Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.02.200117:12

Хадамоти гумрук нақшаи давлатро ба 108,5 % расонид

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- «Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба хазинаи давлат ба ҷои 715,9 млн. сомонӣ 776,4 миллион сомонӣ ворид намуд, ки он аз нақша 60,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 108,5 фоизи нақшаро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба маблағи 272,1 миллион сомонӣ зиёд аст»,-зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ 17 июл муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматбой Раҳматов.

Ӯ афзуд, ки гардиши савдои берунӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба маблағи 2 миллиарду 255,4 миллион доллари ИМА баробаргардид. Ҳаҷми содирот 764,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷмиворидот бошад 1 миллиарду 490,8 миллиондоллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ин давра мақомоти гумрук 2564 ҳолати қонуншикании гумрукиро ошкор намуд, ки 29 ҳолаташ ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук буда, аз он 23 ҳолаташ интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, 2 ҳолаташ қочоқи молҳои ниёзи мардум ва 4 ҳолаташ дигар ҷиноятҳои соҳаи гумрук мебошад. Инчунин, 2535тои дигараш ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.

Аз гардиши ғайриқонунӣ 67 килограмму 845,375 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз рўи парвандаҳои баррасишуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ зиёда аз 1 миллиону 562 ҳазору 565сомонӣ ҷарима гузошта, аз он маблағи 1 миллиону 220 ҳазору 847сомонӣ ситонида шудааст.

Источник: ИА "ХОВАР"
5.0
- всего оценок (1)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

19.0619:35В Гиссаре подросток подозревается в изнасиловании малолетней девочки
19.0612:03На севере Таджикистана зафиксирован строительный бум. Столица поотстала
19.0611:11Стала известна дата запуска новых автобусов между Таджикистаном и Узбекистаном(1)
19.0609:22Президент провел очередное заседание правительства Таджикистана
19.0608:47«Народный генерал» заявил, что хозяева ПИВТ в 2020 году намерены осуществить переворот в Таджикистане


Самое обсуждаемое

18.0616:50В Худжанде за пытки судят офицера госбезопасности и сотрудника милиции(1)
19.0608:03«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» объявил о новом снижении ставок по всем кредитам(1)
18.0617:34Сбивший людей в центре Москвы таксист из Кыргызстана извинился за случившееся: он не выспался(1)
19.0611:11Стала известна дата запуска новых автобусов между Таджикистаном и Узбекистаном(1)



(C) 2001-2018 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156251