Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200110:12

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ

          Имрўз, субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти иҷрои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шаҳру ноҳияҳои он сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротоваи ноҳияи Ванҷ дар деҳаи Рохарв оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо истифодабарии заминҳои президентӣ дар хоҷагиҳои шахсии шаҳрвандон Салимшо Шириншоев, Шариф Боронов, Ҳамроҳҷон Ҷонов ва Ғафлат Боронова низ шинос шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардоштикамзаминии водии Ванҷ ба масъулинисатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, китаъминоти деҳқонони ноҳияро бо тухмиҳои серҳосилизироатҳои кишоварзӣ зери назорат қарор диҳанд, то ки ҳосили фаровон рўёндан имконпазир шавад. Деҳқонони ноҳия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини онҳо бо тухмиҳои серҳосили ғалладона, картошка ва дигар зироатҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Зимни суҳбатҳо зикр гардид, кизаминҳои водии Ванҷ кам ҳам бошанд хеле серҳосиланд. Зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзии ноҳия маълум шуд, ки деҳқонони он тавассути меҳнатипурсамари худ аз тамоми меваю сабзавот ҳосили фаровон рўёнидаанд.

Дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 3 ҳазор нафар фаъолони он машварати корӣ доир намуд, ки дар он ҳамчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини дигари сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия, геодезия ва заминсозӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони бонкҳои саҳҳомӣ ва ғайра низ иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда,нахуст ба мардуми заҳматпешаи ноҳияи Ванҷ баҳри иҷрои хубимуроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва таъмин намудани фаровонҳосилӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси ноҳия ва дигар шахсони масъулро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати истифодабарии заминҳои корам шунида, вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва оид ба пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳолӣ мужда расонд, киимрўз ба ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 4 автобус, 2 мошини ёрии таъҷилӣ,30 компютер тўҳфа карду шуд. Дар давоми нимсолаи дуюми соли равон1 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Дарвоз ва 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Ванҷ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки бароисохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ ва азхудкуниизаминҳои нави обёришаванда маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири сўҳбатмардумро бори дигарба истифодаи пурмаҳсули заминҳо, рўёндани ҳосили фаровон ва омода намудани захираи дусолаи озуқвории худ ҳидоят намуда, таъкид намуд, кияке аз ҳадафҳои асосии сафари корииба ВМКБшиносоӣ бо шароиту зиндагии мардум ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда аст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ҷойгир шудааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода телефонӣ аз ноҳияи Ванҷ ба мо иттилоъ дод.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

06.1218:15Узбекистан отменяет визы для туристов из 27 стран
06.1215:55Афганистан проведет расследование связей талибов с Россией и Ираном
06.1215:50В Душанбе вынесен приговор троим мужчинам, убившим и расчленившим женщину
06.1215:479 лет тюрьмы за неудачный "киднеппинг"


Самое обсуждаемое

05.1211:34Таджикистан перейдет на 12-летнее образование в 2020 году(4)
06.1209:18Эмомали Рахмон обратится с посланием парламенту Таджикистана до нового года(1)
05.1219:14Путин озадачил правительство законом об адаптации мигрантов(1)
05.1211:31Китайская энергетическая строительная корпорация заинтересована в сотрудничестве с Таджикистаном(1)



(C) 2001-2016 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156250