Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200110:12

Барои таъмини бехатарии корҳо дар саноат ва конҳо

   Душанбе, 17 июл (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳодар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он муовиниаввали сардориидора Сиҷоуддин Мирзоев доир бафаъолияти соҳа дар давоми шаш моҳи гузашта маълумот дод.

Дар нимсолаи якум бо мақсади муаян намудани иҷроиталаботи Қонун дар 29 корхонаю ташкилот азҷумла: дар ҶДММ «Зет-ГАЗ», ҶСШК «Душанбегаз». ҶДММ «Ҳиммат»-и ш.Конибодом, Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ, Экспедитсияи ҷустуҷӯи геологии Помир, ҶДММ «Салоса», КВД «Нафтугазистеҳсолкунандаи Ҷанубӣ», ҶСП«Промммонтаж», ҶДММ «Самт-2», ҶСШК «Тоҷикхимпром», ҶCШК «Тоҷиктекстилмаш» ҶДММ «Сайёд», ҶДММ «Хиштрез» ва ғайра тафтиш гузаронида шуд.

Дар натиҷа ба ҳамаи корхона ва ташкилотҳо барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта огоҳинома дода, мӯхлати он муқарар карда шуд. Барои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣҷавобгӯ набудани фаъолият, барои надидани чораҳои лозимӣ оиди пешгирӣва сар задани ҳодисаҳои нохуш дар иншоот фаъолияти 34 корхона қатъ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти техникӣ ба 45 нафар мансабдор, аз корхонаҳои ҶСК «Арендное РМЗ»-и ш.Вахдат, ҶCП «Гулистон», ҶДММ «Самт-2», ҶСП «Проммонтаж», ҶСШК «Заводи таъмиру механиконидашуда»-и ш.Вахдат, ҶСШК «Барқи Помир» НОБ-и «Сарбанд», ҶСШК «Ангишт», фабрикаи КМ Тоҷикистону Амрико ва Анзоб ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ҷарима андохта шуд.

Аз тарафи Саридора ба корхона ва иншоотҳои зериназоратӣ

 47-иҷозатномаи фаъолият, 21-шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда, 2-шаҳодатнома барои истифодабарии анбори маводи тарканда, 27-рухсатнома барои гузаронидани корҳои инфиҷорӣ, 13-қитъаи кӯҳкорӣ, 21-рухсатнома барои истифодабарии хоҷагии газ дода шуд.

Бо мақсади иҷрои Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 оид ба Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар нимсолаи якуми соли 2008 аз тарафи кормандони Саридора «Қоидаҳои пешбурди Кадастри давлатии маводи тарканда» таҳия гардид, кибо Қарори Ҳукумати Ҷумҳури моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ карда шуд.

Дар даҳаи аввали моҳи август барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи Шӯрои VIIбайнидавлатӣ оид ба бехатарии саноатии ИДМ ҷораҳои зарӯрӣ андешида шуда истодааст, қайд кард дар хотима С.Мирзоев.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

03.1215:16Ансори: Смертный приговор Бобака Занджани не отменен
03.1212:35В России группа наркоторговцев подозревается в сбыте около 700 кг героина
03.1210:23Официальный Кабул прокомментировал заявление талибов по CASA-1000
03.1210:03Путин призвал упростить получение гражданства РФ для выходцев из бывшего СССР
03.1209:31На севере Таджикистана раскрыто жестокое убийство, совершенное в 2010 году


Самое обсуждаемое

01.1214:11Атамбаев о ЕАЭС: вступаем в братский союз и встречаем старшего брата, который нам ножки подставляет(7)
02.1210:57Лидер Компартии Таджикистана верит председателю Нацбанка, но стоит в очереди за своим депозитом(3)
01.1209:43На реализацию новой Национальной стратегии развития Таджикистана необходимы $118,1 млрд.(2)
01.1217:52Земан и Рахмон не стали общаться с журналистами(2)
03.1210:32Когда у НПЗ "финансы поют романсы"...(1)
02.1211:21Атамбаев ответил на слова мэра Москвы о киргизских мигрантах(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00