ҳукумат барномаи фавқулоддаи барқарорсозии соҳаи энергетикаи мамлакат амалӣ шуда истодааст, ки он чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009, аз ҷумла таъмиру шабакаҳои барқу газ, марказҳои гармидиҳӣ ва хариди сўзишвориро пешбинӣ мекунад.

Бояд махсус таъкид кард, ки дар давраи бўҳрони энергетикӣ вазъи таъминоти аҳолии кишвар ва субъектҳои хоҷагидор бо газ низ чандон қаноатбахш набуд. Истихроҷи он дар конҳои мавҷудаи мамлакат дар давоми чор моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз кам гардид ва чунон ки дар боло зикр шуд, нархи гази воридотӣ низ қариб се маротиба боло рафт.

Ҳарчанд ки дар ин давра корҳо доир ба истихроҷи ангишт ва ташкили нуқтаҳои фурўши он дар минтақаҳои гуногуни мамлакат нисбатан хуб ба роҳ монда шуданд, вале ин иқдомот шиддати масъаларо чандон паст карда натавонистанд.

Ба ҳама маълум аст, ки нерўгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Варзоб,Вахш ва Сирдарё, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳрҳои Душанбе, Чкалов ва ноҳияи Ёвон, ки корхонаҳои асосии истеҳсоли нерўи барқи Тоҷикистон мебошанд, ҳанўз дар замони шўравӣ сохта шудаанд.

Бо сабаби он, ки иншооти мазкур солҳои тўлонӣ бе таъмиру таҷдид кор карданд, дар айни ҳол ҳамаи онҳо кўҳнаю фарсуда гаштаанд. Илова бар ин, тавре ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр кардам, ғунҷоиши обанбори нерўгоҳҳо, хусусан нерўгоҳи Норак дар натиҷаи таҳшиншавии гил хеле маҳдуд шудааст, ки ин боиси торафт кам шудани истеҳсоли нерўи барқ гардида истодааст.

Имрўз ҳаҷми маҳдудшудаи обанбори Норак 500 миллион ва Қайроққум зиёда аз як миллиард метри мукаабро ташкил мекунад.

Мушкилоти дигаре, ки ба вазъи таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор бо энергия таъсири манфӣ мерасонад, талафоти аз меъёр зиёди нерўи барқ мебошад, ки сол ба сол афзуда, танҳо соли гузашта ба 17 фоиз баробар шуд.

Ин дар ҳоле, ки барои барқарор кардан ва тараққӣ додани соҳа дар давоми 16 соли охир зиёда аз панҷ миллиард сомонӣ масраф шудааст.

Инчунин Ҳукумати мамлакат якҷоя бо институтҳои байналмилалии молиявӣ 9 лоиҳаи инвеститсиониро ба маблағи умумии як миллиарду 800 миллион сомонӣ амалӣ карда истодааст.

Барои муқоиса мехоҳам зикр намоям, ки тибқи меъёрҳои муқарраргардида талафоти техникӣ ба ҳисоби миёна ба 10-12 фоиз баробар аст.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда аз 17 миллиарду 340 миллион киловатт - соат нерўи барқе, ки барои бозори дохилӣ истеҳсол шудааст, 7 миллиарду 200 миллион киловатт - соати он бо хатти баландшиддати 500 - киловолтаи нерўгоҳи барқи обии Норак - Ширкати «Алюминийи Тоҷик» интиқол дода шуда, талафоти он танҳо нимфоизро ташкил додааст.

Вале талафот дар шабакаҳои дигари интиқоли барқ тақрибан ба 29 фоиз баробар шуда, 2 миллиарду 900 миллион киловатт - соатро ташкил кардааст. Ин рақам ба ҳаҷми барқе баробар аст, ки мо дар давраи тирамоҳу зимистон ба он эҳтиёҷ дорем.

Яъне агар мо талафоти ин миқдор қувваи барқро пешгирӣ намуда, дар баробари ин истифодаи сарфакоронаи онро ташкил карда тавонем, мушкилоти норасоии барқро хеле сабук кардан мумкин аст.

