Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

06.02.200117:12

Н.РаҳматовГардиши савдои берунӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба маблағи 2 миллиарду 255,4 миллион доллари ИМА баробар гардид

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Хадамоти гумрук ба хазинаи давлат ба ҷойи 715,9 миллион сомонӣ776,4 миллион сомонӣ ворид намуд, ки он аз нақша ба маблағи 60,5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 272,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 108,5 фоизи нақшаро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба маблағи 272,1 миллион сомонӣ зиёд аст, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматбой Раҳматов.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағи имтиёзҳое, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, 676,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин 88,0 % - и нақшаи иҷрогардидаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,3 миллион сомонӣ ё ин, ки 127,1 % зиёдтар мебошад.

Гардиши савдои берунӣ дар нимсолаи аввали соли 2008 ба маблағи 2 миллиарду 255,4 миллион доллари ИМА баробар гардид. Ҳаҷми содирот764,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷмиворидот бошад 1 миллиарду 490,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар содирот вазни қиёсии асосиро молҳои зерин: алюминии аввалия - 74,6 %ё ин, ки 571,5 миллион доллар, нахи пахта - 8,6 % ё ин, ки 65,8 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот - 2,6 % ё ин, ки 20,5 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар воридот молҳои асосӣ инҳоянд: оксиди алюминӣ (глинозем) -11,5 % ё ин, ки 171,4 миллион доллар, маҳсулоти нафтӣ - 13,4 % ё ин, ки 201,2 миллион доллар, гази табиӣ 2,9 %ё ин, ки 43,0 миллион доллар, орд - 4,4,5 % ё ин, ки 67,8 миллион доллар, асъор - 15,5 %ё ин, ки 231,8 миллион доллар ва семент - 1,9 % ё ин, ки 28,9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2008 мақомоти гумрук 2564 ҳолати қонуншикании гумрукиро ошкорнамудааст, ки 29 ҳолаташ ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук буда, аз он 23 ҳолаташ интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, 2 ҳолаташ қочоқи молҳои ниёзи мардум ва 4 ҳолаташ дигар ҷиноятҳои соҳаи гумрук мебошад. Инчунин 2535-тои дигараш ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.

Дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 67 килограмму 845,375 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шудааст..

Аз рӯи парвандаҳои баррасишуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ зиёда аз 1 миллиону 562 ҳазору 565 сомонӣҷарима гузошта, аз он маблағи 1 миллиону 220 ҳазору 847сомонӣ ситонда шуда, ба маблағи 57,1 ҳазорсомонӣ мол мусодира гардидааст.

Қарзҳои дебитории корхонаю ташкилотҳо дар назди Хадамоти гумрук11 миллиону 783 ҳазор сомонироташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки 11 миллиону 331 ҳазор сомонии қарзҳои зикргардида ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» тааллуқ дорад.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки айни замон дар Академияи гумрукии Хадамоти федералии гумруки ФедератсияиРоссия24 нафар кормандон дар шўъбаи ғоибонава 20 нафар дар шӯъбаи рӯзона, ҷамъ 44 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Имсол бошад, боз 12 нафар донишҷӯён дар моҳи июл барои таҳсил баАкадемияи Федералии гумруки Россия фиристода мешаванд, ки аз онҳо 6 нафар ба шӯъбаирӯзона ва 6 нафари дигарашон ба шӯъбаи ғоибона дохил шудаанд. Дар нимсолаи соли ҷорӣ 26 нафар бо сабабҳои гуногун аз кор озод карда шуданд.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

10.1214:40На юге Таджикистана на АЗС произошел мощный взрыв
10.1213:03Лавров обратился к оператору Reuters по-английски. А затем назвал его дебилом
10.1210:06На юг с пустыми карманами: из-за кризиса мигранты покидают Россию и возвращаются домой
10.1209:50"Заблокированный" год
10.1209:42Президент снял с должностей глав ряда районов Хатлонской области


Самое обсуждаемое

09.1214:20«Барки точик» сообщил о смягчении энерголимита по стране(6)
07.1215:18Первый визит в качестве президента Шавкат Мирзиёев совершит в Россию(3)
09.1221:00Немцы сочли мигрантов главной проблемой(2)
09.1213:17Именной пистолет от Виктора Януковича президентам СНГ(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156014