Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

07.02.200110:12

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар вохўри бо сокинони ноҳияи Ванҷ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўри бо сокинони ноҳияи Ванҷ,

«_18__» июли соли 2008

Падарону модарони гиромӣ ва бародарону хоҳарони меҳрубон!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба шумо иброз дорам, ки дар ҷараёни ҳар сафари худ ба ноҳияҳои зебоманзари Ванҷу Дарвоз ман ҳамеша самимияту меҳрубонии шуморо эҳсос менамоям. Ва барои ин иззату эҳтиром ва пазироиву меҳмоннавозии самимиатон, ки хоси сокинони кўҳистон аст, ба ҳар яки шумо арзи миннатдорӣ менамоям.

Воқеан шумо – сокинони сарбаланди ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки яке аз гўшаҳои биҳиштосои Ватани азизамон ба шумор мераванд, ба монанди табиати нотакрори зодгоҳатон, яъне кўҳҳои сар ба фалаккашида, дараҳои хушбоду ҳаво, рўду шаршараҳои назаррабо ва боғҳои шаҳдрезу замини ҳосилхез бо фазилатҳои неку наҷиби худ шўҳратёр гардидаед.

Мардуми фарҳангиву тамаддунофари мо, ки аз азал салиқаи баланди зебоипарастӣ доранд, беҳуда оғўши кўҳҳо ва дараҳои хушманзараи Ванҷу Дарвозро таърихан макони зисти худ қарор надодаанд. Онҳо ҳанўз аз гузаштаҳои дур бо меҳру муҳаббати зиёд ба марзу буми аҷдодӣ ин мавзеъҳоро ба боғу бўстон табдил дода буданд.

Бо усули ҳашар бунёд намудани ҷўйбору осиёбҳо, иморатҳо ва ҳунари аз оҳансанг ҳосил намудани оҳани холис низ аз ҳамин ҷо ибтидо гирифтааст. Ҳанўз дар тўли садсолаҳои гузашта сокинони Ванҷ бо заҳматдўстӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ, ҳамдастиву ҳамбастагӣ ва фарҳангпарварии хоса, ки имрўз барои миллати мо нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти бештар пайдо кардаанд, ҳаёт ба сар мебурданд ва бо меҳнати фидокорона диёри худро ба мавзеъҳои ободу осуда табдил додаанд.

Шоири маъруф Муллоёри Ванҷӣ низ дар ин бора фармудааст:

Ҳимматат бошад ба ҳар коре баланд,

Мешавӣ дар байни мардум арҷманд.

Сокинони ин диёр бо рушди хуби кишоварзӣ ва боғдорӣ навъҳои зиёди зироату растаниҳо ва меваҷотро парвариш менамуданд, ки ин анъана то ҳол идома дорад. Меваҳои хуштамъе, ки ҳоло дар Ванҷу Дарвоз парвариш меёбанд, на танҳо дар дохили мамлакатамон, балки берун аз он низ шўҳрат ва харидорони зиёд пайдо кардаанд. Мувофиқи маълумоте, ки ман дорам, тоҷирони ватанӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳанўз пешакӣ барои харидории маҳсулоти хушсифати ин мавзеъҳо меоянд, ки ин дар шароити кўҳистон яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Аз ин рў, идома додани ин анъана ва эҳёву барқарор намудани навъҳои серҳосили ғалладона ва меваҳои шаҳдборе, ки аҷдодони мо мерўёниданд, вазифа ва қарзи наслҳои имрўза аст.

Ҳоло бо истифода аз маблағҳои давлатӣ дар ноҳия беш аз 100 гектар замини нав азхуд гардида, майдони кишти ғалладона, картошка, сабзавот ва навъҳои дигари зироат нисбат ба соли гузашта хеле афзуд.

Ҳамчунин бо мақсади тараққӣ додани парвариши ғалладона, боғдорӣ, картошкапарварӣ, замбўрпарварӣ ва чорводорӣ Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ бо сарфи беш аз 800 ҳазор сомонӣ Барномаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳоро ба анҷом расонид, ки дар натиҷаи он вазъи бахшҳои зикршуда хеле беҳтар хоҳад гардид.

Барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ноҳияи Ванҷ имкониятҳои фаровон ва бисёр мусоид дорад. Ва ман итминон дорам, ки кишоварзони ноҳия ҷавобан ба Муроҷиатномаи Роҳбари давлат ба мардуми кишвар аз ин имкониятҳо оқилона истифода бурда, аз ҳар ваҷаб замини кишт самараву фоида мегиранд ва дастурхони худро минбаъд низ бо дастранҷи меҳнати ҳалоли хеш пур аз нозу неъмат мегардонанд.

Ҳукумати кишвар саъй дорад, ки ба хотири дар ноҳияҳои кўҳистон ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, инчунин тавассути он баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ҳамаи шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оварад. Дар ин самт ғамхорӣ ва мусоидати Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард. Бо ин мақсад ҳоло аз тариқи бонкҳо додани қарзҳои хурд торафт вусъат ёфта истодааст, ки афзоиши қариб дукаратаи ҳарсола дар тўли се соли охир нишондиҳандаи хуби ин раванд мебошад.