Талафоти гази табиӣ низ аз меъёр хеле зиёд буда, дар соли 2007 ба 41 миллион ва дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ ба 11 миллион метри мукааб расидааст. Талафот асосан дар хатҳои интиқол ва нуқтаҳои тақсимоти газ ба миён омадааст.

Таъкид мегардад, ки дар чунин ҳол Вазорати энергетика ва саноат ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» барои таъмир ва азнавсозии хатҳои интиқоли газ ва шабакаҳои тақсимоти он то имрўз тадбирҳои зарурӣ наандешидаанд.

Имрўз ба ҳамаи шумо, ки роҳбарону масъулон ва мутахассисони соҳа мебошед, хотиррасон месозам, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти соли 2007 ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва дигар сохтору мақомоти марбута дар хусуси ҳаллу фасли норасоиҳои зикршуда супоришҳои дахлдор дода шуда буданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2007 хароҷоти умумии Ширкати «Барқи тоҷик» 354 миллион сомонӣ ва маблағи фурўши барқу гармӣ 315 миллион сомониро ташкил кардааст. Ҷамъоварии воқеии маблағҳои барқу гармии истифодашуда ҳамагӣ 306 миллион сомониро ташкил намудааст, ки дар натиҷа ширкат соли 2007-умро бо 39 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ҷамъбаст кардааст.

Ҳамчунин аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки дар Ширкати «Барқи Тоҷик» бархилофи тартиботи ҷорӣ ҳодисаҳои ба таври ҳисоббаробаркунӣ пўшонидани маблағи истифодаи қувваи барқ ҷой доранд.

Масалан, соли 2006-ум 22 фоиз ва соли 2007-ум 20 фоизи маблағи умумии фурўши барқ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ пўшонида шудааст.

Қарзи кредитории ширкат то якуми майи соли ҷорӣ ба 355 миллион сомонӣ расида, қарзи дебиторӣ 313 миллион сомонӣ ва қарзи умумӣ аз ҳисоби маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ то аввали соли 2008 бо дарназардошти қарзи солҳои 2005-2007-ум 57 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти тавозуни муҳосибавӣ то аввали апрели соли ҷорӣ ширкат дар назди буҷет аз ҳисоби андоз 71 миллион сомонӣ қарздор буда, инчунин қарз аз ҳисоби музди меҳнат 13 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, хотиррасон бояд кард: фаъолияти ширкати мазкур ҳамчун субъекти монополияи табиӣ, ки ба ҳамаи соҳаҳо ва аҳолии мамлакат хизмат мерасонад, ҳамеша дар маркази диққат мебошад.

Аз ин рў, фаъолияти идоракунӣ ва хароҷоти истеҳсолии он бояд шаффоф бошад. Ба хотири таъмин кардани шаффофияти фаъолияти он пеш аз ҳама хариди молу маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ бояд танҳо тавассути гузаронидани тендер сурат гирад, то ки имконияти сўиистифода аз мансаб ва ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши аслии нерўи барқ маҳдуд карда шавад.

Вазъи хоҷагидории ширкат низ мураккаб аст. Ғайр аз кам будани маблағ, инчунин ҳолати техникии хатҳои интиқоли барқ, истгоҳҳову зеристгоҳҳо ва шабакаҳои дохилии барқӣ ба талабот ҷавобгў набуда, нарасидани трансформаторҳо, аз кор баромадани онҳо ва дигар камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» вазифадоранд, ки барои ислоҳи вазъи зикршуда ва рафъи камбудиҳо чораҳои қатъӣ ва бетаъхир андешанд.

Дар чунин вазъ, фикр мекунам, ки пеш аз ҳама низоми хизматрасонии энергетикиро такмил додан зарур аст.

