Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

05.02.200111:12

«Нишони зиндагӣ» муаррифӣ гардид

         Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми 15 июл дар Душанбе филми нави «Нишони зиндагӣ», ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ гардид.

Филми мазкур аз рӯи асари нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев ба навор гирифта шудааст. Мавзӯи асосии филм таҷассуми ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, он пиромуни рӯзгори бархе аз хонаводаҳои тоҷик дар солҳои муқовимати дохилӣ нақл мекунад. Коргардон ва таҳиягари филм Саидҷон Қодирӣ ва муаллифи сенарияи филми мазкур шоир Гулназар мебошанд.

Муовини директорикиностудияи «Тоҷикфилм» Шавкат Муҳаммадиев дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки – нақшҳои асосиро дар филми «Нишони зиндагӣ» ҳунармандони шинохтаи соҳаи киною театри ҷумҳурӣ Тағоймурод Розиқов, Қурбони Собир, Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова, Маҳина Зиёвудиннова, Машҳура Саидзода ва Иззатулло Сафаров бозидаанд.

Ҳамзамон Шавкат Муҳаммадиев афзуд, ки филми «Нишони зиндагӣ» дар соли равон саввумин филми бадеист, ки даркиностудияи «Тоҷикфилм» рӯи навор оварда шудааст. Дар вақтҳои наздик филми бадеии «Нишони зиндагӣ» тавасути бархе аз шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Шабакаи аввал» ва «Сафина» намоиш дода мешавад.

Источник: ИА "ХОВАР"
1.0
- всего оценок (3)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0415:42В Таджикистане арестован экс-замглавы антикоррупционного ведомства
25.0413:34В Таджикистане начнут поступать автомобили казахстанской сборки
25.0413:32Арестованы около 10 сотрудников Антикоррупции
25.0413:25США могут урезать объем помощи Таджикистану на 48%
25.0411:54На севере Таджикистана увеличился объем улова рыбы


Самое обсуждаемое

24.0410:10МИД Великобритании назвал Таджикистан одной из наиболее опасных для посещения стран(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156266