Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

08.01.200113:12

Маҳаллаи обод - манфиат ба сокинон аст

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Неъматулло Додов).-17 июн дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки ҳамаи раисони маҳаллаҳои ноҳияи мазкур мизи гирд дар мавзӯи «Самаранок ва солим гузаронидани вақти холии сокинони маҳал» гузаронида шуд.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 23 маҳалла ва як шаҳрак мавҷуд аст вааз шумораи умумии раисони маҳалла 11 нафарро занҳои фаъол ташкил медиҳанд.

Сараввал, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзӣ Қосимова дар хусуси «Вазифаҳои сокинони маҳал, ки аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд» сухан карда, раисони маҳалларо бар он даъват намуд, ки бештар ба тозагиву ободии маҳаллаҳои хеш диққат диҳанд, ашхоси бекорро аз мадди назар дур накунанд ва мардумро ба иҷрои корҳои манфиатовар ҷалб созанд…

Сардори Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияРустам Шукуров диққати ҳозиринро ба «Нақш ва саҳми Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар фарогирии сокинони маҳал ба шуғл» ҷалб намуда, иброз дошт, ки мақсади мо -кам намудани сафи бекорон аст ва аз шумо хоҳиш мекунем, ки рӯйхати ашхоси бекорро ба мо пешкаш намоед, то мо ҳамроҳ бо дигар мақомоти дахлдор дар таъмини онҳо бо ҷойи кор аз ҳар имконияте, ки ҳаст истифода барем.

Пас аз баромадҳои масъулин чанд раиси маҳалла аз рӯзгори кунунии сокинони маҳаллаи хеш нақл карда, ҳамкории зичи маҳаллаҳоро бо ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ вадигар ташкилоту идораҳо барои ҳарчи тезтар бартараф сохтани камбудиҳо пешниҳод намуданд.

Баргузории чунин мизҳои гирд бо ширкати раисони маҳаллаҳо ва масъулини навоҳӣ бешубҳа имкон медиҳад, ки бархе аз масоили дар маҳаллаҳо рухдода, ба қадре ҳаллу фасл гарданд, ки ин пеш аз ҳама бар манфиати худи сокинони ҳамон маҳаллаҳо аст.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0414:35Впервые таджикистанцы не будут отдыхать в Первомай
30.0412:51В Таджикистане наблюдаются огромные очереди в последний день перерегистрации сим-карт
30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)
29.0415:53Миссия: выжить на пенсию в 257 сомони. ВИДЕО
29.0412:23В армию - со школьной скамьи. На юге Таджикистана под "облаву" попал учитель


Самое обсуждаемое

30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156259