Бартараф намудани мушкилот дар самти барқарорсозии иқтидорҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидорҳои нав, вусъат бахшидан ба раванди таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда ва шабакаҳои интиқоли барқ бояд вазифаҳои муҳими роҳбарону кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат бошад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки гузаронидани ислоҳоти ҷиддии соҳа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рўз мебошад.

Инчунин зарур аст, ки бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии фаъолият ва истифодаи мақсадноки маблағҳо ҳисоботи ҳарсолаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ карда шавад ва лоиҳаи нақшаҳо ва ҳисоботи молиявию истеҳсолии онҳо барои тасдиқ ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо пешниҳод карда шаванд.

Ғайр аз ин, ҷиҳати муайян намудани афзалиятҳои соҳа Вазорати энергетика ва саноат вазифадор карда мешавад, ки масъалаи аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои марбута таъсис додани Шўрои назоратиро омўхта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Ҳамчунин ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» супориш дода мешавад, ки бо мақсади ҳарчи бештар қонеъ гардонидани талаботи кишвар бо барқу газ дар хусуси барқарор намудани иқтидори нерўгоҳҳои амалкунанда, ба эътидол овардани вазъи шабакаҳои интиқоли барқу газ ва вусъат додани дигаргунсозии сохтории соҳа тадбирҳои муассир андешанд ва онҳоро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати энергетика ва саноат бояд масъалаҳои дар давраи татбиқи лоиҳаҳои энергетикии мамлакат аз ҳисоб баровардан ва дароз кардани мўҳлати пардохти қарзҳо дар байни субъектҳои хоҷагидор, буҷети сатҳҳои мухталиф ва муассисаҳои энергетикӣ, инчунин барои азнавсозии фондҳои асосии энергетикии кишвар равона кардани маблағҳои озодгаштаро баррасӣ карда, дар бораи ҳаллу фасли онҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Дар баробари ин, масъалаҳои вобаста ба ислоҳот ва ташкили назорати қатъӣ аз болои фаъолияти муассисаву идораҳои маҳаллие, ки ба таъмини шаҳрвандон ва корхонаҳо бо газ ва нерўи барқ машғуланд, муносибати ҷиддиро тақозо доранд.

Зеро дар сохторҳои зикршуда то ба ҳол ҳодисаҳои зиёди бемасъулиятии роҳбарону кормандон дар иҷрои вазифа, ришваситонӣ ва азхудкунии маблағҳо ба мушоҳида мерасанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди муштариён аз пардохти маблағ барои истифодаи газ ва нерўи барқ саркашӣ мекунанд ва бо кўмаки назоратчиҳо аз ҳар гуна роҳҳои ғайрирасмӣ истифода мебаранд. Дар маҳалҳо бо аксари истифодабарандагон ҳанўз шартномаҳо баста нашудаанд.

Вақти он расидааст, ки ба пардохти нақдии маблағ барои барқу гази истифодашуда, ки ҳоло дар аксар мавридҳо ба воситаи назоратчиҳо сурат мегирад, хотима дода шуда, ин амал пурра тавассути муассисаҳои бонкӣ ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр кард, ки ҳоло дар кишвар тамоми истеъмолкунандагони нерўи барқ бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин карда шудаанд. Вале то ба имрўз насб кардани ҳисобкунакҳои газӣ дар маҷмўъ дар кишвар 86 фоиз, аз ҷумладар вилояти Суғд - 89 ва Хатлон 34 фоизро ташкил медиҳад ва чунин ба назар мерасад, ки мутасаддиёни соҳа ба насби ҳисобкунакҳо чандон манфиатдор нестанд.

Масъалаи ҷамъоварии маблағи истифодаи нерўи барқ ва гази табиӣ дар маҷмўъ ҷавобгўи талабот нест. Масалан, таҳлили фаъолияти Раёсати фурўши барқ нишон медиҳад, ки қарзи дебитории истеъмолкунандагони нерўи барқ ва гармӣ то аввали июни соли ҷорӣ ба 203 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёд аст.

