Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.02.200115:12

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 318 намуд маҳсулоти ғайристандартӣ аз фурӯш боздошта шуд

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - «Бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолдӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидор 2418 санҷиши назоратӣ гузарнида шуда, дар 980-тои он ҳолатҳои вайрон кардани талаботи стандартӣ ошкор карда шуд», - иброз дошт директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов 16 июл, зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ афзуд, ки дар ин давра 318 намуд маҳсулоти ғайристандартӣ ва 543 намуд маҳсулоти бидуни сертификати мутобиқат аз фурӯш боздошта шуда, нисбат ба 79 субъект ба маблағи 18 ҳазору 698 сомонӣ ҷарима баста шуд.

«Тазаккур додан ба маврид аст, ки завқи интихоби маҳсулоти босифат аз ҷониби истеъмолкунандагон кам мушоҳида мешавад ва шояд яке аз сабабҳои роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ба бозори дохилӣ ҳамин бошад. Зеро, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аз шумораи муроҷиаткунандагон нисбат ба дифои ҳуқуқҳояшон 80 дар садашон миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон, яъне ғайри тоҷик мебошанд», - идома дод директори Агентии «Тоҷикстандарт».

Маврид ба ёдоварист, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» нисбат ба 54 корхона корҳои ваколатдиҳӣ ба сомон расонида шудааст, ки аз нимсолаи аввали соли гузашта 2 корхона зиёд буда, айни ҳол дар қаламрави ҷумҳурӣ 152 озмоишгоҳи корхонаҳо дар реестри давлатӣ оид ба ваколатдиҳӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

14.1216:48Автоблоггер из Душанбе решил проблему плохого бензина
14.1211:57"Я не мог больше терпеть побоев и убил отца"
14.1211:17В Таджикистан Каромата Шарипова привезли на инвалидной коляске
14.1209:23Мука с молью. Глава мукомольной компании предстанет перед судом
14.1206:36Главный коммунист Душанбе подозревается в мошенничестве


Самое обсуждаемое

13.1207:00Сотрудник Академии наук Таджикистана оскорбил Бедиля и уволился с работы(3)
12.1223:28Прощай, NGN! Власти Таджикистана решили блокировать мессенджеры?(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312521