Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

09.01.200116:12

Фаъолияти ФҶХТ дар тӯли як сол

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон (ФЧХТ) аз рӯзи таъсисёбӣ то инҷониб бо ҳамкорӣ ва дастгирии ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони саховатпеша як қатор амалҳои хайриявиро анҷом додааст.

Моҳи июли соли 2007 ФЧХТ барои бартарафнамоии оқибатҳои обхезӣ дар ноҳияи Ашт 50 ҳазор сомонӣ ва 50 ҳазор сомонии дигар барои оилаҳои зарардида аз зилзила дар ноҳияи Рашт кӯмак расонида шуд. Ҳамчунин бо дархости ФЧХТ ба зарардидагони ноҳияи Рашт ҶСШП «Хонаконефтепродукт» ба маблағи 708 300 сомонӣ ва ҶДММ «Сахӣ» ба маблағи 10500 сомонӣ озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмаки яквақтина намуданд. Аз ҷумла, бо ташвиқи ФҶХТ ба зарардидагони ноҳияи Ашт аз ҷониби намояндагии Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон ба мабалағи 50 ҳазор доллари ИМА хаймаву дигар лавозимоти зарурӣ, ҶСК «Агроинвестбонк» ба маблағи 44 ҳазор сомонӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кӯмак расонида шуд.

Бо иқдоми ФҶХТ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой моҳи марти соли равон масъалаи расонидани кӯмаки хайриявӣ - 150 адад аробача барои маъюбон аз ҷониби Корпоратсияи «Sinohydro»-и Хитой ба тарзи мусбат ҳал шуд. То имрӯз аз ин миқдор аробача 130 адади он омада расидааст. 50 адад аробача вилояти Суғд, 60 адад ба вилояти Хатлон фиристонида шуд ва 20 адад дар ихтиёри ФҶХТ аст.

Моҳи августи соли 2007 якҷоя бо Ширкати тиҷоратии «Ориён-2001» ва як гурӯҳ соҳибкорон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Дарвоз ба номи Акашариф Ҷӯраевро аз таъмири асосӣ бароварда, онро бо компютеру асбобҳои замонавии дарсӣ муҷаҳҳаз гардониданд.

Бо ҷалби ҶДММ «Кони Дон» сохтмони мактаб барои 150-200 нафар дар қишлоқи Ализодаи ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норак дар арафаи анҷомёбист, ки то якуми сентябр ба итмом хоҳад расид.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

20.0208:18Житель Пенджикента вымогал деньги у врача из Душанбе путем шантажа
20.0207:29«Таджик Эйр» начинает выполнять регулярные полеты по маршруту «Душанбе-Пекин-Душанбе»
20.0207:05Дорожную технику компании IRS накрыла лавиной. Погибли три сотрудника компании
20.0206:18Атамбаев: Ни Москва, ни Вашингтон не решают, кто станет президентом Кыргызстана
20.0205:40«Таджикистан и Россия – две половинки одной души»


Самое обсуждаемое

16.0208:35Президент – Рустаму Эмомали: Будь ближе к народу, и народ тебя поддержит(4)
18.0213:50Вице-президент США заявил об ответственности России за войну в Донбассе(3)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267