Аз ин рў, барои беҳтар гардонидани вазъи баҳисобгирии истифодаи гази табиӣ тартиби он бояд ба таври воқеӣ ба роҳ монда шавад.

Норасоии дигари ҷиддӣ ин иваз шудани реҷаи интиқоли барқ мебошад. Дар як мавсим чор – панҷ маротиба тағйир ёфтани он ва ҳатто дар моҳи май ҷорӣ гардидани маҳдудияти интиқоли барқ нишонаи он аст, ки мутахассисони соҳаи энергетика доир ба захираҳои гидроэнергетикии кишвар ва истифодаи дурусту самараноки онҳо ҳисобҳои аниқ надоранд. Онҳо инчунин ҳаҷми воқеии обро дар дарёҳо пешбинӣ карда наметавонанд.

Аз ин рў, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Агентии обуҳавошиносӣ бо дарназардошти захираҳои воқеии об ва вазъи обу ҳавои пешгўишаванда танзими фаъолияти иншооти энергетикиро таъмин карда, мардуми кишварро сари вақт аз воқеияти ҳол огоҳ намоянд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва шиддат пайдо кардани рақобат дар соҳаи комплекси сўзишвориву энергетикӣ, бахусус мувофиқи имкониятҳои имрўзаи кишварамон ташкил намудани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи барқу газ аҳамияти бузург дорад.

Ба ибораи дигар, вақти он расидааст, ки сарфи беҳуда ва талафоти нерўи барқ, гази табиӣ, гармӣ ва обро бо ҳамаи роҳу усулҳои имконпазир пешгирӣ намоем. Зеро худи ҳаёт аз мо тақозо дорад, ки аз захираву имкониятҳои энергетикӣ оқилона истифода барем.

Маълум аст, ки талафоти сўзишворӣ ва энергия ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба механизмҳои ҷории иқтисодиву молиявӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақсади сарфаҷўии нерўи барқ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир вобаста мебошад.

Вале дар кишвари мо ҳанўз равияи ворид кардан ва истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ оғоз нашудааст ва ба кори пурманфиати сарфаҷўии энергия мутахассисони ботаҷриба ҷалб нагардидаанд.

Ҳол он, ки дар шароити имрўза истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқ бисёр муҳим аст. Масалан, вақтҳои охир ҳатто кишварҳои дорои иқтисоди пурқувват дар Аврупо ва Осиё дар масъалаи сарфаҷўии барқ кўшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.

Мо бояд энергоғунҷоиши маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакатро соли ҷорӣ ҳадди ақал чор-панҷ фоиз кам намоем. Амалӣ намудани ин тадбир имкон медиҳад, ки дар як сол 200-270 ҳазор тонна сўзишвории шартӣ сарфа карда шавад.

Хотиррасон менамоям, ки мо ҳанўз соли 2002 «Дар бораи сарфаҷўии энергия» қонун қабул карда будем, вале ҷараёни татбиқи он то ба имрўз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Фаромўш набояд кард, ки қонунҳо ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ на аз рўи ҳавою ҳавас, балки ба ҳукми зарурат қабул карда мешаванд ва иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Аз ин рў, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки доир ба вусъат бахшидани татбиқи қонуни зикршуда тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ба мақомоти мазкур зарур аст, ки дар доираи қонун, пеш аз ҳама Барномаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва сарфаҷўии энергияро барои солҳои 2009-2013 таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Дар барнома бояд чорабиниҳои зерин пешбинӣ карда шаванд:

-дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба роҳ мондани истифодаи таҷҳизоти каммасрафи энергия ва ташкили назорати қатъӣ аз болои ҷараёни ҷорӣ кардани он;

- такмил додани қоидаҳои баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи барқ, васлкунии таҷҳизоти ченкунӣ ва бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳонӣ, инчунин тибқи меъёрҳои масрафи энергия ба таври ҳатмӣ сертификатсия кардани таҷҳизоти барқӣ.

