Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.01.200113:12

Дар пойтахт зиёда аз 100 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт мошини тамғаи «ВАЗ-21144» рақами давлатиаш АХ 7081 РТ 01-ро дастгир карданд, ки ронандааш Шӯҳратҷон Валиеви 34-сола, истиқоматкунандаи хоҷагии «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Фархор буд.

Ҳангоми азназаргузаронии бордони мошин 45 бастаи полиэтиленӣ дарёфт карда шуд ва кормандони Раёсати ташхиси криминалӣ муайян намуданд, ки дар дохили бастаҳо маводи нашъадори афюн буда, вазни холиси он 86 килограмму 185 грамм ташкил медиҳад.

Тафтишот муайян намуд, ки маводи мухаддир ба шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадакбар валади Абдуғаффори 28-сола, сокини вулусволии Хонободи вилояти Қундуз тааллуқ дорад ва ин нафар низ дастгир гардид.

Ҳангоми боз як амалиёти фаврӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб Бобораҷаб Давлатови 47-сола дастгир карда шуд. Аз борхалтаи ӯ 15 килограмму 290 грамм маводи нашъадори ҳашиш ёфт ва мусодира карда шуд.

Кормандони шӯъбаи раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Мастчоҳ Мурод Назриеви 53-соларо дастгир карданд. Аз ӯ зиёда аз 2 килограмм маводи нашъадори афюн мусодира гардид.

Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати шахсони зикр шуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши ҷиноятӣ онҳо идома дорад.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

17.1008:46На границах Таджикистана формируется новая группировка «Хорасан», – муфтий Москвы
17.1007:06Муфтий Москвы предупредил о радикализации таджикских мигрантов
16.1020:30В Таджикистане вернулся к работе чиновник, обматеривший прихожан мечети. ВИДЕО(1)
16.1016:46Из парка имени Айни тайно убрали прах известных людей(3)
16.1016:10«Ночные волки» приехали в Душанбе(1)


Самое обсуждаемое

16.1016:46Из парка имени Айни тайно убрали прах известных людей(3)
16.1016:10«Ночные волки» приехали в Душанбе(1)
16.1020:30В Таджикистане вернулся к работе чиновник, обматеривший прихожан мечети. ВИДЕО(1)
16.1009:07Эмомали Рахмон призвал богатых арабов поддержать своих собратьев по вере(1)
15.1018:04Президентские выборы в Кыргызстане могли остаться в истории, но…(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263