Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.02.200116:12

Дар Суди Олӣ парвандаҳои ҷиноии баррасигардида тамоили зиёдшавӣ доранд

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Дар Суди Олии ҷумҳурӣ миқдори умумии парвандаҳои ҷиноии баррасигардида нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 тамоили зиёдшавӣ дошта, мутаносибан 25%-ро ташкил медиҳад. Аммо камшавии миқдори парвандаҳои баррасигардидаи мушаххас оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнини одамкушӣ 15,3% ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бошад, 33,3% ба назар мерасад»,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ 16 июл, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев.

Қайд гардид, ки дар ҳамин давра Суди Олӣ ба ҳайси суди зинаи аввал 35 парвандаи ҷиноиро нисбати 53 нафар баррасӣ намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2007 7 парвандазиёд буда, мутаносибан 25%-ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноии мавриди баррасӣ қарор гирифта, 34 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 52 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ ба итмом расонида шуда, 1 парвандаи ҷиноӣ нисбати 1 нафар ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст.

Аз 52 нафари маҳкумшудагон дар ҳаққи 50 нафари онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла нисбати 2 нафарашон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва нисбати боқимонда ду нафар дигар намуди ҷазоҳо таъин карда шудаанд. Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли равон 4 парвандаи гражданӣ дар зинаи якум мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳамаи онҳо бо баровардани ҳалнома ба итмом расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 6 адад кам мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 202 парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 253 нафар ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждани бошад, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 190 қарорҳои зинаҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар марҳилаҳои гуногуни судии Суди Олӣ дар маҷмӯъ 450 парвандаҳои гражданию ҷиноӣ баррасӣ карда шудаанд.

Ҳамчунон қайд карда шуд, ки Суди Олӣ иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»-ро қатъиян таъмин намуда, дар ин давраи соли 2008 ба Суди Олии ҷумҳурӣ 1423 адад арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гардида, аз онҳо 1292 ё худ 90,7%-и онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта, 131 адади он дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

22.0115:49"Трудовая миграция негативно сказалась на положении детей Таджикистана"(1)
22.0109:57"Девочка – это отрезанный ломоть". Почему женщины в Таджикистане не отстаивают свои права(2)
21.0117:18Зоиров: "Оставить Шухрата Кудратова в тюрьме - должностное преступление"
21.0112:39Трамп подписал указ об отмене Obamacare
21.0111:48Следствие смягчило обвинения фигурантам бойни на Хованском кладбище


Самое обсуждаемое

22.0109:57"Девочка – это отрезанный ломоть". Почему женщины в Таджикистане не отстаивают свои права(2)
21.0107:32Мемориал Гранаткина: «Молодежка» Таджикистана заняла «утешительное» 15-е место(1)
21.0109:30По делу ДТП с участием сына вице-премьера проведено несколько экспертиз(1)
22.0115:49"Трудовая миграция негативно сказалась на положении детей Таджикистана"(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156263