Хотирнишон бояд кард, ки дар баробари татбиқи тадбирҳои зикршуда корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монда, таваҷҷўҳи мардумро ба сарфаю сариштакорӣ, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқу газ ҷалб кардан низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Як масъалаи дигар низ қобили таъкид аст, ки он ба соҳаи хизматрасонии коммуналӣ дахл дорад. Дар мамлакати мо то ба ҳол сохторҳои муосире, ки дар самти истифода ва таъмиру таҷдиди шабакаҳои коммуналӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд, ташаккул наёфтаанд.

Аз ин рў, мардум хусусан дар шаҳрҳои калон ҳамеша аз хизматрасонии коммуналӣ шикоят мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари гузаронидани ислоҳоти соҳаи хизматрасонии манзиливу коммуналӣ доир ба ташкили бозори хизматрасониҳои коммуналӣ, корҳои пудратӣ ва таъмири иншоот чораҳои лозима андешида шаванд.

Дар маҳалҳое, ки хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд карда мешаванд, бояд шабакаҳои мустақили гармидиҳӣ сохта шаванд.

Ин имкон медиҳад, ки мисли дигар кишварҳои пешрафта дар ҳар микрорайон марказҳои хурди гармидиҳӣ сохта, даҳҳо ҳазор одамон бо гармӣ таъмин карда шаванд.

Вобаста ба ин, ба Корхонаи воҳиди давлатии«Хоҷагии манзилию коммуналӣ», мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Норак, Роғун ва шаҳрҳои дигар супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти муқаррароти Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ барномаи ислоҳоти хоҷагии манзилиюкоммуналиро таҳия карда, онро дар мўҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намоянд.

Дар баробари ин, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии табақаҳои камбизоат дар шароити афзоиши тарифҳои нерўи барқ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад, ки онро Ҳукумат бо роҳи зиёд намудани ҳадди ақалли маошу нафақа ё бо роҳи дастгирии молиявии гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ ҳаллу фасл карда истодааст. Соли ҷорӣ бо ин мақсад аз буҷет ҷудо кардани 20 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаи таҷдиди сохтории соҳаи энергетика бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Аз ин рў, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ зарур аст, ки бо дарназардошти иқтидорҳои нерўгоҳҳои барқи обии бунёдгардида ва сохташаванда масъалаи ташкили бозори фурўши яклухт ва чаканаи нерўи барқро дар минтақаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои асоснок ва мувофиқашудаи худро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ин ҳам ба истеҳсолкунандагон ва ҳам ба истеъмолкунандагони барқ имконият медиҳад, ки фаъолияти худро бо тарифҳои фоидаовар ба роҳ монда, рушди минбаъдаи соҳа, қобилияти рақобати маҳсулоти истеҳсолшавандава ҷалби сармояро таъмин намоянд.

Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон кишвари офтобист. Нурафшонии умумии офтоб ба ҳисоби миёна дар як метри мураббаъ дарминтақаҳои марказии кишвар ба 1600 киловатт - соат баробар мебошад. Вале мо ҳанўз аз ин неъмати худодод, яъне манбаи ғайримуқаррарии энергия ва захираҳои барқароршаванда истифода намебарем.

Дар хусуси ин масъала ман дар Паёми имсолаи худ ба парламенти кишвар изҳори назар карда будам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон бо нерўи барқу гармӣ Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар оид ба истифодаи васеи манбаъҳои истеҳсоли энергия, аз қабили офтоб, шамол, дарёҳои хурд ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия тадбирҳои мушаххас андешанд.

Инчунин ба Вазорати энергетика ва саноат якҷоя ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таъсис додани воҳиди сохтории алоҳида оид ба баррасии масъалаҳои истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррарӣ ва барқароршавандаи энергия, инчунин уран, ки мувофиқи ҳисоби мутахассисон дар қаламрави кишвари мо дар ҳаҷми барои истифодабарӣ кофӣ мавҷуд аст, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Бояд зикр кард, ки ҳоло дар 65 кишвари ҷаҳон масъалаи истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифтааст, ки то соли 2010-ум 12 фоиз ва то соли 2030-юм 40 фоизи талаботи энергетикии худро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин намояд.

