Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.02.200109:12

Б. БобохоновДар вилояти Суғд ба худкушӣ даст задани ҷавонон зиёд гардидааст

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 6333 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ин давраи соли гузашта 4,4 % кам мебошад»,- зикр намуд дар нишасти матбуотӣ 11 июли соли ҷорӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов.

Б. Бобохонов зикр намуд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар вилояти Хатлон 8,7 %, шаҳри Душанбе 6%, ноҳияи Файзобод 84%, ноҳияи Ҷиргатол 81%, аз ҷумла содиршавии ҷиноятҳои роҳзанӣ 3,5 % ва дар вилояти Суғд ба худкуши даст задани ҷавонон зиёд гардидааст. Ҷиноятҳо ба воситаи яроқи оташфишон, даст задан ба куштор ва содиршавии ҷиноят байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ паст карда шудааст.

Танҳо бо тариқи назорати умумӣ 3644 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа ба унвонии роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ 3067 пешниҳод - санадҳои эътиноии прокурорӣ ирсол карда шуданд. Дар натиҷаи баррасии пешниҳодҳо 2444 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2740 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва дар асоси қарорҳо 5821 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки ба 6912 қарору фармонҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда шудааст, 691 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, зарари расонидаи ба маблағи 85 миллиону 188 ҳазору 982 сомонӣ ва 428 ҳазор доллари амрикоӣ барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра иҷроиши қонунгузориҳо дар бораи замин, ҷангал, доир ба дастгирии давлатӣ ва ҳимояи соҳибкорӣ, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими расму оин, уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин масъалаҳои таҷрибаи тафтишию судии як зумра ҷиноятҳо аз ҷумла, хариду фурӯши одамон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

27.0315:00Кого из граждан Таджикистана коснется миграционная амнистия
27.0313:31В Худжанде установили памятник в честь героев фильма «Я встретил девушку»
27.0313:23Таджикистан увеличил объемы поставок электроэнергии в Афганистан
27.0312:51Как связаны истории «Бухорои Шариф» и последнего эмира Бухары
27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(2)


Самое обсуждаемое

27.0312:50Смутные времена для дряхлого Евросоюза(2)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312640