Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200117:12

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо сокинони ноҳияи Рўшон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо сокинони ноҳияи Рўшон

«18» июли соли 2008

Дўстони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама ба шумо – сокинони меҳмоннавози ноҳияи зебоманзари Рўшон барои истиқболи гарм ва пазироии самимонаатон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Бинобар он, ки вохўрии мо дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 1150-солагии зодрўзи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва дар остонаи Рўзи забони тоҷикӣ баргузор мегардад, ҳамаатонро ба ин муносибат табрику таҳният мегўям.

Дар ҷараёни сафари худ ман аз татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ, ки дар доираи он имрўз дар ҳудуди ноҳия як нерўгоҳи хурди барқи обӣ, биноҳои нави «Агроинвестбонк» ва идораи молияи ноҳия ба истифода дода шуда, сохтмон ва таъмиру азнавсозии як қатор иншооти истеҳсоливу муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи самарабахши заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ торафт вусъат ёфта истодааст, бисёр хушҳол ва қаноатманд гардидам.

Ҳадафи асосӣ аз сафари ман ба вилоят, аз ҷумла ба ноҳияи Рўшон шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рўзгори мардум, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумати кишвар, барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо ва суръати тоза бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рўшон дар давоми 16 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣзиёда аз 36 миллион сомонӣсарф карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат барои пўшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ва тараққиёти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 17 миллион сомонӣҷудо гардидааст.

Танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят барои буҷети ноҳия 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок дода шудаанд, ки ин ҳама аз дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва ғамхории он ба ноҳияи шумо гувоҳӣ медиҳад.

Дар шароити кўҳистон яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки мо онро ҳадафи худ қарор додаем, оқилона ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи замин мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дар давоми ду соли охир ҳолати мелиоративии 60 гектар замин беҳтар карда шуда, тибқи қарори Ҳукумати мамлакат«Дар бораи тасдиқи Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» азхудкунии боз 60 гектар замини нав дар назар дошта шудааст.

Дар баробари ин, тибқи лоиҳаи Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ бо сарфи беш аз сеюним миллион сомонӣ азнавсозии шабакаҳои обёрикунанда ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 1200 гектар замини ноҳия оғоз гардидааст, ки ин бешубҳа, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҷиҳати иҷрои Барномаи рушдииҷтимоивуиқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия канали Рошорв сохта шуд, ки барои обёрӣ кардани 800 гектар замин имкон фароҳам овард.

Инчунин дар мавзеи Вомари ноҳия бо маблағҳои давлатӣ қариб якуним километр соҳилҳо мустаҳкам карда шуданд.

Ин ва дигар тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар ба шумо – сокинони ноҳияи Рўшон имкон медиҳад, ки бо истифода аз замин ва тараққӣ додани соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткориву чорводорӣ ҳам амнияти озуқаворӣ ва ҳам сатҳи зиндагии худро беҳтар намоед.

Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати кўҳӣ, сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти ноҳия мебошад.

Дар давоми 16 сол дар қаламрави ноҳия 24 нерўгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсолии онҳо беш аз якуним ҳазоркиловатт-соатро ташкил медиҳад.

Барои беҳбуди таъминоти ноҳияҳои кўҳистон бо нерўи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои об тибқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020-ум дар қаламрави ноҳия сохтмони боз дунерўгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади дар ҳудуди ноҳия ба иқтидори истеҳсолии то 100 мегаватт бунёд намудани нерўгоҳи барқи обии «Санобод», ки арзиши корҳои сохтмони он 412 миллион сомонӣ буда, барои бо барқ пурра таъмин шудани вилоят, инчунин содироти он имкон медиҳад, таҳияи лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ шурўъ гардидааст.

Дар баробари ин, дар оянда дар ноҳияҳои Рўшон ва Ванҷ сохтмони корхонаҳои саноатии истеҳсоли семент, хишт ва коркарди санги мармар низ ба нақша гирифта шудаанд.

Вобаста ба ин, ҳоло ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масъалаҳои коркарди канданиҳои фоиданоки кони Икарро ҳаллу фасл намояд.