Аз ин рў, ба мо низ зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешқадам тадқиқоти ватаниро дар ин самт густариш диҳем.

Ҳамчунин раванди татбиқи барномаҳои дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқиро барои давраи солҳои 2007-2020 тақвият бахшидан зарур аст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин барнома Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» дар масъалаи истифодаи имкониятҳои молиявии соҳибкорони ватанӣ умуман кор накардаанд. Дар натиҷа, мутобиқи барномаи мазкур то ҳол ягон нерўгоҳи хурд ба кор дароварда нашудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Маълум аст, ки мавқеи ҷуғрофӣ ва имкониятҳои Тоҷикистон барои бунёди нерўгоҳҳо хеле мувофиқ мебошанд.

Мо имконият дорем, ки дар тамоми дарёҳои хурду бузурги кишварамон, яъне чи дар ҳавзаи дарёи Вахш ва чи дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшону Бадахшон нерўгоҳҳои барқи обии дорои иқтидори гуногунро бунёд карда, на танҳо эҳтиёҷоти худамонро бо нерўи барқ таъмин созем, балки онро ба дигар давлатҳои минтақа содир намоем.

Воқеан, нерўи барқе, ки дар мамлакати мо истеҳсол мегардад, аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва нархаш нисбатан арзон буда, муҳимтар аз ҳама, дар шароити кунунӣ барои мардуми мо аҳамияти бузурги ҳаётӣ дорад.

Ба хотири татбиқи ҳадафҳои стратегии худ мо дар соҳаи энергетикаи кишвар то имрўз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин равандро идома дода истодаем.

Аз ҷумла, сохтмони нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1 ва хатти интиқоли барқи 200-киловолтаи «Лолазор - Хатлон» соли ҷорӣ ба итмом мерасад. Корҳои сохтмони нерўгоҳҳои Роғун, Сангтўда-2 ва бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб - Шимол» босуръат идома доранд.

Ҳоло корҳои муайянсозии пудратчии асосӣ дар сохтмони хатти интиқоли барқи 220 - киловолтаи «Сангтўда - Афғонистон» мавриди баррасии комиссияи тендерӣ қарор дорад. Илова бар ин, таъмиру таҷдид ва барқароркунии як қатор иншооти мавҷудаи энергетикӣ ба нақша гирифта шудаанд ва дар баъзеи онҳо корҳо оғоз гардидаанд.

Дар робита ба ин, таҳияи асосномаи техникиву иқтисодии азнавсозии нерўгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва сохтмони силсилаи нерўгоҳҳо дар дарёҳои Вахшу Варзоб ба анҷом расонида шудаанд.

Умуман иҷрои корҳои таҷдиди нерўгоҳҳои мавҷудаи кишвар дар солҳои наздик имконият медиҳад, ки иқтидори умумии нерўгоҳҳои кишвар аз 500 то 650 мегаваттзиёд карда шавад.Ин рақам баробари иқтидори нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1 мебошад.

Ҳоло бо дарназардошти такмил додани Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020 Вазорати энергетика ва саноат ба Ҳукумати Тоҷикистон ба таври илова рўйхати 55 нерўгоҳи хурдро пешниҳод кардааст.

Бо мақсади вусъат бахшидани сохтмон дар ин иншоот зарур аст, ки дар маҷмўъ лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодии 109 нерўгоҳи хурд омода карда шавад.

Илова бар ин, бо ташаббуси ҷамоатҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон як силсила нерўгоҳҳои хурдтарин сохта, ба истифода дода шудаанд ва чунин ташаббусҳо идома доранд.

