Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

03.02.200110:12

Иди забон- иди худогоҳии тоҷикон

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-22 июл дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ қарор ба имзо расонд. Мувофиқи он нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар пойтахт тасдиқ карда шуд.

Тибқи ин қарор 22- июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», Майдони «800-солагии Москва» ва дар муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» (Амфитеатр» сайругашти оммавии идонаи шаҳрвандон ташкил карда шуда, намоиш ва фурӯши маҳсулоти нонию қаннодӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, беҳтарин санъаткорону мутрибон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ бо барномаҳои рангини консертӣ ба базмгоҳҳои идона шукӯҳи тоза мебахшанд.

Инчунин,дар рӯзи таҷлили Иди забони тоҷикӣ дарбазмгоҳҳо бо ҳузури шоирону нависандагон, аҳли эҷод ва умуман зиёиёни кишвар маҳфилҳои бошукӯҳ ороста мешаванд. Дар онҳо зиёиён ва соҳибназарони шинохта роҷеъ ба рушди забони тоҷикӣ дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва ҳифзи забони модарӣ сухан мекунанд.

Бояд зикр кард, ки забони тоҷикӣ, ки як рукни истиқлолияти давлативу сиёсии тоҷикон мебошад, ҳанӯз 19 сол муқаддам, аниқтараш соли 1989 мақоми давлатиро соҳиб гардид. Ва ҳар сол ин санаи таърихӣ дар саросари кишвармон бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуда, ба иди воқеии худшиносиву худогоҳии тоҷикон табдил ёфтааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
3.0
- всего оценок (2)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

18.0808:08На севере Таджикистана пресечена контрабанда трансформатора
18.0806:11Теракт в Барселоне: 13 человек погибли, двоих террористов удалось задержать
17.0819:24Фильм о поддержке Ираном террористов в Таджикистане перевели на четыре языка(2)
17.0816:36Десятки азербайджанцев и таджиков подрались на рынке в Нижнем Новгороде
17.0815:12В Душанбе задержаны трое молодых людей, устроивших поножовщину около Baby Shop


Самое обсуждаемое

16.0819:11"Я согласна снимать хиджаб, если..."(6)
17.0819:24Фильм о поддержке Ираном террористов в Таджикистане перевели на четыре языка(2)
16.0816:27«Андешаи пок»: уникальная школа для первоклашек(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156262