Авторизация
 
 
Регистрация на сайте
Восстановление пароля


Новостные каналы


Skip Navigation LinksTopTJ.com  →  Новости Таджикистана  → 

Лента новостей

13.11.200714:22

Ҷамъбасти озмуни журналистон дар Хуҷанд

Хуҷанд, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). - Дар шаҳри Хуҷанд маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятии хабарнигорон, адибон, кормандони воситаҳои ахбори оммавии электронӣ ва суратгирони касбӣ барои офаридани асарҳои беҳтарин дар бораи иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар тақдири давлатдории тоҷикон баргузор гардид. Озмун бо ибтикори маъмурияти вилояти Суғд гузаронида шуд.

Ба озмун ҳамагӣ 16 асар- мақолаҳои рӯзномаҳо, барномаҳои радио ва телевизион, инчунин теъдоди зиёди суратҳо пешниҳод карда шуданд.

Бо қарори ҳайати доварон, аз сабаби пешниҳод нагардидани асарҳои арзанда, ҷойи аввал барои мақолаҳои рӯзномаҳо ва барномаҳои радиою телевизион ба касе дода нашуд. Ду ҷойи дуюм барои мақолаҳои рӯзнома ба журналистон Ҳасанбой Шарифов ва Аюб Кенҷа муносиб дониста шуд. Ҷойи сеюмро журналист Мирзоғанӣ Валиев ишғол намуд.

Гурӯҳи эҷодии телевизиони вилоятии Суғд таҳти роҳбарии Муҳайё Шарифова дар соҳаи барномаҳои радио ва телевизион соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ба ғолибон дипломҳои шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва аз 50 то 300 сомонӣ мукофоти пулӣ дода шуд.

Тӯли моҳҳои охир қариб сад сурати мухбири АМИТ «Ховар» Маҳмудҷон Бобоҷонов, ки 15 сол пеш аз ҷараёни иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоб гирифта шудаанд, мунтазам дар ҳамаи рӯзномаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд. Бинобар ин ҳайати доварон ҷойи аввалро дар байни суратгирони касбӣ ба М.Бобоҷонов муносиб донист. Ӯ низ бо дипломи шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва 300 сомонӣ мукофотонида шуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ба баъзе журналистони фаъол мукофотҳои ҳавасманкунанда дода шуданд.

Тарҷумон - Қудратов А.

Тарҷумон - Қудратов А.

Источник: ИА "ХОВАР"
0.0
- всего оценок (0)
- ваша оценка


Новый комментарий
Автор Сообщение
Данную новость еще не обсуждали

Обсуждение в Facebook:




Главные новости

21.0117:18Зоиров: "Оставить Шухрата Кудратова в тюрьме - должностное преступление"
21.0112:39Трамп подписал указ об отмене Obamacare
21.0111:48Следствие смягчило обвинения фигурантам бойни на Хованском кладбище
21.0111:32«Самые честные налогоплательщики в Таджикистане – китайцы»


Самое обсуждаемое

18.0106:31Рустам Эмомали будет управить столицей из Дворца президента(8)
16.0110:42Ректор ХГУ: Мы надеемся на восстановление связей с вузами Узбекистана(8)
19.0117:1345% россиян недовольны положением дел в стране(2)
20.0112:16«Памир Энерджи» не стала вводить дополнительный энерголимит в ГБАО(1)
21.0107:32Мемориал Гранаткина: «Молодежка» Таджикистана заняла «утешительное» 15-е место(1)



(C) 2001-2017 TopTJ.com

TopTJ.com - Новости Таджикистана
00:00:00.0312525