Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.01.200116:12

Зиннатуллои Исмоил«Симои мустақили Тоҷикистон - чеҳраи нави Тоҷикистон»

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - 18 июни соли 2007 дар фазои иттилоотии кишвар як телевизиони нави дигар бо номи «Симои мустақили Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои худ шурўъ кард. Алакай аз пахши нахустин барномаҳои он як сол пур шуд. Доираи фарогирии шабакаи мазкур шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он буда, ҳамарўза 8 соат барнома, аз ҷумла 2 соат субҳ ва 6 соат бегоҳ пешниҳоди бинандагон мегардад.

Равияи шабака иттилоотӣ – фарҳангӣ буда, барномаҳои «Имрўз», «Ҷаҳони имрўз», «Соҳибкор», «Дарёи ҷон», «Шабчароғ», «Бо шеъру шоир», «Чашмаҳо ва решаҳо», «Зебоӣ», «Ҳамсолон», «Фарҳангистон» ва «Роз» алаккай дар байни бинандагон маҳбубияти хосае пайдо кардаанд.

Роҳбари шабакаи навтаъсиси СМТ Зиннатуллои Исмоил дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки саъю кўшиши кормандони мо ба он равона гардидааст, ки дунёи маънавии тамошобинон ғанӣ бошад. Аз ин хотир дар интихоби филмҳои ҳунариву тасвирӣ пеш аз ҳама таваҷҷўҳ ба мўҳтавои муассир равона мешавад.

Ӯ афзуд, ки дар муддати як соли фаъолият ҳамчунин бо кўмаки моливу сарпарастии СМТ ду филми ҳунарӣ таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Филмҳои «Беназир» ва «Иштибоҳ» аз тарафи коршиносони соҳа баҳои сазовор гирифтанд.

«Аммо ҳанўз тарҳҳои зиёди телевизионӣ дорем, ки рўзҳои наздик пешниҳоди бинандагон мегарданд. Талоши мо созмон додани минбари озоди баёни андеша мебошад ва шиори мо низ ҳамин аст: «Симои мустақили Тоҷикистон - чеҳраи нави Тоҷикистон», - тазаккур дод дар хотима Зиннатуллои Исмоил.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.1009:21В Москве гражданин Таджикистана избил полицейского
20.1008:53В аэропорту Худжанда пресечена контрабанда свыше 1 млн. российских рублей
20.1007:48На севере Таджикистана задержан «рэкетир» из 90-х
20.1006:50Президент обещает отменить энерголимит, если будет поддержка населения
19.1017:50Как устроились продавцы рынка «Шохмансур»?


Самое обсуждаемое

18.1017:05В Худжанде известного кардиохирурга обвиняют в связях с салафитами(2)
18.1016:00В Китае представлен “гигантский рис” высотой в два метра(1)
18.1014:40В Таджикистане поставили на учет всех геев и лесбиянок(1)
19.1009:38В Согде жестоко убита супружеская чета предпринимателей(1)
19.1009:06Количество задержек вылетов в аэропорту Душанбе увеличилось на 28,5%(1)
19.1007:08Декан факультета одного из вузов Таджикистана задержан при получении взятки(1)
18.1017:19Внуки Джаббора Расулова намерены подать в суд на мэрию Душанбе(1)
19.1015:20С «синими» загранпаспортами с продленным сроком уже нельзя выехать в ряд стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0625035