Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

09.01.200117:12

Мири шаҳри Маскав ба Душанбе меояд

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи баргузории Рӯзҳоифарҳанги шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе 23 июн Мири шаҳри Маскав Юрий Лужков бо як ҳайати расмӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Зимни сафари худ Мири шаҳри Маскав Юрий Лужков ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни тоҷикон дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев мулоқот менамояд. Дар назар аст, ки дар ҷараёни мулоқот дурнамои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи шаҳрҳои Душанбею Маскав мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тибқи итттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, Юрий Лужков дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе, ки 23-25 июн доир мешавад, иштирок менамояд. Ҳамзамон бо фармондеҳон ва ҳайати шахсии пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонвохӯрию мулоқот менамояд. Инчунин, Мири шаҳри Маскав аз Қасри «Пойтахт» ваҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи манзилии «Пойтахт-80» дидан карда, дар дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар радифи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар Душанбе доир мегардад, ширкат менамояд.

Бояд гуфт, ки ахиран Юрий Лужков моҳи ноябри соли 2004 дар доираи ҷашни 80-солагии Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон омада, хишти нахустини пойдевори Маҷмааи манзилии «Пойтахт- 80»-ро гузошта буд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

30.0414:35Впервые таджикистанцы не будут отдыхать в Первомай
30.0412:51В Таджикистане наблюдаются огромные очереди в последний день перерегистрации сим-карт
30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)
29.0415:53Миссия: выжить на пенсию в 257 сомони. ВИДЕО
29.0412:23В армию - со школьной скамьи. На юге Таджикистана под "облаву" попал учитель


Самое обсуждаемое

30.0410:53"Образцовый имам должен отправить сына в армию, а дочь - в университет"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0468787