Доир ба истифодаи дурнамои рушди соҳаи газ ва истифодаи захираҳои он бояд гуфт, ки дар асоси Созишномаи дарозмуддат бо Ҷамъияти саҳҳомии «Газпром»-и Федератсияи Россия Ҳукумати мамлакат бо фармоиши худ аз 12 декабри соли 2006 ба Ҷамъияти саҳҳомии мазкур барои корҳои ҷустуҷўиву иктишофӣ дар майдонҳои Саргазони ноҳияи Данғара ва Рангони ноҳияи Рўдакӣ ба мўҳлати солҳои 2006-2011 иҷозатнома додааст.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ захираи гази табиии майдони Саргазон ба 30 миллиард ва Рангон ба 35 миллиард метри мукааб баробар аст. Мутобиқи пешгўиҳои мутахассисон дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз се триллион метри мукааб газ мавҷуд аст.

Умуман барои омўзиши геологӣ ва истихроҷи нафту газ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ширкату корхонаҳои ватанию хориҷӣ дар 80 кони мавҷудаи кишвар иҷозатнома дода шудааст.

Ҳозирини мўҳтарам!

Таҳлили соҳаи комплекси сўзишворию энергетикии кишварсобит менамояд, ки барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши иншооти энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 ҳоло корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд. Бо вуҷуди ин, таъкид бояд кард, ки ҳанўз захираю имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» вазифадор карда мешаванд, ки:

1. Якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ба корҳои сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтўда–2 тақвият бахшида, бо иқтидори пурра то охири сол ба кор андохтани нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1-ро таъмин намоянд.

2. Бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷуда роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт вазифадор карда мешаванд, ки тамоми коммуникатсияи шаҳрро барои қабули гармӣ дар мўҳлатҳои муқарраршуда омодаи кор намоянд.

3. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Академияи илмҳо, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика методикаи ҳисоби талафоти энергияи барқ ва гази табииро омўхта, ба Ҳукумати Тоҷикистон хулосаи аз лиҳози илмӣ асоснок пешниҳод намоянд.

4. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъмир кардан ва ба истифода додани дегхонаҳои мавҷудаи кишварро ба анҷом расонад.

5. Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ барои давраи солҳои 2007-2020 дар бораи соли ҷорӣ сохта, ба истифода додани беш аз 8 нерўгоҳи хурди барқи обӣ дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон чораҳои мушаххас андешанд.

6. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои ҳатмии Қарори Ҳукумати Тоҷикистонро «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» таъмин намоянд.

7. Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ҷамъоварии пурраи маблағҳои барқу гази истифодашударо таъмин намуда, тамоми чораҳоро андешанд, киталафоти нерўи барқ ва гази табиӣ ба сатҳи меъёрҳои муқарраршуда расонида, тартиби дурусти ҳисоби талафот ба роҳ монда шавад.

8. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, якҷоя бо вазоратуидораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, нақшаи гузаронидани чунин чорабиниҳоротаҳия намоянд, инчунин доир ба истеҳсоли таҷҳизоти аз лиҳози барқӣ каммасрафи рўзгор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

9. Вазорати энергетика ва саноат иҷрои пурраи нақшаҳои барномавии истихроҷи ангишт ва нафту газро таъмин карда, якҷоя бо Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нуқтаҳои фурўши ангишт ва гази моеъро дар маҳалҳо ду маротиба зиёд намояд.

10. Вазорати энергетика ва саноат, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ҷамъияти саҳҳомии «Газпром»-и Федератсияи Россия нақшаи корҳои ҷустуҷўиву геологиро дар майдонҳои Саргазон ва Рангон таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии он чораҳои мушаххас андешад.

11. Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергия» ва гурўҳҳои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерў ва гази табиӣ татбиқи саривақтӣ ва босифати онҳоро таъмин намоянд.

12. Ширкати «Барқи Тоҷик» якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои тандурустӣ ва маорифро бо нерўи барқ ва таҷҳизоти захиравии истеҳсоли он таъмин намоянд.

13. Вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ширкати «Барқи Тоҷик» ба корҳои таҳияи лоиҳ

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

11.1212:48И вновь суд - за неуважение к суду
10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
10.1209:50"Заблокированный" год


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(11)
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156258