Дар давоми даҳ соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳияи Ванҷ 27 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 20 миллион, лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ қариб 4 миллион сомонӣ равона гардидааст. Танҳо барои пўшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба маблағи 15 миллион субвенсия ҷудо карда шудааст, ки ин 95 фоизи хароҷоти ноҳияро ташкилмедиҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

Мусаллам аст, ки гузаштагони мо – тоҷикон аз азал фарҳангдўсту тамаддунсоз буданд. Мо имрўз бо адабиёти оламгири миллати худ, ки ганҷинаи илму адаби оламшумул аст, ифтихор менамоем. Ба ҳама маълум аст, ки сокинони Ванҷу Дарвоз низ ба монанди аҷдодони хирадмандамон ба адабиёт, фарҳанг ва санъати мусиқиву овозхонӣ, ки намунаҳои барҷастаи он шашмақому фалакхонӣ мебошанд, меҳру муҳаббат ва дилбастагии зиёд доранд.

Ҳамаи мо ашъори пурҳикмати Муллоёри Ванҷӣ ва маҳорати овозхонии ҳунармандони бузурги халқ – Акашариф Ҷўраев ва Абдулло Назриевро, кибо сабки хоси мардуми кўҳистон месароиданд, хуб дар хотир дорем ва онҳоро дўст медорем.

Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ анъанаву суннатҳои миллии фарҳангиро нигоҳ доштаанд ва онҳоро бо такмилу сайқали тоза аз насл ба насл ба мерос гузошта, рисолати инсониву миллии худро адо кардаанд. Аз ин рў, мо низ дар назди наслҳои ояндаи миллати худ вазифадор ва қарздорем, ки дастовардҳои фарҳангиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба мерос гузорем.

Дар баробари ин, ноҳияи Ванҷ ҳам дар дохили кишварамон ва ҳам берун аз он бо паҳлавонони худ шўҳрат пайдо кардааст. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони Ванҷ бо маҳорати баланди гўштингирӣ, ки санъат ва расми хуби мо – тоҷикон буда, аз азал барои ваҳдату иттиҳоди миллӣ мусоидат мекард, дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дарҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳиядоир ба рушди варзиш тадбирҳо андешида, дар масъалаи сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мо бо мақсади рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи иҷтимоиропеш гирифтаем. Дар доираи ин ҳадаф дар қаламрави ноҳия нерўгоҳи барқи обии Андарбак, шоҳроҳи Кўлоб-Қалъаи Хумб ва як қатор иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди таъмиру таҷдид қарор дода шуданд.

Имрўзҳо бо мақсади беҳтар намудани ҳолати инфраструктураи ноҳия сохтмони ду пул, барқарорсозии роҳҳои мошингард, инчунин бунёди мактабҳои миёнаи рақами 30, 34 ва 15 идома дорад. Дар соли 2008 барои маблағгузории иншооти мазкур қариб якуним миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 36-ро оғоз намояд ва якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар хусуси таъмиру таҷдиди дигар мактабҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бомақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятва дигар сохтору мақомоти дахлдор сохтмони корхонаҳои коркарди меваро оғоз карда, фаъолияти корхонаи коркарди санги мармарро бо иқтидори пуррааш ба роҳ монанд. Инчунин ба Вазорати энергетика ва саноатсупориш дода мешавад, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор масъалаи сохтмони корхонаи истеҳсоли семент ва истихроҷу коркарди кони никелро дар ҳудуди ноҳия ҳамаҷониба баррасӣ намояд.

Мо минбаъд низ корҳои созандагиву бунёдкориро дар ҳудуди ноҳияҳои дурдасти кўҳистони кишвар, аз ҷумла Ванҷу Дарвоз идома дода, барои беҳбудии вазъи зиндагии мардум азму талош хоҳем кард. Дар навбати худ тамоми сокинони ноҳия, яъне аз хурд то бузург, ки қадру манзалати Ватани аҷдодиамонро азиз медонанд, бояд пеш аз ҳамадастоварди бузургтарини истиқлолияти давлатиамон - ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо пос доранд, ба қадру қимати давлати озоду мустақил, обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон – Тоҷикистон расанд ва ба хотири боз ҳам ободу шукуфо гардидани он саъю кўшиш намоянд.

Дар баробари ҳидоят ба амалҳои неку созанда ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рўзи забони тоҷикӣ, ки мероси гаронбаҳои ниёгонамон ва ганҷи бебаҳои миллатамон мебошад, табрику таҳният гуфта, барои таҷлили шоистаи 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, 1150-солагии зодрўзи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дастовардҳо, тандурустиву бахту иқболи накў орзумандам.

Саломат бошед!

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

25.0311:42На юге Таджикистана мужчина задушил женщину «из-за личной неприязни», — МВД
25.0309:32Грузовик «Дулан» опрокинулся в водосточный канал Душанбе. Погибли двое
25.0309:14МИД России разъясняет россиянам, как вести себя в Таджикистане
24.0322:23В Москве прошел дипломатический прием по случаю Навруза
24.0313:20Президент ознакомился с ходом реконструкции санатория «Зумрад» в Исфаре


Самое обсуждаемое

24.0311:56Как исфаринцы Эомали Рахмона встречали(2)
24.0311:16Губернатор Новосибирска запретил таджикским мигрантам варить пиво и сидеть с детьми(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0156267