Боварӣ дорем, ки баъди бунёди чунин иншоотҳои гидроэнергетикиву саноатӣ вазъи иқтисодӣ дар ноҳия куллан тағйир хоҳад ёфт.

Ман борҳо таъкид намудаам, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодӣ тараққӣ додани соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.

Барои дар ноҳияҳои кўҳистони кишвар густариш ёфтани соҳибкории хурду миёна мо тавассути бонкҳо додани қарзҳои хурдро тадриҷан вусъат дода истодаем.

Дар давоми шаш моҳи охир бо ин мақсад дар ноҳия аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи зиёда аз чор миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, киин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта56 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмўъ ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бонкӣ дар ноҳия дар тўли се соли охир 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Албатта, ин ҳанўз қонеъкунанда нест ва мо ин корро идома медиҳем. Ҳоло ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки то мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ барои дар соли 2009 якуним баробар зиёд кардани ҳаҷми қарзҳо мусоидат намояд.

Ҳамзамон бо ин, афзоиши 60-каратаи ҳаҷми қарздиҳӣ дар соли 2007 нисбат ба соли 2004 дар ноҳия шаҳодати мавҷуд будани имкониятҳои иловагии рушди қарздиҳӣ мебошад.

Дар баробари ин, ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти назорат аз болои истифодаи мақсадноки қарзҳои пешниҳодшуда ва таъмини самарабахшии онҳо пурзўр намоянд.

Ҳозирини мўҳтарам!

Шумо хуб медонед, ки давлат ва Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустиро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода,дар ин ҷода тадбирҳои зиёдро амалӣ мегардонад.

Дар ин замина мо дар ноҳияи Рўшон дар давоми панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф ва тандурустиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутаносибан чоруним ва чор маротиба зиёд кардем.

Имсол низ ҳаҷми он нисбат ба соли гузашта мутаносибан 40 ва 62 фоиз зиёд мебошад.

Илова бар ин, бо дарназардошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳанг таъмиру азнавсозии онҳоро ҳам бо маблағҳои давлатӣ ва ҳам дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тадриҷан вусъат дода истодаем.

Дар доираи татбиқи Барномаи рушдииҷтимоиюиқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015 дар ноҳия барои ислоҳот ва беҳбудии вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣяк қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар қаламрави ноҳия сохтмон ва таъмиру таҷдиди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ сурат мегиранд.

Аз ҷумла, Вазорати маориф вазифадор аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 31-ро суръат бахшад.

Ҳукумати кишвар пайваста азму талош дорад, ки ноҳияи Рўшон низ дар қатори дигар ноҳияҳои мамлакат тараққӣ карда, ободу зебо шавад, сатҳ ва сифати зиндагии сокинонаш баланд гардад.

Барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳия захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Истифодаи самараноки онҳо пеш аз ҳама ба меҳнату азму талош, инчунин ҳисси ватандўстиву ватанпарастии шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Рўшон вобаста аст.

Зеро мо танҳо бо сарҷамъӣ, ваҳдату иттиҳоди комили миллӣ, суботи пойдори ҷомеа, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллати кўҳанбунёди худ ва меҳнати содиқона сарзамини аҷдодиамонро обод ва зиндагии шоистаи мардумамонро таъмин карда метавонем.

Бовар дорам, ки ҳар яки шумо бо азму иродаи қавӣ ва меҳри беандоза нисбат ба Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол кору зиндагӣ карда, минбаъд низ дар ободиву шукуфоии он саҳми арзанда мегузоред.

Дар ин роҳ ба шумо барору комёбиҳо ва ба хонадони ҳамаатон ободиву осудагӣ орзумандам.

Саломат бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

23.0907:50Кудрин заступился за таджикских мигрантов
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)
22.0918:01Дочь главы Азербайджана cделала селфи во время речи её отца в ООН о геноциде
22.0915:14В Таджикистане вынесен приговор еще одному фигуранту «дела коррупционеров»
22.0911:27«Пригласите сюда тех, кто ел плов и снимал на видео». Дело бывшего директора Нацбиблиотеки


Самое обсуждаемое

21.0908:50Избитый охранниками ТЦ "Москва" таджик скончался(5)
23.0906:53В МИД России обсудили инцидент у торгового центра «Москва»(2)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156246